logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, мод. 69, № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод.750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126. № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7 - 8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550;    с. 2011, № 3, мод. 161, № 7 - 8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694;  с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127), моддаҳои 2121 ва 2122 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 2121. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт
1. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад, -
бо ҷарима ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2. Тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт, -
бо ҷарима ба андозаи аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.
Моддаи 2122. Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад
Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин аз тарафи ин шахс барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад, -
бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз сад то яксаду панҷоҳ соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1331


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 июни соли 2016, № 499

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, № 257


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2016    №: 146-149    Мутолиа карданд: 4356

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед