logo

иҷтимоиёт

МУСОБИҚА: БО ҶАМЪБАСТИ МАРҲИЛАИ СЕЮМ ОИЛАИ НАМУНАВӢ МУАЙЯН ГАШТ

Марҳилаи сеюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 24 феврали соли 2016, № АП – 681 мавриди амал қарор гирифта буд, дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа дар ноҳияи Данғара ҷамъбаст гардид.
Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳо, хонаводаи Ҷӯрахон Ҳаётов, истиқоматкунандаи кӯчаи Турсунзода, Ҷамоати шаҳраки Данғара, ҳамчун оилаи намунавӣ дониста шуд. Баробари падар модари меҳрубон Саодат Сафаралиева низ дар таълиму тарбияи фарзандон саҳми назаррас дорад. Акаи Ҷӯрахон ва апаи Саодат имрӯз дар нафақаанду давлати пирӣ меронанд. Фарзандон баробари соҳиби маълумоти олӣ гардидану имрӯз дар соҳаҳои гуногун садоқатмандона меҳнат намудан чун оилаи намунавӣ хушбахтона зиндагӣ доранд. Оилае, ки муаллима дар он ҳамчун зан ва модар шинохта мешавад, албатта он яке аз оилаҳои намунавист. Зеро, ки саодату хушбахтии оила яке аз рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чи тавре ки аз суҳбат бо онҳо маълум гашт, Ҷӯрахон Ҳаётов ва завҷаи меҳрубонаш Саодат Сафаралиева 37 сол боз зиндагии хушу хуррамона гузаронда, 5 нафар фарзанд - як духтару чор писари шоистаю солеҳро тарбия намуда ба воя расонданд. Акаи Ҷӯрахон ва апаи Саодат фарзандонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба калонсолон ва муҳаббат ба Ватани хеш тарбия намуданд. Фирдавсҷон, Саёҳат, Масрур, Фарҳодҷон ва Фозилҷон ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олӣ буда, дар сохторҳои гуногуни хоҷаги халқи кишвар фаъолият доранд.
- Ҳамаи чор келинамон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Моҳе як маротиба ҳамаи фарзандону набераҳоямонро ҳамроҳ бо модаронашон ба хона даъват карда, бо онҳо суҳбатҳо мегузаронем, ки риштаҳои муносибатҳои оилавиро боз ҳам қавитар мегардонад.
Мо ҳамеша ба ҷавонон маслиҳат медиҳем, ки дар барпо кардани оила босабру ботаҳаммул бошанд, якдигарфаҳмӣ кунанд, дониш ва касбу ҳунар омӯзанд, калонсолон ва падару модарро эҳтиром, ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат намоянд. Мо хоҳони он ҳастем, ки тамоми ҷомеа аз оилаҳои намунавӣ ибрат гиранд ва оилаҳои хуб бунёд ёбанд. Зеро ки беҳтарин мероси падару модар барои фарзанд тарбияи хуби онҳо мебошад,  - гуфт дар фуроварди суҳбат апаи Саодат.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 412

23.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед