logo

иҷтимоиёт

ШОИРЕ БО КИЛКИ ГУЛ

Ба озмуни «Ҷумҳурият»    
                                              
Ҳар боре ба деҳа ворид шавам, нахуст ба зиёрати волидони азизам мешитобам, паҳлуи манзили ахираташон менишинам ва ба рӯҳашон ояҳое аз Каломи Маҷид мефиристам. Баъд, аз пиёдароҳаи камари осиёб гузашта, сӯи мазори устод Ғоиб Сафарзода меравам. Водии хомӯшон ҳикматам омӯзонида, ғаму андӯҳамро ба панҷаи бод месупорам… 

Мазори шоир дар саргаҳи деҳ, рӯ ба офтобшин, болои теппаи баланде воқеъст. Як замон аз таки пули хурдаки он об ҷорӣ мегашт. Бар асари равуои ҳамарӯзаи пода роҳи рӯдак танг шуда, ҷараёни об кам гардид, оқибат хушкид. Ба тахмин чил - панҷоҳ қадам роҳ поёнтар дар тарафи рост мактаби шоир ҷойгир мебошад. Ҳамон мактабе, ки ӯ даҳ сол аз муаллимони машҳур Сайдалӣ Назар, Абдулмаҷиди Абдулҳай, Зайниддини Наим, Шарифи Хол дарси одамият ва сухангӯӣ омӯхтаааст.
Замоне бо иқдоми раиси хоҷагӣ Бобошоҳи Шариф дар паҳлуи мактаб чойхонаи барҳавои замонавӣ ва китобхона сохта буданд. Кишоварзон баъди меҳнат сари як пиёла чой менишастанду аҳли зиё рӯ ба китобхона меоварданд.   Ҳоло аз он  чойхонаву китобхона осоре намондааст.
Назди хуфтагоҳи устод нишаставу бо рӯҳи муборакаш даромехта, ба андеша фурӯ меравам, ки оромгоҳаш мисли баъзеҳо мақбараву дағдаға надорад. Мумкин аз рӯи васияташ баландиро нахоста, дар домони кӯҳ афтодааст. Ашхоси мутакаббирро ҳеҷ намеписандид, чашми дидан надошт. Рӯзгори шоир бо эҷодаш созгор омада, дар байти зайл фармудааст:
Чаро парвоз кардан дар фазои худписандиҳо?
Ба пастиҳо назар андохт бояд аз баландиҳо.

Дар ҷои дигар мардуми хоксор ва азамати кӯҳҳои зодгоҳашро чунин тасвир кардааст.
Таваллудгоҳам аз кӯҳи баланд аст,
Зи тангии фазояш мешиносам.
Диёри кӯҳсори дилбарамро
Ман аз обу ҳавояш мешиносам.

Ашъори шоир шабеҳи умри ӯст. Ғоиб дар самои назми тоҷик амсоли ситорае як дурахшиду нопадид гашт. Ашъораш аз маонӣ пурбор аст, ҳар як байташ ба сари худ ҳикматеро дорост. Умри монанди ашки сари мижгон фосиладорро дар ин байташ мехонем:
Диле пуршӯр омад, боз бигзашт,
Уқобе буд, дар парвоз бигзашт.

Ва низ:              
Дидам ин ки пур ду чашми модарам аз об шуд, 
Гавҳарак чун заврақи афтода дар гирдоб шуд.    
Оҳ, модар, дар танӯри синаи худ чун кабоб
Сӯхтанро дар ҳаёт оё намудӣ интихоб?

Шоир дар як матлабаш адабиётро ба боғ ва адибонро ба ниҳолон  ташбеҳ дода, бо дилсӯзӣ менависад: «…оё насли нави адибони ҷавонеро дастгирию тарбия карда тавонистаем, то битавонанд давомдиҳандагони сазовори кори пуршарафи устодони худ бошанд. …имрӯз ин гуна ҷавонони умедбахшро дорем. Онҳо Ш. Лоиқ,  Ҳ. Мавҷуда, Ш. Ёдгорӣ, А. Озод, Ҳ. Файзулло, М. Бахтӣ, К. Гулназар, С. Гулрухсор ва бисёр дигаронанд…».   
Қаламкаши худодод дар фосилаи умри хеле кӯтоҳ бо эҷоди балеғу малеҳ қавигуфтор омад. Вай на танҳо дар шеър, балки бо мақолоти пурмуҳтаво ва очерку публитсистикааш ғановати забони адабии тоҷикиро бештар гардонд. Олудасозони забони модарии моро ҳушдор медод, ки ба роҳи каҷ пой наниҳанд, суфтагиву зебоии онро пайваста нигоҳ доранд.
Устод Ғоиб Сафарзода зимни баррасии масъалаи тозагии забони адабии тоҷикӣ бо ҷасорат менигорад, ки «…Кадом грамматикаи забон барои тарҷума кардани исмҳои хос дастур додааст? Чунончи, «Норак»-ро «Нурек», «Фархор»-ро «Пархар», «Нов»-ро «Нау», «Ҳисор»-ро «Гиссар»… менависанд. Охир, номи ин шаҳру ноҳияҳоро ҳамчун Душанбе дуруст талаффуз кардану навиштан мумкин-ку. Номгузорҳои чаласавод аз қаҳрамони таърихӣ «Муқаннаъ» «Муканон» сохтаанд. Ё дар кӯчаҳои дигар Лоҳутиро Лахути, Лутфиро Лютфи, «Яккачинор» - ро «Якочинарский» ва боз даҳҳо кӯчаю истгоҳҳоро ҳамин хел вайрон навиштаанд». Ҳамакнун, перомуни нигоришоти рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ аз лиҳози ноқисии забон ва услуби сохтаи онҳо изҳори ақида менамуд.  
Дар умри барқосояш Ғоиб Сафарзода тавонист, ки ашъори Байрон, Шелли (Англия), Н. Некрасов, Николай Тихонов, Алексей Сурков, Ярослав Смеляков, Майя Румянтсева (Русия), Сайёди Наво, Ованес Шероз (Арманистон), Қайсин Қулиев, Максим Гетуев (Балқаристон), Ҳориваншрай Бачан (Ҳиндустон), Маҳмуд аш-Шунаби (Миср), Аббос Умар (Ироқ), Давид Диоп (Сенегал), Набӣ Хазрӣ, Ҳусайн Ҳусайнзода, Сулаймон Рустам, Мамад Раҳим (Озарбойҷон), Петрус Бровка, Нил Гилевич (Белорус), Музаффар Олимбоев (Қазоқистон) ва як зумра адибони дигарро бо санъати баланд тарҷума намояд.  Бо хондани онҳо гумон месозед, ки нусхаи асли шеърҳо пешорӯи шумост. Ашъори худи шоир ба забонҳои белорусӣ, арманӣ, русӣ, озарӣ, ӯзбекӣ ва  ғайра тарҷума ва нашр гардидаанд.  
Баъди даргузашти шоир бо иқдоми Шоҳҳайдар Ёдгорӣ се маҷмӯаи ӯ бо номҳои «Мероси ҷавонӣ» (1978), «Ҷавонӣ» (1986) ва мунтахаботи назмаш соли 2003 ба дасти алоқамандони адабиёт расидаанд.
Ин бор низ пойбанди хаёлоти ормоншикан то оромгоҳи шоир расиданамро надонистам. Ба рӯҳи устод Ғоиб Сафарзодаи бузургвор оят хондам ва паҳлуи санги мазораш гулдаста гузоштам. Гул оварданам сабаб дошт. Зеро килки шоир шабеҳи гул буд.
«Вақти видои дӯст ба ҳангоми бозгашт,
Эй кош, дида аз паси сар мешудӣ маро», -
гуфтам зери лаб.

Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,
нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 441

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед