logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. ХОНАИ НАМУНАВӢ НАМУНАИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК АСТ

Марҳилаи сеюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар ҷумҳурӣ анҷом ёфт.
Аз рӯйи баҳогузории ҳайати комиссияи мусобиқа хонаи Аброр Шоҳмуродов, сокини ноҳия Лахш, дар байни хонаҳои зиёди шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ намунавӣ дониста шуд.
Тавре  Майсара Насриддинова, котиби ҳайати комиссияи мусобиқа дар ноҳия, изҳор дошт, хонаи номбурда бо тамоми шароити зист таъмин буда,  пеш аз ҳама барои таълиму тарбия ва варзиши фарзандон имконоти мусоид дорад.
- Дар як гӯшаи он  китобхона, ҳуҷраи дарстайёркунӣ муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш, дар ҷойи дигар майдончаи варзишӣ бо тарҳи зебо сохта шудааст. Бинои хона  бо ороиши хуби муосир бунёд ёфта,  ҳуҷраҳои барҳаво барои меҳмонон,  баргузории ҷашну маъракаҳо,  ҷойи хоби кӯдакон ва  ошхонаву ҳаммоми замонавӣ  дорад.   Гузашта аз ин, қитъаи  замини наздиҳавлигӣ  самарнок истифода гардида,  роҳраву атрофи манзили зист  гулкорӣ карда шудааст.
Ба гуфтаи Аброр Шоҳмуродов, мусобиқа   барои босамар истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва  тақвияти ободонии манзилҳои зист мӯҷиби ҳавасмандӣ   буд. Он ҳисси ободкорӣ ва зебоипарастии моро боз ҳам баланд бардошт. Дар ҳошияи баргузории мусобиқа ният дорем, ки дар ояндаи наздик нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва мағозаи молҳои ниёзи мардум бунёд намоем.
Дар воқеъ,  хонаи намунавии ноҳияи Лахш аз ҷиҳати зебоӣ, ободию ороиш, гулкории саҳни ҳавлӣ, парвариши дарахтони меваҳои шаҳдбори маҳаллӣ ва шароити мусоиди таълиму тарбияи фарзандон сазовори баҳои баланд аст. Ин хонаи  як гӯшаи дурдасти кишвар, ки   ҳама шароити зистро дар бар дорад, аз файзу баракати кӯҳистон шаҳодат медиҳад. Аброр Шоҳмуродов  хушбахт аз он аст, ки комиссияи дахлдор  хонаашро барои иштирок дар марҳалаи чорум пешбарӣ намуд.
Ташрифулло САЪДУЛЛО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 336

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед