logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 1958-1960 ҚАБУЛ ШУДААНД

Моддаи 1. Санадҳои зерини қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 17 майи соли 1958 «Дар бораи барҳам додани Вазорати адлияи РСС Тоҷикистон»; (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1958, № 13);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 27 майи соли 1958 «Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба  сохтмон ва меъморӣ» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1958, № 9, мод. 209);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 17 феврали соли 1959 «Дар бораи муқаррар намудани унвони фахрии «Устоди боғдории РСС Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1959, № 4, мод. 66);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 1959 «Дар бораи муқаррар намудани унвонҳои фахрии «Ихтироъкори шоистаи  РСС Тоҷикистон»  ва «Ратсионализатори шоистаи РСС Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1959, № 9, мод. 169);
- Қонун «Дар бораи ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1959, № 11, мод. 208);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 4 январи соли 1960 «Дар бораи табдилдиҳии Раёсати омори РСС Тоҷикистон ба Раёсати марказии омори назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1960, № 1, мод. 4);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 31 декабри соли 1960 «Дар бораи андозаи ҷаримаҳо ва дигар маблағҳои пулии пешбининамудаи қонунҳои  РСС Тоҷикистон ва Указҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон бинобар тағйирёбии андозаи нарх ва ивазшавии пулҳои дар муомилотбуда ба пулҳои нав» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1961, № 2, мод. 15).
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1342

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории
Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи
солҳои 1958 - 1960 қабул шудаанд»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шуданд» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 июни соли 2016, № 508

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд» баррасӣ намуда,  қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, № 268


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2016    №: 146-149    Мутолиа карданд: 4450
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед