logo

ҳуқуқ

ШӮРОҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. ҲАДАФ - ИШТИРОКИ БЕВОСИТАИ МАРДУМ ДАР ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ

Бо мақсади мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои минтақавии он дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, Қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, минтақа ва ноҳияи Рашт шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис меёбанд. Ин шӯроҳо мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, низомномаи вижаи онҳо тартиб дода шудааст.
- Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси иштироки ихтиёрии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла созмонҳои ҷамъиятии ҳимояи ҳуқуқ, илмӣ, эҷодӣ, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад. Он ҳамкории ҷомеа ва милитсияро дар коркарди самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва масъалаҳое, ки ба ҳамкории милитсия ва ҷомеа, дар ҳаёт татбиқ намудани принсипи дастрасӣ ва ошкорбаёнии фаъолияти милитсия, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон вобастагӣ доранд, таъмин менамояд, - тазаккур дод Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, Алӣ Бобоназарзода.
Бино ба гуфтаи ӯ, шӯрои мазкур вазъи криминогенӣ, сатҳи ҷинояткорӣ ва усулу воситаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятиро омӯхта, ҷиҳати мукаммалсозии фаъолияти воҳидҳои сохтории мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳбарияти он таклифу пешниҳодҳо манзур менамояд ва ҳамчун мақомоти ҷамъиятӣ фаъолияти худро дар асоси ташаббуси ҷомеа пеш мебарад. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолияти худро дар доираи талаботи «Кодекси одоби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ» ба роҳ монда, дар рӯҳияи эҳтиром, бовар, поквиҷдонӣ, инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ амал мекунад.
Мувофиқи низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ба таври ихтиёрӣ метавонанд аъзои он бошанд. Ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 21 расидааст, доғи судӣ надорад, истиқоматкунандаи доимии маҳали Шӯрои ҷамъиятии таъсисёбанда аст, номзадиашро гузорад. Ҳамзамон, таҳсилоти миёнаи умумӣ, эҷодӣ ва илмӣ доштани аъзошаванда зарур аст. Муҳлати ваколати аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ 3 сол муқаррар мешавад. Ҳайати шӯро бояд на камтар аз 7 нафарро ташкил диҳад. Таъминоти моддӣ-техникии Шӯрои ҷамъиятӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳо ва созмонҳо, новобаста аз шакли моликияташон, донорҳо, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории минтақавии он амалӣ карда мешавад.
Зиёд кардани эътимоди аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқ, наздик намудани фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, тақвият додани мақоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма, расондани ёрии машваратӣ, методӣ ва дигар намуди дастгириҳо ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ аз вазифаҳои муҳимтарини шӯроҳои ҷамъиятист. Ин ниҳод метавонад намояндагони васоити ахбори оммаро бо мақсади холисона ва ҳамаҷониба пешкаш намудани ахбор ба аҳолӣ ҷалб намояд.
Ҳукумат ва Вазорати корҳои дохилӣ мақсад доранд, ки сокини ин ё он маҳал якҷо бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нозирони минтақавӣ ва кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон фаъолият намуда, аз хатару таҳдидҳои мавҷуда ҳамдигарро хабардор намоянд.
- Ҳадафи мо ин аст, ки аҳолӣ бевосита дар раванди демократисозии ҷомеа, ислоҳоти милитсия, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқӣ иштирок намуда, дар пешгирии ҳаракату ҳизбҳои экстремистиву динӣ, рафторҳои бадахлоқона ва кирдорҳои ношоиста, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, корхона, муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, саҳми худро гузоранд. Инчунин, вобаста ба масъалаи ҷорӣ намудани шаклҳо ва усулҳои самарабахши фаъолияти якҷояи ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ тавсия, хулоса ва таклифу пешниҳодҳо омода намуда, дар амалисозии онҳо ширкат намоянд, - афзуд Алӣ Бобоназарзода.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 2122

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед