logo

ҳуқуқ

СУД. ФАЪОЛИЯТ БОЯД ЧУН ОИНА ПОКИЗА БОШАД

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун сарчашмаи дигаргуниву пешрафтҳои куллии ҳаёти ҷомеа дар ташаккулу рушди ҳокимияти судӣ низ нақши бориз дорад. Дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ барои таҳкими ҳокимияти судӣ се барномаи ислоҳот ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба тасвиб расиданд, ки дар шаклгирии низоми судӣ, мустаҳкам гардидани сохтор, ҳалли масоили иҷтимоии он, тавсеаи муносибатҳои байналмилалии ҳокимияти судӣ заминаи воқеӣ гузоштанд.

Бо Фармони Президенти мамлакат 5 январи соли 2015 «Барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 -  2017» тасдиқ гардид, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад. Дар он рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба ноболиғон, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тақвияти расондани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхиси судӣ - ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ - техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо пешбинӣ гардидааст. Татбиқи ин барномаи муҳим барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ, пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории ин ниҳод бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат хоҳад кард.
Таҳлил ва омӯзиши таҷрибаи судӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Шаҳритуз нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои асосии содир гардидани ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкунӣ, пошхӯрии оилаҳо, баҳсҳои иқтисодӣ ва гражданӣ ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократисозии ҷомеа як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Ба гунаи мисол, ҳанӯз моҳи апрели соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида буд. Баъдан, 22 августи соли 1997, таҳти № 383 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид. Судяҳои суди ноҳияи Шаҳритуз мунтазам, зимни баргузории мурофиаҳои сайёри судӣ ва дидору гуфтугӯҳояшон бо шаҳрвандон мазмун ва муҳтавои ин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардидаро фаҳмонда, ба ҳамин васила дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо саҳм мегузоранд.
Яке аз самтҳои муҳими дигар ин баланд бардоштани дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо маҳсуб меёбад. Мувофиқи моддаи 109 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 23 июли соли равон Президенти мамлакат ба он имзо гузошт, дар назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимии судяҳо фаъолият менамояд. Фаъолияти марказ  ба амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда, аз тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз - судя, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ иборат мебошад.
Ба таъкиди Сарвари давлат, фаъолияти судҳо бояд ба мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост.
Ин таъкиди роҳбарияти олии кишвар моро муваззаф месозад, ки бо дилу нияти пок, хидмати содиқона ба халқ, саҳм гузоштан дар ободию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талош намоем.
Зуҳуриён Холмурод АБДУЛЛО,
раиси суди ноҳияи Шаҳритуз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2016    №: 162    Мутолиа карданд: 2062

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед