logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

РАФАЭЛИ ШАРҚ
Камолиддин Беҳзод бузургтарин мусаввир, наққош ва минётурнигори тоҷик аст, ки  дар Шарқ бо лақаби  «Монии Сонӣ»   ва дар Ғарб бо номи  «Рафаэли Шарқ»  шуҳрат дорад. Муосиронаш ӯро «Қоиди мусаввирон», «Ягонаи замон» ва «Нодири даврон»  мегуфтаанд. 
Бо вуҷуди дар заминаи анъанаҳои маъмулӣ қарор гирифтани эҷодиёташ мактаби минётури Ҳирот ва Шерозро бо ҳам пайваста,  дар таърихи санъати рассомии халқи тоҷик  ба асри тиллоии минётурнигорӣ бунёд гузошт. Эҷодиёташ гуногунжанр ва аз ҷиҳати фарогирии мавзӯот фаррох мебошад. Ӯ ҳам портретҳои муосиронаш, ҳам тасвири қаҳрамонҳои афсонавӣ, ҳам мусаввараҳои айшу нӯш ва разму базми синфи доро, ҳам лавҳаҳои пурҷозибаи лирикӣ, ҳам манзараҳои дилангези табиат ва ҳам лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти меҳнатии мардумро тасвир намудааст.
Ба рангҳои табиӣ, хусусан рангҳои кабуду нилгун бештар майл дошта, мусаввараҳои худро бо оби тилло ва нуқра афшон намуда музайян месохт. Бисёр асарҳои қаҳрамонӣ ва романтики саромадони адабиёти тоҷику форс ва китобҳои таърихиро оро додааст. Дар  эҷодиёти  ӯ  лавҳаеро пайдо кардан душвор аст, ки дар он зиндагии одамон чун унсури муҳими тасвир тафсири фалсафӣ ва ҳаётӣ наёфта бошад.
Чеҳранигорӣ  низ  дар эҷодиёташ мавқеи муҳим дорад. Аз маҳсули қалами  ӯ  портретҳои Абдураҳмони Ҷомӣ,  Алишери Навоӣ, Абдуллои Ҳотифӣ, Султоналии Хаттот,  Ҳоҷӣ Муҳаммад, Султон Ҳусайни Бойқаро,  Шайбонихон то  ба замони мо омада расидаанд. Аз ин суратҳо сабки ӯ  ҳувайдо мегардад.
Санъаташ зиёда аз панҷсад сол боз ба мардум ғизои маънавӣ мебахшад, зеро тасвирҳои ӯ ҳаётӣ буда, бо ҷаззобияти  худ  бинандаро мафтун мекунанд. Аз ин ҷиҳат дар адабиёти классики мо, махсусан баъд аз асри 15 симои ӯ ҳамчун образи шахси фавқулода истифода мешавад. Услубашро мактабҳои рассомии  Ҳироту Самарқанд,  Бухорову Табрез ва  Ҳиндустону Арабистон  давом додаанд.
А. САМИЪ

 

ЗАНИ МУШКИЛПИСАНД ВА БОНУИ ҲУНАРМАНД
Ҳанифа Мавлонова солҳои дароз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарнамоӣ  кардааст. Ин бонуи ҳунарманд ба хубӣ дарк мекард, ки бори дӯши сарояндаи опера  чандин маротиба гаронтар аст:  ӯ бояд бо тамоми овоз  суруд хондан ва, ҳамзамон, дар саҳна  ҳолатҳои гуногуни равонии қаҳрамонашро ба таври возеҳ ифода карда тавонад. Ҳ. Мавлонова аз қабили ҳамон ҳунармандони камназире буд, ки аз уҳдаи иҷрои ҳардуи ин ҳунарҳо ба хубӣ мебаромад.
Ӯ ин навъи санъатро аз дилу ҷон дӯст медошт. Бинобар ин, барору нобарориҳои онро бо осонӣ паси сар менамуд ва дар ин ҳунари барои миллати тоҷик  нисбатан нав  ба зудӣ тавфиқ  ёфт.
Ҳанифа Мавлонова аз як ҷониб анъанаҳои мусиқии классикии «Шашмақом» - у  сурудҳои анъанавиро моҳирона идома медод, аз ҷониби дигар бо  ҷасорати беҳамто арияҳои беҳтарин ва мушкилтаринро аз операи ҷаҳонӣ месуруд. Овози форам ва  лаҳни  хушаш бар иловаи заҳматписандӣ имкон дод, ки зуд дар қалби ҳазорон – ҳазор мухлиси санъати мусиқӣ ҷой бигирад. Аз баракати истеъдоди ӯст, ки санъати опера дар ҷумҳурӣ қабул гардид ва рушд ҳам ёфт. Мардум тадриҷан жанри мураккабу одатнашударо  қабул кард. 
Профессор Ҳанифа Муҳиддиновна Мавлонова дар баробари саҳми бузург дар рушди театр ва санъати мусиқӣ доштанаш, ҳамчунин  дар тарбияи  санъаткорони ҷавон  нақши бориз дорад. Ӯ солиёни дароз ба сифати профессор ва мудири кафедраи  вокалию тайёрии операвии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият намуда,  нозукиҳои пешаашро ба садҳо шогирдон омӯзондааст.
Таҳияи М. ТАБАРӢ

 

ТӮЙ
- Дӯстон, - ҳанӯз садои мусиқӣ хомӯш нашуда, ба гап медарояд раиси тӯй. - Сухани табрикиро ба раиси муҳтарами колхоз Акка Аккаевич ҳоло дода мешавад.
- Рафиқон колхозчиён! Чӣ гӯям?... Ман ин тирмизакҳоро (ба арӯсу домод нигариста) намешиносам, ки дар ҳаққи онҳо ягон чӣ гӯям. Ман падари онҳо Акаи Сафиро мешиносам, як-ду гап дар хусуси худашон мегӯям. Акаи Сафӣ обмони бисёр хуб аст. Мисли вай, Сафол, канӣ вай, канӣ, ин ҷо баро!
- Сафол, Сафол, раис ҷеғ зада истодааст, - гӯён мардум ӯро ба миёни ҳавлӣ мебароранд.
- Ту, Сафол, чаро бепарвофалакӣ мекунӣ? Каллаи хара иззат кунӣ, худаша аз табақ ҷар мекунад, дина ҳамаи пахтаро об бурдаасту ту бехабар. Боз, тӯй ҳам меоӣ. Э, садқаи тӯй шавӣ. Бригадат кӣ? Ҳалим! Канӣ ин ҷо баро! Ҳозир ба ҷояш дигар касро обмон таъйин бикун, ки ман бинам.
Забони бригадир гирифта, канда-канда гап мезанад:
- Ак-ка-и ра-и-ис, ки-и-ро ин-ти-хоб кк-у-на-ам?
- Мана вай, писари Ҳакимро. Охир вай мутахассиси об шуда, институтро тамом кард-ку?! - мегӯяд Акка Аккаевич ва каме аз ғазаб фуромада илова мекунад. - Рафиқон колхозчиён, ҳозир замони бозсозист. Бинобар ин обмонро сари вақт гирифтану ба ҷои вай дигар касро, алалхусус, шахси маълумоти олидорро таъйин кардан ба замона хеле мувофиқ аст. Ба раҳмататон диққат!
Авҷи қарсаки дурударози колхозчиён баланд мегардад. Сипас боз раиси тӯй ба гап медарояд…
Гӯрез САФАР

 

«АҲДНОМАИ НИКОҲ»
ДАР ЗАМОНИ ДЕВАШТИЧ НИЗ РОИҶ БУД
Қалъаи куҳи Муғ дар шаҳри Панҷакент воқеъ аст. Дар ин мавзеъ соли 1930 бо дарёфт шудани як дастхати суғдӣ бойгонии Деваштич низ кашф гардид. Баъдтар дастхат барои таҳқиқ ба шаҳри Ленинград фиристода шуд. Пас аз таҳқиқи пурра олимон ба хулосае омаданд, ки он мансуб ба забони Суғдист.
Солҳои 1933 – 1934 дар натиҷаи омӯзиш ва анҷом додани корҳои ҳафриётӣ бостоншиносон аз ин мавзеи таърихӣ 75 дастхат ва 400 ашё пайдо мекунанд. Нахустин намунаи санъати тасвирии суғдӣ низ дар ҳамин мавзеъ ёфт шудааст.
Олимон А. Фрейман, Г. Крачковский, И. Смирнова, И. Лившитс аз омӯзиши дастхатҳо ба хулосае меоянд, ки онҳо аҳамияти бузурги сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ доранд.
Дастхати "Ахдномаи никоҳ" аз машҳуртарини онҳост. Он бо ҳуруфоти суғдӣ навишта шуда, дар ин санад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зану мард баъди никоҳ муайян гардидааст. Аз рӯи тарҷума ва таҳлилҳои муҳаққиқон муайян намуданд, ки  дар ҳолати риоя нагардидани санади мазкур, яъне ба оила ворид шудани зани бегона, ки он ба зани қонунии мард хуш намеояд, мард уҳдадор мегардад то ба зани худ ҷарима супорад. Агар мард хоҳад, ки аз ҳамсари қонунияш ҷудо шавад, моликияти умумии онҳо ду тақсим мешуд.
Ин ҳуҷҷат санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои оилавӣ ва ҳам инъикоскунандаи мадания¬ти ҳуқуқӣ ва оиладории мардуми суғд ба ҳисоб меравад. "Аҳдномаи никоҳ" дар он замон оилаҳоро ба садоқату вафодорӣ ба ҳамдигар ва баробарҳуқуқиву адолати оилавӣ раҳнамоӣ мекард.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ

 

ҚАСРИ ПАРЛАМЕНТ
Ин қасри беҳамто дар яке аз шаҳрҳои зебои Аврупо, пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест, қомат афрохтааст. 
Пас аз он ки соли 1977 дар Бухарест заминҷунбии харобиовар ба амал меояд, президенти вақти Ҷумҳурии Сотсиалистии Руминия Николае Чаушеску қарор медиҳад, ки дар пойтахт кушки боҳашамате бунёд намояд. Ба ин хотир, озмуни беҳтарин лоиҳаи бино эълон мегардад ва дар он бонуи ҷавон - Мира Анка Виктория Маркулет Петреску ғолиб омада, ба вазифаи сармеъмор таъйин мешавад.
Тибқи фармони сардори давлат, сохтмони қаср  25 июни соли 1984 оғоз ёфта, барои барафрохтани он 700 меъмор ва 20 ҳазор бинокор ҷалб мегарданд. Ҳарчанд қаср соли 1989 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта бошад ҳам, аммо баъзе аз корҳои сохтмонии он пурра ба анҷом нарасидаанд.
Миқдори масолеҳи сохтмоние, ки ҳангоми бунёди Қасри Парламент сарф гаштааст, касро ба ҳайрат меоварад. Мувофиқи маълумотҳо, дар ҷараёни сохтмон 1 миллион метри мукааб мармар, 3500 тонна булӯр, 700 ҳазор тонна фӯлод ва биринҷӣ, 900 ҳазор метри мукааб тахта истифода шуда, барои ороиши фаршҳои бино 200 ҳазор метри мураббаъ қолин харида мешавад.
Масоҳаташ 350 000 метри мураббаъ буда, баландии он 86 метрро ташкил медиҳад.  Бо ин азамату шукӯҳ, Қасри Парламент ҳамчун бузургтарин бинои маъмурии ҷаҳон эътироф гаштааст.
Таҳияи Ш. ШОКИР

 

ТАНБАЛӢ
ОЛИМОН ИСБОТ КАРДАНД, КИ ОН АЛОМАТИ ЗЕҲНИЯТИ ВОЛОСТ
Олимони ИМА исбот карданд, ки танбалӣ аз сатҳи баланди IQ (коэффитсиенти  инкишофи зеҳнӣ) шаҳодат медиҳад,  - иттилоъ медиҳад The independent  бо истинод ба Journal of Health Psychologi.
Таҳқиқгарон аз Донишгоҳи Флорида байни донишҷӯён пурсиш гузаронданд. Дар вақти он ба донишҷӯён интихоби як варианти амал ҳангоми ҳалли масъалаҳои мушкил пешниҳод шуд. Аз 60 нафари пурсидашуда 30 нафар изҳор доштанд, ки «аз ҳалли вазифаҳое, ки дарёфти роҳҳои нави ҳалли мушкилотро тақозо менамоянд, ҳаловат мебаранд», боқимондаҳо гуфтанд, ки сари масъала вақте фикр мекунанд, ки ба он зарурат бошад.
Давоми ҳафта сатҳи фаъолнокии иштирокдорон ба воситаи дастбандҳои махсуси фитнесӣ санҷида шуд. Дар натиҷа маълум гашт, ки гурӯҳи донишҷӯёни «андешакунанда» нисбатан кам ҳаракат мекунанд. Ба андешаи таҳқиқгарон аз нуқтаи назари оморӣ ин маълумотро метавон чун «муҳим» ва «устувор» тавсиф кард.
Олимон ба хулоса омаданд, ки одамоне, ки майли бисёр фикр карданро надоранд, зуд дилтанг мешаванд, аз ин рӯ барои пур кардани вақти холӣ ба корҳои ҷисмонӣ рӯ меоранд.  Ғайр аз ин, танбалӣ нишони фурӯравии инсон ба андешаҳои худ аст. Нафарони  ҷисман фаъол неруи худро сарф мекунанд ва ёрои фикрҳои гуногунро надоранд.
Ин дар ҳолест, ки олимон таъкид медоранд, сатҳи баланди IQ  наметавонад баҳонаи тарзи ҳаёти камҳаракат бошад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

 

МУШКИЛОТИ ЗИЁД АЗ БАЙН МЕРАВАД.
АГАР…
Олимон  бар он андешаанд, ки дар сурати истифодаи  дуруст ва оқилонаи нанотехнология  бисёр мушкилоти ҷомеаи инсонӣ ҳалли худро пайдо мекунанд. Масалан, истифодаи нанотехнология  имкон медиҳад, ки энергияи зиёди офтобро барои таъмини рӯшноӣ ва гармӣ аз худ намоем. Ба ин мақсад солҳои охир дар ҷаҳон ширкатҳои ба ном «Наносолар» пайдо шуда истодаанд, ки дар ояндаи наздик ба истеҳсоли наномеханизмҳо, аз ҷумла элементҳои тунуки батареяҳои офтобӣ шурӯъ мекунанд. Ин маҳсулот нархи батареяҳои офтобиро арзон намуда, метавонад буҳрони иқтисодии соҳаи энергетикиро ҳал менамояд.
Коршиносони ҷаҳон бар он андешаанд, ки дар ояндаи наздик зерсохтори нақлиёт ва коммуникатсия новобаста ба маҳдудиятҳои табиӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ҳамаи  нуктаҳои сайёраро фаро гирифта, онро ба ҳам мепайвандад. Барои ба ҳам пайвастани нуктаҳои дури замин, масалан Осиё ва Амрико, ё ин ки Амрико ва Африқо туннелҳои вакумӣ сохта мешаванд. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик Чин поезди зеризаминиеро  ба истифода медиҳад. Он дар як соат 1000 километр роҳро тай мекунад. Ба андешаи коршиносон чунин поездҳо зербинои метрои зеризаминии  умумиҷаҳониро месозанд, ки сайёраро ба мегаполиси ягона табдил медиҳад.  
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ


GOOGLE:
ЯК ҚАДАМ ҚАФО - ДУ ҚАДАМ БА ПЕШ
Асосгузорони ширкати Google ду нафар математикҳои соҳибистеъдод Сергей Брин ва Ларри Пейҷ ба ҳисоб мераванд. Маҳз онҳо ин манбаи муҳими иттилоотиро ба интернет ворид намуданд.  Сергей аз айёми бачагӣ худро одами қавиирода нишон медод. Ӯ шавқу рағбати беандоза ба математика ва технологияҳои компютерӣ дошт. Дар мактаб доимо бо муаллимон баҳс мекард. С. Брин дар сини 19- солагӣ бакалаври донишгоҳи  Мэриленд гардид. Сипас ӯ ба Стэнфорд раҳсипор шуд, то ки тахассуси «Технологияи компютерӣ» - ро аз бар намояд.
Ларри Пейҷ бошад, дар оилаи муаллим ба воя расидааст. Падари ӯ Карл Винсент Пейҷ дар донишгоҳи Иёлоти Мичиган аз фанни технологияи компютерӣ дарс мегуфт. Модараш дар ҳамин донишгоҳ «барномасозӣ» - ро ба шогирдон меомӯхт. Баъди бакалаври соҳаи технологияи компютерӣ гардидан  Ларри низ барои донишомӯзӣ ба  Стэнфорд раҳсипор шуд. Сергей, аллакай, ду сол боз дар ин ҷо буд. Онҳо бо ҳам шинос шуда, дар як муддати кӯтоҳ дӯст гардиданд.
Соли 1997 Ларри Пейҷ, Сергей Брин ва Раҷив Мотвани намунаи аввалин, вале ҳанӯз одии системаи ҷустуҷӯии худро таҳия карданд. Он BackRub ном дошт. Система хеле зуд рушд намуд ва он номи нав – Google - ро гирифт. Баъдтар он мошини ҷустуҷӯии донишгоҳ гардид. Қариб тамоми донишҷӯён ва устодон аз ин система истифода мебурданд. Барои ороиши хуби барнома Ларри ва Сергей пул надоштанд, бинобар ин дар ибтидо саҳифаи асосии Google  хеле одӣ буд.
Дере нагузашта Ларри ва Сергей  талош карданд, ки Google - ро ба ширкатҳои муътабари AltaVista ва Vahoo! ба маблағи 1 миллион доллар фурӯшанд. AltaVista пешниҳоди онҳоро рад карда, дар охир ба рақобат тоб наоварду варшикаста гардид. Vahoo! низ пешниҳодро қабул накард ва ба саҳв роҳ дод. Акнун бо тамоми қувва талош дорад, ки ба Google - и зуд рушдкунандаро бирасад, гарчанде ҳамагон медонанд, ки ин кор ғайриимкон аст.
Пейҷ ва Брин барои лоиҳаи худ харидор пайдо накарданд ва тасмим гирифтанд, ки ширкати хешро таъсис диҳанд. Имрӯз ширкати Google на танҳо манбаи ҷустуҷӯии интернетӣ аст. Он боз яке аз муосиртарин хизмати e-mail буда, аз ҳама машҳуртарин дар ҷаҳон видео - сервис, веб - замима барои дафтари корӣ, навгониҳо ва унсурҳои дигар мебошад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


АРТУР АРТУЗОВ
Насаби ҳақиқии Артузов Фраучи аст. Ӯ соли 1891 дар қисмати дури кишвари рус – деҳаи Устинови уезди Кашири губернияи Твер зода шуд ва, аз ин рӯ,  худро руси таҳҷоӣ меҳисобид.
Дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, моҳи декабри соли 1918 бо қарори СК РКП(б) чекист М. Кедров роҳбари шуъбаи махсуси ВЧК таъйин гашт. Артузов дар ҳамин шуъба ваколатдори махсус ва котиби Кедров таъйин шуд.
Яке аз супоришҳои нахустинаш, ки Артузов мустақилона бо он машғул гардид, ворид гаштан ба ҷамъияти «Маркази миллӣ» буд, ки аъзои он бо болшевикон мубориза мебурд.
Баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия қувваҳои зиддишӯравӣ муҳоҷирони гвардиячиёни сафед буданд, ки бо ёрии мамлакатҳои Антанта дар кишварҳои Аврупо фаъолият мебурданд. Вобаста ба ҳамин вазъият кори шуъбаи хориҷии (ШХ) ВЧК-ОГПУ ба роҳ монда шуд.
Яке аз комёбиҳои нахустини шуъба дар соли 1921 ба даст овардани рамзҳои ташкилотҳои зиддишӯравӣ дар Лондон ва Париж буд. Дар оғози соли 1921 эсер-террористи машҳур Савинков дар хориҷа ташкилоти ҳарбии «Иттиҳоди халқии мудофиаи ватан ва озодӣ»-ро созмон дод. Дар Русия қариб 50 нафар аъзои фаъоли созмон ҳабс шуд, алоқаи савинковҳо бо хадамоти махсуси полякҳову франсузҳо, омодабошии онҳо ба шӯриш ва ҳуҷум карда даромадан ба қаламрави Русия ошкор гашт. 
Тобистони соли 1931 сардори шуъбаи хориҷии разведка Трилиссер ба дигар кор гузашту Артузов ба ҷойи вай нишаст. Мутобиқи нишондодҳои Сталин ӯ ба ислоҳоти разведкаи хориҷӣ миён баст.
Ба Сталин бисёр муҳим буд донистани он ки Полша дар муносибат бо Олмон ва СССР чӣ гуна рафтор менамояд. Тобистони соли 1933 дар Кремл машварат бо иштироки намояндагони НКВД, шуъбаи байналмилалии иттилоотии КМ ҳизб, Раёсати разведка ва шуъбаи хориҷии разведка доир шуд. Ҳамаи онҳо ба Сталин исбот карданӣ мешуданд, ки Полша ба СССР ҳусни таваҷҷуҳ дорад. Танҳо Артузов гуфт, ки Варшава ҳеҷ гоҳ бо Маскав иттиҳод намебандад ва бо мо риёкор аст. Он вақт ягон қарор қабул нашуд, вале Сталин суханони Артузовро дар ёд нигоҳ дошт. Артузов ҳақ баромад. Полша бо Гитлер дар бораи дӯстӣ шартнома баст.
25 майи соли 1934 Артузов ба Кремл даъват шуд. Шаш соат дар назди Сталин, Ворошилов ва Ягода ҳисобот дод. Ба ӯ пешниҳод намуданд, ки ба Раёсати разведка гузарад. Артузов ба раёсат 30 нафар чекисти собиқадорро низ овард ва ҳамаи онҳо вазифаҳои баланд гирифтанд. Моҳи ноябри соли 1935 Артузов, собиқ сардори Раёсати разведка Берзин, чекистҳо Карин ва Штейнбрюк сазовори унвони комиссари корпус шуданд, ки баробари генерал-лейтенант буд. Сардори Раёсати разведка Уритский низ чунин унвон дошт.
Дар моҳи июни соли 1934 Артузов ба Сталин ва Ворошилов дар бораи фаъолияти иктишофии Раёсати разведка ҳисоботи муфассал пешниҳод карда, зикр намуд, ки шабакаи ҷосусӣ амалан дар Руминия, Латвия, Франсия, Финляндия, Эстония, Италия барҳам хӯрда, танҳо дар Олмон, Полша, Чин ва Манчжурия боқӣ мондаанд. Вай истифодаи коммунистони хориҷӣ ва шахсони ба ҳизби коммунист содиқро дар кишвари худашон ба сифати разведкачӣ хатои ҷиддӣ ҳисобид. Аммо пешниҳоди ӯ дар рӯйи коғаз монд.
На ба Берзин, на ба Артузов, на ба Уритский муяссар нагашт, ки интизомро дар байни разведкачиён – коммунистони кишварҳои хориҷӣ мустаҳкам созанд.
11 январи соли 1937 бо пешниҳоди Ворошилов Бюрои сиёсӣ Артузов ва Штейнбрюкро аз вазифа озод ва ба ихтиёри НКВД фиристод. Артузовро сардори шуъбаи махсуси НКВД таъйин карданд, ки зери ин номи баланд осорхона ниҳон буд. Ҳаёти Артузов дар рӯйи теғ меистод.  13 майи соли 1937 дар як маҷлиси ҳизбии НКВД Фриновский, яке аз роҳбарони ин ташкилот, Артузовро ҷосус номид. Ҳамон шаб ӯро ҳабс карданд. Ба дасти ҷаллодони собиқ идораи худаш афтод. Баъди ду ҳафтаи «кор» бо ӯ иродаи ин марди ватандӯст шикаст, худ, ҳамсафаш Штейнбрюк, Ягода ва маршал Тухачевскийро ҷосуси Олмон ва Англия номид.
21 августи соли 1937 ҳамчун ҷосуси Олмони фашистӣ, Франсия ва Англия ҳукми қатл гирифт ва ҳамон рӯз ӯро паронданд. Соли 1956 ин разведкачии меҳандӯстро сафед карданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ

 

101 МАСЛИҲАТИ МУФИД
Дар рӯзгор ҳолатҳое мешаванд, ки мушкиле пеш меояд, аммо на ҳамеша роҳи ҳалли дуруст, осон ва камхарҷи он ба ёд мерасад. “Ҷумҳурият” ба ин хотир тасмим гирифт, ки  ба кумаки Шумо, алоқамандони “Шоми шанбе”,  рубрикаи “101 маслиҳати муфид”- ро таҳия созад. Ҳамчунин, Шумо метавонед аз таҷрибаи шахсӣ маслиҳату пешниҳоди судмандро ба мо  ирсол доред, то ки дигарон низ аз он баҳра баранд.

Асали тозаро шинохтан душвор нест. Барои ин, бо қошуқча ба самти гардиши ақрабаки соат онро кобед. Асали тоза ба қошуқ мечаспад, бесифаташ аз он мешорад.
Ҳамчунин, ба коғази тоза ду қатра асал рехта, оташ занед. Асали тоза бояд тағйир наёбад. Агар он оташ гирад, сиёҳ шавад, ба ҷои асал қиём харидаед.
**
Равғани зайтунро ба ҷои полирол барои тоза кардани мебел истифода метавон бурд. Бо ин мақсад ду ҳисса равғани зайтунро бо як ҳисса шарбати лимӯ, ё сиркои сафед омезед.
**
Шӯрбои пухтаатон шӯр омад? Боке нест. Ба дег як картошка, ё себи пӯстканда андохта, 10 дақиқа пазед, шӯрияш меравад.
**
Барои нармсозии дасту пойи шахшӯл 5 шишачаи глитсерин гиред, ки одатан пур нест. Ба он то пур шуданаш сиркои муқаррарӣ ҳамроҳ карда, афшонед. Маҳлули тайёршударо ба ҷойҳои кафида, ё шахшӯли пӯст муддати се - чор рӯз пеш аз хоб молед.
**
Агар чанд дона қаҳваро дар дохили яхдон гузоред, он хушбӯй мешавад.
**
Бӯи рангро аз хона зуд метавон равонд, агар ба ҳар гӯшаи он дар табақча намаки муқаррарӣ гузоред.
**
Рафту чашматон паридан гирад, пеш аз ҳама, ором шавед. Сипас, пилкҳои чашмро сахт пӯшида чуқур нафас гиреду нафас бароред. Ин машқро 5 маротиба такрор кунед. Усули мазкур системаи асабро ором намуда, чашмпарӣ зуд мегузарад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ИХТИРОЪ
СУХАН ДАР БОРАИ КОМПЮТЕРҲОИ ҲАССОС МЕРАВАД
Муҳаққиқони рус эълон намуданд, ки пас аз якуним сол компютери «дорои эҳсос» - ро муаррифӣ мекунанд, ки метавонад монанди инсон «фикр» кунад.
Устодони Донишгоҳи давлатии таҳқиқоти ҳастаии Маскав мегӯянд, ки компютери ҷадид тавассути барномаҳои махсус метавонад ба инсон «фикрашро иброз намуда, ба ӯ гуфтугӯ кунад, ба чизе эътимод ё баръакс, онро инкор намояд».
Ба гуфтаи пажӯҳишгарони рус, ҳоло дараҷаи дарки чунин дастгоҳҳоро муайян кардан мушкил аст ва он аз тавоноии система - барномаҳои компютерӣ вобаста аст. Ҳоло рӯйи он корҳои таҳқиқотӣ идома доранд.
Дар назар аст, ки  ин компютерҳо мисли як инсон андешаронӣ намоянд, тавони мутолиаро дошта бошанд ва ё масъалаеро баррасӣ кунанду пайи  ёфтани посух ба пурсишҳо гарданд.
Бояд гуфт, ки то имрӯз  компютер дар корҳои амалӣ  истифода мешавад. Аммо бо ихтирои  компютери ҷадид русҳо дар ояндаи наздик метавонанд, як муъҷизаеро дар олами фановарӣ пешкаш намоянд.
Р. КАРИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2016    №: 162    Мутолиа карданд: 1703

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед