logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР БАХШИ ДАВЛАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли     соли 2010 «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 7, мод. 563) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ДАР БОРАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ».
2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар раванди ташаккулёбӣ, банақшагирӣ, гузаронидани аудити дохилӣ ва таҳияи ҳисоботи аудиторӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.».
3. Дар моддаи 1:
- дар сархати сеюм калимаҳои «супориши аудитӣ» ба калимаҳои «супориши аудиторӣ» иваз карда шаванд;
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:                             
«- мақсади супориши аудиторӣ – таҳияи хулосаи объективӣ ва мустақил оид ба фаъолият ва натиҷаҳои идоракунии таваккал, сифати татбиқ ва самарабахшии низоми идоракунии молиявӣ ва назорат, риояи қонунгузорӣ ва иҷрои нақшаи корхона, муассиса ва ташкилотҳо;»;
- дар сархати панҷум калимаи «аудитӣ» ба калимаи «аудиторӣ» иваз карда шавад;
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:                              
«- ташкилотҳои бахши давлатӣ – корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки ба моликияти давлатӣ тааллуқ дошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (тақсимкунандагони асосӣ,  тақсимкунандагон ва маблағгирандагони буҷетӣ);»;
- аз сархати шашум калимаи «дигар» хориҷ карда шавад.
4. Дар ном ва матни моддаи 2 пас аз калимаҳои «дохилӣ дар» калимаи «ташкилотҳои» илова карда шуда, калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
5. Дар қисми 1 моддаи 3 пас аз калимаҳои «аудити дохилиро дар» калимаи «ташкилотҳои» илова карда шуда, калимаҳои «ва ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд (минбаъд - ташкилотҳои бахши давлатӣ),» хориҷ карда шаванд.
6. Матни моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Фаъолияти аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ амалӣ карда шуда, ба принсипҳои ошкорбаёнӣ, қонуният, низомнокӣ ва нақшавӣ асос меёбад. Аудиторҳои дохилӣ фаъолияти худро тибқи талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳо бо риояи принсипҳои мустақилият ва беғаразӣ, салоҳият ва касбияти воқеӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва махфият амалӣ менамоянд.».
7. Дар моддаи 5:
- дар матни қисми якум калимаҳои «тақсимкунандаҳои асосӣ, тақсимкунандаҳо ва маблағгирандагони давлатӣ» ба калимаҳои «ташкилотҳои бахши давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар банди 3) калимаҳои «Таҳияи» ва «мувофиқ» мувофиқан ба калимаҳои  «Таҳия» ва «мувофиқи онҳо» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 7:
- дар номи модда калимаи «аудитори» ба калимаи «аудиторҳои» иваз карда шавад.
- дар қисми 1:
- дар матни қисм калимаҳои «Аудитори» ва «дорад» мувофиқан  ба калимаҳои «Аудиторҳои» ва «доранд» иваз карда шаванд;
- дар сархати якум калимаи «давлатӣ» ба калимаи «буҷетӣ» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум  калимаи «маърӯза» ба калимаи «ҳисобот» иваз карда шавад;
 - дар қисми 2 калимаҳои «аудитори дохилии» ва «ӯҳдадор аст» мувофиқан ба калимаҳои «аудиторҳои дохилии» ва «ӯҳдадоранд» иваз карда шуда, пас аз калимаи «эътирофшудаи» калимаи «байналмилалии» илова карда шавад;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Дар амалҳои худ аудиторҳои дохилӣ ӯҳдадоранд, ки мустақил, беғараз, салоҳиятнок ва поквиҷдон бошанд.».
9. Номи боби 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«БОБИ 3. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ОИД БА АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ»
10. Дар моддаи 8:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:            
«Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми  ваколатдори давлатӣ оид ба  аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»;
- дар қисми 1:
- матни қисм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба  аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдор инҳо дохил мешаванд:»;
- ба сархати шашум пас аз калимаҳои «дохилӣ дар»  калимаи «ташкилотҳои» илова карда шавад;
- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, аудити дохилиро мегузаронад;»;
- дар қисми 2 калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатиро» ба калимаҳои «мақоми ваколатдорро» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 9:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 9. Гузориши таҳлилӣ оид ба аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»;
 - дар қисми 1:
- дар матни қисм калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдор» иваз карда шаванд;
- дар сархати якум калимаҳои «аудитии» ва «аудитӣ» мувофиқан ба калимаҳои «аудитории» ва «аудиторӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои «ҳолатҳои имконпазири» ба калимаҳои «ҳолатҳои ошкоршудаи» иваз карда шаванд;
- аз қисми 2  калимаи «аввали» хориҷ карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» ба калимаи «ваколатдор» иваз карда шаванд.
12. Дар номи боби 4 калимаҳои «МАСЪУЛИЯТИ  РОҲБАРИ АВВАЛИ» ба калимаҳои «ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРИ» иваз карда шаванд.
13. Моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 10. Вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад
1. Роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад, барои  таъмини фаъолияти он тибқи  меъёрҳои дар Қонуни мазкур муқарраргардида ва ба таври дахлдор иҷро намудани вазифаҳои худ нисбат ба аудити дохилӣ масъул мебошад.
2. Ба вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад, инҳо дохил мешаванд:
- тасдиқи нақшаи солона ва дарозмуддати санҷиш, инчунин нақшаи  такмили ихтисоси кормандони воҳиди сохтории аудити дохилӣ;
- тасдиқи нақшаи амалиёти ҷорӣ оид ба иҷрои ҳатмӣ ва  саривақтии тавсияҳои дар ҳисоботи аудит пешниҳодгардида;
- қабули қарор оид ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии тавсияҳои пешниҳоднамудаи аудиторҳо;
- баррасии ҳисоботи таҳлилии солона оид ба гузаронидани аудити дохилӣ;
- пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоти дахлдор оид ба қонунвайронкуниҳои ошкоршуда;
- таъмин намудани захираҳои дахлдори моддию техникӣ ва молиявӣ барои татбиқи нақшаи солона ва дарозмуддати аудит.».
14. Дар моддаи 11:
- аз номи модда калимаи «аввали» хориҷ карда шуда, калимаи «сохтори» ба калимаи «сохтории» иваз карда шавад;
- дар  қисми 1 калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдор» иваз карда шуда, калимаи «аввали» хориҷ карда шавад;
-  дар қисми 2 калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдор» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3:
- матни қисм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 «3. Ба вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, дохил мешаванд:»;
- дар сархати дуюм калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдор» иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 12:
- дар номи модда калимаҳои «Ҳатмӣ будани таъсиси»  ба калимаи «Таъсиси» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «муқарраргардида» ва «мақомоти ваколатдори давлатӣ» мувофиқан  ба калимаҳои «муқаррарнамудаи онҳо» ва «мақоми ваколатдор» иваз карда шаванд;
- қисми 3 хориҷ карда шавад.
16. Дар моддаи 13:
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Дар ташкилотҳои бахши давлатие, ки дар тобеияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд ва пурра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аудити дохилӣ аз ҷониби аудиторҳои дохилии мақомоти маҳаллии молия мувофиқи дастурҳои методии мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад.».
- дар қисми 4 калимаи «давлатиро» ба калимаи «буҷетиро» иваз карда шавад;
- дар қисми 5 калимаҳои «маблағҳои давлатӣ» ба калимаҳои «маблағҳои буҷетӣ» иваз карда шаванд.
17. Дар қисми 1 моддаи 14 калимаҳои «маблағҳои давлатӣ» ва «гузоришҳои» мувофиқан ба калимаҳои «маблағҳои буҷетӣ» ва «ҳисоботҳои» иваз карда шаванд.
18. Дар моддаи 16:
- дар номи модда калимаи «Ваколатҳои» ба калимаҳои «Ӯҳдадориҳои вазифавии» иваз карда шавад;
 - дар қисми якум:
- дар матни қисм калимаи «ваколатҳо» ба калимаҳои «ӯҳдадориҳои вазифавӣ» иваз карда шавад;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «супориши аудитӣ» ба калимаҳои «супориши аудиторӣ» иваз карда шаванд.
19. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 17 калимаи «аудитӣ» ба калимаи «аудиторӣ» иваз карда шавад.
20. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 18 калимаи «аудитори» ба калимаи «аудиторҳои» иваз карда шавад.
21. Дар номи моддаи 19 калимаи «аудитори» ба калимаи «аудиторҳои» иваз карда шавад.
22. Дар моддаи 20:
- дар номи модда калимаҳои «дохилӣ дар» ба калимаҳои «дохилӣ дар ташкилотҳои» иваз карда шаванд;
- дар матни қисм калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдор» иваз карда шаванд.
23. Дар моддаи 21:
- дар қисми 1 калимаҳои «супориши аудитӣ» ба калимаҳои «супориши аудиторӣ» иваз карда шаванд.
- дар қисми 2 калимаҳои «аудитори», «ӯҳдадор аст», «гузориши»  ва  «намояд» мувофиқан ба калимаҳои «аудиторҳои», «ӯҳдадоранд», «ҳисоботи» ва «намоянд» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «гузориши» ва «мақомоти ваколатдори давлатӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳисоботи» ва «мақоми ваколатдор» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1354

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 июни соли 2016, № 480

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ»
  
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ»-ро баррасӣ  намуда,   қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, № 281


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2016    №: 146-149    Мутолиа карданд: 9444

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед