logo

иқтисод

"20 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ" НАВЪИ НАВИ ПАХТА

Кормандони  озмоишгоҳи фотосинтез ва маҳсулнокии рустаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  номзади илми биология, селексионер М. Неъматов, академики АИКТ Ҳ. Аҳмадов, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Ҳ. Абдуллоев, ноиби президенти АИКТ С. Саидов ва корманди калони илмӣ Б. Неъматов дар ҳамбастагӣ навъи нави пахтаи миёнанахи «20 - солагии истиқлолият» - ро ихтироъ намуданд, ки айни ҳол дар истеҳсолот истифода  шуда, ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Мувофиқи қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъ аз моҳи марти соли 2011 пахтаи миёнанахи гулаш пӯшидаи  навъи «20 – солагии истиқлолият»  аз санҷиши давлатӣ гузашта, дар ҷумҳурӣ минтақабоб карда шудааст.
Ба гуфтаи селексионер Мирзонабӣ Неъматов, ин навъ дар натиҷаи корҳои тӯлонии дурагакунӣ ба даст омада, ниҳолаш миёнақад, дарозиаш 100 – 110 см, тарзи шохрониаш маҳдуд мебошад. Пахтаи як кӯраки он 5,2 – 5,5 грамм вазн дорад.
Афзалияти навъ дар он аст, ки ҳодисаи гардолудшавӣ ва бордоршавӣ дар шароити герметикии бо гулбаргҳо маҳкам, новобаста аз хушкӣ ва намнокии ҳаво мегузарад.  Он ба шароити минтақаҳои иқлимашон хушк ё намнок,  сербориш ва шароити ноустувор низ тобовар мебошад. Тозагии навъ 15 – 20 сол нигоҳ дошта мешавад ва махлут намегардад. Ҳар як фермер ё хоҷагии деҳқонӣ ба тухмипарварҳо муҳтоҷ нашуда, худашон  тухмии ин навъро бе хароҷоти зиёд ҳосил карда метавонанд.
Хусусияти дигари фарқкунандаро физиологи рустанӣ Ҳамидҷон Абдуллоев дар он мебинад, ки баргҳои қайчимонанди ин навъ имкон медиҳанд  нурҳои офтоб  то баргҳои поёнии ниҳол расанд ва барои ҳосилнокии раванди фотосинтез ва ҳосили пахта имконият фароҳам ояд. Ҳосилнокиаш аз як гектар 40 – 45 сентнер аст.
     
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 375

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед