logo

иҷтимоиёт

МУТАХАССИС МЕРАСАД, АММО...

Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар оид ба масъалаи соҳибкасб намудани шаҳрвандони бешуғл чораҳои судманд андешида мешавад. Таъсиси филиали Маркази омӯзиши калонсолони Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар ва ташкили гурӯҳҳои иловагии кӯтоҳмуддат дар назди литсейҳои касбӣ - техникӣ маҳз бо ҳамин ҳадаф роҳандозӣ гардидааст.

Дар литсейи касбӣ техникии ноҳияи Лахш имсол гурӯҳҳои омӯзишии қолинбофӣ, дӯзандагӣ ва забономӯзӣ ба роҳ монда шуданд. Тибқи иттилои Исматулло Каримов, директори литсейи касбӣ техникии ноҳияи Лахш, дар литсей 27 нафар омӯзгор кору фаъолият менамоянд, ки 18 нафарашон дорои маълумоти олӣ мебошанд. 12 гурӯҳ бо фарогирии 170 нафар донишҷӯ аз рӯи касбҳои таракторист - машинист, занбӯриасалпарварӣ, системаи компютерӣ, кафшергари газу барқӣ, ҳисобдор ва дӯзандагӣ таҳсил доштанд. 152 мутахассис, аз ҷумла 48 нафар духтар  литсейро хатм намуда, соҳиби роҳхат барои фаъолияти корӣ гардиданд. Якуми сентябри соли равон аз рӯи нақшаи қабул 200 довталаби дигар ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки дар литсейҳои касбӣ - техникӣ ва дигар муассисаҳои таълимии касбомӯзӣ танҳо таъмини пурраи гурӯҳҳои омӯзишӣ  бо асбобҳои айёнию маводҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар асбобҳою техникаҳои омӯзишӣ ба самаранокии таълиму омӯзиш мусоидат карда метавонад. Дар литсейи мазкур ҳамагӣ 1 адад асбоби кафшергарии барқӣ, 1 адад мошинаи боркаши тамғаи 53, 1 адад мошини сабукрави  тамғаи «Жигули 07» ва 1 адад трактори тамғаи М-28 мавҷуд мебошад, ки қисми зиёдашон дар ҳолати корношоямӣ қарор дошта, ба таъмири пурра ниёз доранд.
Литсей  аз 2 бинои таълимии  дорои 12 синфхона иборат мебошад, ки тайи солҳои дарози истифодабарӣ  (аз соли 1969)  фарсуда шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Аз рӯи гуфтаҳои Исматулло Каримов корношоям ва таъмирталаб будани асбобҳо ва техникаҳои омӯзишӣ ба фаъолияти пурсамари таълимӣ монеа эҷод мекунанд. Муассисаи таълимӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда имконияти пурра бартараф кардани мушкилоти ҷойдоштаро надорад.

Худодод ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2016    №: 162    Мутолиа карданд: 533

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед