logo

иҷтимоиёт

"ЗАН - РОҲБАР" МАЛАКАИ РОҲБАРИИ БОНУВОНРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Чанде пеш дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи амалии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 - 2016» барои занони роҳбаре, ки дар захираи кадрианд,  курси омӯзишии «Зан - роҳбар» баргузор гардид.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани мақоми бонувон дар ҷомеа, омода намудани занони сарвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, муайян намудани истеъдодҳои ҷавон дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила Шӯрои донишҷӯдухтарон ва дар заминаи он «Мактаби духтарони сарвар» таъсис дода шудааст, ки то ба ҳол 76 нафар донишҷӯдухтарони лаёқатманд ин курсро бомуваффақият хатм намуданд.
Инчунин, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе барои занону духтарони дар захираи кадрӣ будаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо машғулиятҳои омӯзишии «Зан - роҳбар» ташкил шуда, мавзӯъҳои «Сиёсати гендерӣ: дастовардҳо ва дурнамо», «Имиҷи зан - роҳбар» ва «Менеҷменти нави давлатӣ»  мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, аз ҷониби шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои  Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мавзӯъҳои «Сарварони ҷавон», «Зан - роҳбар», «Чеҳраҳои нави ҳунарӣ», «Зан олиҳаи ҳусн», «Духтарони сарвар», «Оилаи беҳтарин» семинарҳо, мизҳои мудаввар, озмунҳо ва курсҳои омӯзишӣ баргузор карда шуд.
Бо боварии том метавон гуфт, ки  бо дастгирӣ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз иштироки васеи занон дар фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ таъмин карда шудааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар низоми хизмати давлатӣ ба ҳолати  1 апрели соли 2016 аз 18980 нафар -  22,3 дарсадро занон ташкил медиҳанд, ки  1040 нафараш дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 622

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед