logo

иқтисод

САЙЁҲӢ: ИМКОНОТ, МУШКИЛОТ, ДУРНАМО

«Тоҷикистон бояд Каъбаи кӯҳнавардони ҷаҳон бошад», - мегӯянд сайёҳони хориҷӣ

Индустрияи туристӣ маҷмӯи меҳмонхонаҳо, роҳ, воситаҳои нақлиёт, иншооти хӯроки умумӣ, варзишию тандурустӣ, созмонҳои соҳавӣ ва хизматрасонии роҳбаладию тарҷумониро дар бар мегирад. Айни замон дар ҷаҳон бештар намудҳои фарҳангию маърифатӣ, экологӣ (тамошои гӯшаҳои нодири табиат), варзишӣ (обӣ, зимистонӣ, шикорӣ), варзишӣ - саргузаштҷӯӣ (фатҳи қуллаҳо, лижаронӣ, саёҳат бо асп, мототсикл, заврақ, велосипед, барфгард), корӣ, дармонҷӯӣ - иқлимӣ, қуввасанҷӣ дар сайрхатҳои осону мушкил, зиёратӣ ва динию мазҳабии сайёҳии инфиродию гурӯҳӣ маъруфанд. Шаклҳои инфиродии қабули сайёҳон хона, кушк, чорбоғ, қаср, котеҷ, утоқҳои иҷоравии шаҳрвандонанд, аммо шакли оммавии маъмулӣ меҳмонхона аст.

Фоидаи сайёҳӣ баробар ба фурӯши нафту газ аст
Бартарияти хоси туризм дар он аст, ки мол ба назди истеъмолкунанда намеравад, ҳоҷати ҷустуҷӯи бозори фурӯши маҳсулот нест, балки худи бозор (истеъмолкунанда) ба назди мол меояд. Туризм ба рушди соҳаҳои нақлиёту роҳсозӣ, хусусан нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ, сохтмон, сатҳи хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ, техникӣ, тарабхонаю кафетерияҳо ва саноат, бавижа истеҳсоли маҳсулоти ҳадявию хотиравӣ, мусоидат менамояд. Он бахши бунёдии иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, дар сад соли охир ба индустрияи пуриқтидори таъмини рушди кишварҳо, манбаи ғанигардонии буҷетҳои миллӣ, ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва шуғли аҳолӣ мубаддал гардидааст. Ба ҳайси муҳаррики инкишофи соҳаҳои калидии иқтисодию иҷтимоӣ, назири саноат, нақлиёт, алоқа, сохтмон, кишоварзӣ, маориф, тиб, фарҳанг, хизматрасонӣ, савдо, хӯроки умумӣ дорои аҳамияти бузург аст. Ба буҷети миллии Чин, ИМА, Франсия, Британияи Кабир, Испания, Бразилия, Олмон, Русия, Канада, Италия, Ҷопон, Австралия, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Исроил… аз ҳисоби сайёҳӣ миллионҳо ва миллиардҳо доллар мерезад. Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии туристӣ, соли гузашта даромади солонаи туризм дар миқёси ҷаҳонӣ қариб ба 1,6 триллион доллари ИМА расид ва ба суди иқтисодии тиҷорати нафту газ баробар шуд. Ҳиссаи туризм дар иқтисоди ҷаҳонӣ 11 - 12 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилист. Дар Франсия, Испания, Швейтсария, Италия, Кипр даромад аз индустрияи туризм то 45 дарсади ММД, дар Испания, Юнон, Австралия, Кипр, Панама, Ҳаити то 75 дарсади даромад аз содироти умумии давлатро ташкил медиҳад. Соҳаи сайёҳии ҷаҳон, сарфи назар аз буҳронҳои молию иқтисодӣ ва тағйирёбии қурби асъор, тайи солҳои охир пайваста (бе пастравию бозистӣ) рушд намудааст.

«Биҳишти кашфнашуда»
Бахти мост, ки арзишҳои табиӣ, шароити иқлимӣ ва ҷуғрофии Тоҷикистон барои рушди туризм хеле мувофиқанд. Толиб Рифоӣ, Дабири кулли Созмони байналмилалии туристӣ (UNWTO), ки аз аксари кишварҳои ҷаҳон дидан намудааст, баъди тамошои мавзеъҳои дилрабои кишвар Тоҷикистонро «биҳишти кашфнашуда» номид. Имконияту захираҳои бузурги Тоҷикистон қабл аз ҳама дар мавҷудияти манзараҳои дилрабо, муъҷизаҳои нотакрори табиат, иқлими мусоид ва арзишҳои фарҳангӣ ифода меёбанд. 93 дарсади қаламрави кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Яъне Тоҷикистон барои туризми кӯҳнавардӣ нисбат ба аксари кишварҳои дунё имконияти фаровонтар дорад, зеро барои ҷалби кӯҳнавардон, дар ҳама ҳолат, шароит фароҳам овардан назар ба кӯҳҳои зебои афсонавӣ офаридан осонтар аст. Чунин имконият дар ҳамаи минтақаҳои кишвар, Суғду Хатлону Бадахшон, Рашту Ҳисори шодмон мавҷуд аст. Сайёҳи рус Александр Лапшин баъди тамошои чандбораи Тоҷикистон навиштааст, ки «ин кишвар бо ин кӯҳҳои сарбафалаккашида ва табиати дилкаш, обшорони зебо ва меҳмоннавозии мардум, аслан, бояд Каъбаи кӯҳнавардони ҷаҳон бошад, дар ин ҷо ба ғайр аз нархи бензин ҳама чиз ба ман маъқул шуд, хоса кӯҳҳои саршор аз сарвати табиӣ ва  эҳтироми меҳмон аз ҷониби мардуми маҳаллӣ».

Мушкиле нест, ки осон нашавад
Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёратии Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Золи Зар, Сайёд, осоишгоҳҳои «Зумрад», «Баҳористон», «Ҳавотоғ», «Хоҷаобигарм», «Шоҳанбарӣ», «Ӯротеппа», оромгоҳҳои Ҳазрати Султон Увайс, Устод Рӯдакӣ, Ҳазрати Амирҷон, Мавлоно Тоҷиддин, Шоҳи Хомӯш, Шайх Муслиҳиддин, Хоҷаи Тавоф, Шақиқи Балхӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Имом Аскара, Хоҷа Муҳаммади Башоро, Хоҷаи Зинда, манзараҳои дилрабои дараҳои Варзобу Ромит, мавзеъҳои Балҷувон, хоса табиати нотакрори Сари Хосор, Чилдухтарон, Чилучорчашмаю Ҳафткӯл, Сарез, қуллаҳои сарбафалаккашида, водиҳои гулпӯши Муъминобод, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва даҳҳо шаҳру ноҳияҳои дигар, марказҳои фароғатию варзишии «Хуррамшаҳр», «Сафеддара», пойгоҳҳои кӯҳнавардӣ, қалъаҳои Мир, Хуҷанд, Ҳулбук, Чорбоғ, Ҳисор, Шаҳид, Золи Зар, Ямчун, Қаҳ – Қаҳа, Дектур, обҳои мусаффою шифобахши Хоҷаобигарм, Обигарм, Гармчашма ва ғайра дар сатҳи байналмилалӣ кам муаррифӣ шудаанд. Дар Тоҷикистон барои муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ «аз пашша фил сохтан» ҳеҷ ҳоҷат нест,  танҳо ҳоҷат ба муаррифии ҳақиқӣ доранду бас. Вазъи инфрасохтори сайёҳӣ ҳанӯз ҳам ҷавобгӯи талаботи муосир нест. Вақтҳои охир ҷиҳати татбиқи босамари «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои сайёҳибоби ҷумҳурӣ бо иштироки ширкатҳои туристии давлатҳои ҳамсоя ва ИДМ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалӣ барои муаррифии иқтидори туристии Тоҷикистон ва ошкору бартараф намудани монеаҳои рушди соҳа ҷашнвораю конфронсҳои сайёҳӣ гузаронда мешаванд, ки ба нафъи кор аст. Гузарондани конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон - ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» бо ҷумлаи тадбирҳои фарҳангию оммавӣ (маҳфилҳои рақсу суруд,  намоиши ҳунарҳои мардумӣ, вохӯриҳо бо насли калонсол, арбобони илму фарҳанг, сайругашт, даъвати рӯзноманигорон барои муаррифии арзишҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ) ба ҳукми анъана даромадаанд.

Марҳамат, ба Хатлон!
Дар барномаи «Рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020» муҳайё намудани пойгоҳи боэътимод барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ тарҳрезӣ гардидааст, аммо  татбиқи нақша акнун танҳо оғоз шудааст. Аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят, назири Балҷувону Фархор, Муъминободу Кӯлоб, Шаҳритуз, Шамсиддини Шоҳин, Дӯстӣ, Ховалинг, Қӯрғонтеппа, Вахш, Қубодиён, Норак имкони  хуби рушди туризми таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, шикорӣ ва зиёратиро доранд. Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии соҳибкорон «Хатлон - 2016», ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд,  таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба имкониятҳои фарохи рушди туризм дар вилоят, хусусан туризми экологӣ, ҷалб  намуд. Имконоти рушди сайёҳӣ дар вилоят хеле фарох аст. Рӯзноманигорони ҷумҳурӣ (аз ҷумла хабарнигори «Ҷумҳурият»), ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи вилоятии тарғиби иқтидори сайёҳӣ баҳори гузашта ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва арзишҳои табиии 14 шаҳру ноҳияи Хатлон сафар доштанд, ҳамчунин, ширкатдорони ҷашнвораи «Марҳамат, ба Хатлон!» ба хубӣ эҳсос намуданд. 

Туризм тиҷорат аст
Туризм қабл аз ҳама тиҷорат аст ва тиҷорат ба ҳамкориҳои  байналмилалии (хусусан минтақавии) ниҳоду ширкатҳо ниёз дорад. Ҳарчанд сайёҳ ба иродаю завқи худ макони сайёҳаташро интихоб мекунад, ширкатҳо ва ниҳодҳои масъул низ дар раванди интихоб ва пешниҳоди мавзею минтақаҳо нақш мебозанд.  Солҳои охир бахшҳои туристии кишварҳои пасошӯравӣ, ИДМ, СҲШ, Осиёи Марказӣ, робитаҳои қавии ҳамкорӣ роҳандозӣ намудаанд. Соли гузашта намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон дар конфронс, маҳфилҳои мизи гирд ва тренингҳои Маскаву Санкт - Петербург, Свердловск, Еревану Ашқобод, Тошканд ширкат варзидаанд. Танҳо соли гузашта дар Душанбею Хуҷанд ва шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 25 ҳамоиши  байналмилалӣ, аз ҷумла конфронсҳои туристӣ, тренингҳо, намоишгоҳҳо баргузор шуданд.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, соли гузашта ба Тоҷикистон шумораи рекордии хориҷиён – 463 ҳазору 700 нафар, аз ҷумла 413 ҳазору 834 сайёҳ ташриф оварда, маблағи умумии даромад аз ташрифи сайёҳони хориҷӣ наздики  207 миллион долларро ташкил дод. Дар нимаи аввали соли равон бошад, 209500 хориҷӣ, аз ҷумла 164 ҳазор нафар сайёҳ (асосан сайёҳони Беларус, Украина, Қазоқистон, Туркманистон, Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Ӯзбекистон, ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо) аз Тоҷикистон дидан кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 17 ҳазор зиёд аст. Тайи нимсола муҷтамеи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» (қалъаи Хуҷанд ва осорхонаи классики адабиёти тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ) - ро беш аз 30 ҳазор ва мавзеъҳои таърихии Ҳисорро беш аз 13 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ тамошо кард.

Раиси кумита гуфт…
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ба ҷамъи хабарнигорон инфрасохтори ба талабот номуносиб ва сифати пасти хизматрасонӣ ба сайёҳонро монеаҳои асосии кунунии рушди соҳа арзёбӣ намуда, умед кард, ки бо татбиқи босамари барномаи рушди туризм шумораи сайёҳон то охири даҳсолаи равон ба миллион нафар хоҳад расид. Айни ҳол сайёҳони хориҷӣ аз расмиёти маъмурии омадурафт ба Тоҷикистон шикоят  надоранд, баръакс ҷараёни он, ҳамчунин муносибати маъмуронро ба сайёҳон назар ба кишварҳои дигари минтақа бамаротиб хубтар арзёбӣ мекунанд. Тибқи назарпурсиҳо, сайёҳон аз содагардонии низоми омадурафту беҳтаршавии шароити будубош, ки тадбирҳои саривақтии андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ба он мусоидат намуданд, қаноатманданд. Рӯнамоии арзандаи арзишҳои табиӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, бунёди инфрасохтори ҷавобгӯ ба талаботи афзоянда, боло бурдани сифати хизматрасонӣ ва  омодасозии мутахассисони (гидҳои) варзидаи ҳолдону забондон аз зумраи мушкилотеанд, ки дар доираи татбиқи барномаи номбаршудаи ҳукуматӣ, барномаҳои маҳаллӣ, саъю талоши ниҳодҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ширкату созмонҳои туристӣ бояд ҳаллу фасли худро ёбанд.

Муҳимтарин омил неъмати амонист
Сохтмонҳои азим, бунёди меҳмонхонаю боғҳои  аҷиб, осоишгоҳу мавзеъҳои дилкушо – ҳама ба хотири ҷалби сайёҳ (турист, ҷаҳонгард), боло бурдани сатҳи зиндагии сокинон ва эътибори байналмилалии кишвар роҳандозӣ мешаванд. Фароҳамсозии шароити мувофиқи будубош, меҳмонхона (хонаҳои истироҳат), меҳмоннавозӣ, бунёди боғҳои замонавии соҳавии ҳайвоноти хушкию обӣ, мавзӯӣ, буттаю дарахтони зебо, фарҳангию таърихӣ, фароғатию  дилхушӣ, фантастикӣ, таҳияи барномаҳои аҷоиби ёдмон, саёҳатҳои ғайриодӣ, хизматрасониҳои нодир, мувофиқати арзиш ба сатҳи хизматрасонӣ, сайрхатҳои ҷолиб…  Омилҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар хеле зиёданд. Аммо ҳеҷ кадоми онҳо ба неъмати амонӣ баробар нест. Шукр, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ пойдор аст. Пас, ҳама омилҳои дигар дастрасанд, то Тоҷикистон битавонад макони дӯстдоштаи сайёҳони ҷаҳон бошад.

С. АЗИЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 598

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед