logo

иқтисод

НУРОБОД. ДАР МАЙДОНИ НАНГУ НОМУС САРБАЛАНД БОШЕМ

ДӮСТЗОДА Ҳасан,
раиси ноҳияи Нуробод

Файзи даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки ноҳияи Нуробод дар қатори дигар шаҳру навоҳии кишвар дастовардҳои назаррасро ноил шуда, рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад. Яке аз навгониҳои муҳим дар ин давра ин аст, ки соли 2009 маркази маъмурии ноҳияи Нуробод ба шаҳраки зебову дилорои Дарбанд кӯчонда шуд. Ва имрӯз бо мусоидати Ҳукумати кишвар ва дастуру дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба як шаҳраки ободу зебо ва дар ҳоли шукуфоӣ қарордошта табдил ёфтааст.

Аслан Нуробод ноҳияи кишоварзист. Бинобар ин, соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия яке аз соҳаҳои асосӣ  ба ҳисоб рафта, дар ин самт дигаргуниҳои куллӣ ба чашм мерасанд. Рушди соҳа на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ низ дорад, зеро аз 40 700 нафар сокини қобили меҳнат 39 950 нафараш дар деҳот зиндагӣ доранд. Соли сипаришуда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2 394 тонна ғалла, 13 230 тонна картошка, 3 904 тонна сабзавот, 4 670 тонна меваҷот, 2 121 тонна гӯшт, 5 570 тонна шир, 3 098 ҳазор дона тухм, 50 тонна пашм, 119 тонна асал истеҳсол шудааст, ки аз нақша хеле зиёд аст. 
Бо мақсади рушди соҳаи боғпарварӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 683, аз 27 августи соли 2009, «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба  рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2014» дар ноҳия дар майдони 73,5 гектар боғҳои нав бунёд ва 25 гектар боғҳои куҳна барқарор  гардиданд. Соли ҷорӣ  бошад, 15 гектар боғҳои нав бунёд ва шаш гектар боғҳои куҳна барқарор гаштанд. Баҳри ободу зебо гардондан ва беҳдошти муҳити зист 1 200 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан, 37 293 бех қаламча ва 3 334 бех ниҳолҳои босамар шинонда шуд.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол ин ба фаъолият шурӯъ намудани пойгоҳи обкашии Пандовчӣ мебошад, ки ин иншоот дар муддати кӯтоҳ таъмиру васл шуд. Айни замон пойгоҳи мазкур имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз 18 гектар замин обёрӣ шавад. Бо мақсади бо оби полизӣ таъмин намудани заминҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хумдон канали «50 - солагии Тоҷикистон» таъмир гардида, мавриди истифода қарор гирифт.
Айни замон, дар ноҳия ҳафт коргоҳи саноатӣ - сехҳои коркарди шир, маҳсулоти пластикӣ, ду корхонаи хишт ва ду НБО -и хурд  фаъолият доранд. Соли гузашта корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми 3,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба солҳои навадуми асри гузашта 3,4 маротиба зиёд аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 75 километр шоҳроҳи байналмилалӣ бо се пули дарозиашон 75 метр, ба маблағи 42, 5 миллион сомонӣ, сохта шуд. Инчунин, аз ҷониби созмонҳои хориҷию ватанӣ дар роҳҳои маҳаллии ноҳия ҳафт пул ба маблағи 169, 5 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар давоми солҳои 2000 - 2014 - ум 150 бинову иншоот ба  маблағи 253 миллиону 214 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, 21, 5 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, 50 муассисаи таълимӣ ва бинои шуъбаи маориф бо толори маҷлисгоҳ ба маблағи 29 миллиону 474 ҳазор сомонӣ аз таъмир баромаданд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ин таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 14 525 ҷойҳои нави кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шудааст.         
Дар ноҳия 85 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамояд. Дар онҳо  879 нафар, аз ҷумла 100 зан кор мекунанд. Айни ҳол, дар риштаҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти олӣ 818 нафар хатмкардагони мактабҳои ноҳия таҳсил намуда истодаанд. Рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2015» таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошт. Муассисаҳои таълимӣ бо 373 компютер, 70 принтер ва  36 генератори барқдиҳанда таъмин мебошанд. Дар аксарияти мактабҳо кабинетҳои фанни технологияи информатсионӣ ташкил шудааст. Таъсиси мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму фарзандони оилаҳои камбизоат,  маркази корҳои эҷодии кӯдакону наврасон, омӯзишгоҳи тиббӣ, коллеҷи муҳандисии техникӣ, боғчаи бачагонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ аз ҷумлаи дастовардҳои замони истиқлолият мебошанд.
Панҷ хонаи фарҳанг, чор клуб, театри халқӣ, осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ ва 20 китобхона ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд. Дар Ҷамоати деҳоти Сафедчашма осорхонаи дорои асарҳои нодири ниёгон таъсис дода шудааст, ки рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад. Бахши фарҳанги ноҳия бо мутахассисони соҳибмаълумот таъмин гардида, дар чорабиниҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ, сабтҳои телевизионӣ ва радиоӣ фаъолона иштирок намуда, борҳо ғолиби озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ гардидаанд. Пешравиҳо дар соҳаи тандурустӣ низ назаррасанд. Қисмати аввали беморхонаи марказӣ дар шаҳраки Дарбанд ба маблағи 6 миллиону 834 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуда, 31 бунгоҳи тиббӣ ба маблағи 2 582,4 ҳазор сомонӣ бунёд, таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд.
Сокинони ноҳияи Нуробод бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва  Истиқлолияти давлатӣ тамоми саъю талош, неру, иродаву матонати хешро  баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонону наврасон равона месозанд. 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 506

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед