logo

сиёсат

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68,   мод. 69, № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149,    мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2,     мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7-8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7-8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод.785, № 12, мод. 881;     с. 2014, № 3, мод.141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016, № 1274), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2) моддаи 24 ва қисми 2) моддаи 26 калимаи «тиббиӣ» ба калимаи «тиббии» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 96 калимаи «аввали» ба рақами «1» иваз карда шавад.
3. Дар банди г) қисми 1) моддаи 97, қисми 2) моддаи 98, ном ва қисми 1) моддаи 101 калимаҳои «бемориҳои сил» ба калимаҳои «бемории сил» иваз карда шаванд.
4. Дар ном ва диспозитсияи қисмҳои 1) ва 2) моддаи 125, диспозитсияи қисми 2) моддаи 129 ва диспозитсияи қисми 2) моддаи 145 калимаҳои «инфекцияи ВИЧ» ва «сирояти инфекцияи ВИЧ» ба калимаҳои «вируси норасоии масунияти одам» иваз карда шаванд.
5. Дар ном ва диспозитсияи моддаи 274 калимаҳои «тиҷорати» ва «тиҷорат» мувофиқан ба калимаҳои «савдои» ва «савдо» иваз карда шаванд.
6. Ба ном ва диспозитсияи қисми 1) моддаи 296 пас аз калимаҳои «судяҳои ҳакамӣ» ва «судяи ҳакамӣ» мувофиқан калимаҳои «ё арбитрҳои арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва «ё арбитри арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» илова карда шаванд.
7. Дар диспозитсияи моддаи  397, номи моддаи 402, ном ва диспозитсияи қисмҳои 1) ва 2) моддаи 403, номи моддаи  404, ном ва диспозитсияи моддаи 405 калимаҳои «байналхалқӣ» «байналхалқии» ва «наҷодӣ» мувофиқан ба калимаҳои «байналмилалӣ», «байналмилалии» ва «нажодӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон               Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1330


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2016, № 441

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор  мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, № 256
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2016    №: 146-149    Мутолиа карданд: 716

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед