logo

сиёсат

МУРОҶИАТИ ДУШАНБЕ. ОН ДАР ҚАРОРГОҲИ СММ БА КУЛЛИ КИШВАРҲОИ АЪЗО МУАРРИФӢ ХОҲАД ШУД

Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” ки 9 - 11 август дар пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе бо ибтикори муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN-DESA) баргузор гардид, ба анҷом расид.

Дар кори Симпозиуми байналмилалӣ зиёда аз 700 нафар намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх иштирок доштанд. Симпозиум намояндагони баланпояи давлату ҳукуматҳо, роҳбарон ва коршиносону мутахассисони созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, доираҳои академӣ, илмию соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, ба ҳам овард.  Иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба  зарфиятҳои ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ, дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария ва пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмилалӣ дар соҳаи обро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукот, дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” зикр намуд, ки ҳадафи  асосии симпозиум мубодилаи афкор оид ба сабақҳои гирифташуда ва таҷрибаи мусбат дар соҳаи беҳбудии дастрасӣ ба об, санитария ва беҳдошт, ҷорӣ намудани ҳамгироии идораи захираҳои об, такмили манфиатнокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои об ва ҳимояи экосистемаҳои обӣ буд. Дар ҳамоиш перомуни ҳашт мавзӯи сессиявӣ - матраҳ намудани ташаббусҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла пешниҳод оид ба Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор", дастрасии умумӣ ва баробар ба оби ошомидании беҳтар ва арзон, дастрасии умумӣ ва баробар ба василаҳои сазовори санитарӣ-беҳдоштӣ, баланд бардоштани сатҳи самарабахши истифодаи об, таъмини мудирияти кулли захираҳои обӣ, муҳофизат ва барқарорсозии экосистемаҳои обӣ, баланд бардоштани сифати об тавассути коҳиш додани  ифлосшавии муҳити зист ва механизмҳои нави инноватсионӣ дар ҷодаи ҳамкориҳо дар доираи об барои рушди устувор мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар баробари сессияҳо, рӯзи аввали симпозиум чор чорабинии ҷудогонаи мувозӣ - гендер - равишҳои ҳассос барои идоракунии устувори захираҳои об дар Осиёи Марказӣ; технологияҳои камхарҷ барои таъмини об ва ҳифзи замин дар ноҳияҳои дурдаст; кӯшишҳои Охфам барои таъмин намудани дастрасии умум ба об ва санитария; таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва мубодилаи илмӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор гузаронда шуд.
Баргузории муваффақонаи ҳамоиши сатҳи баланд ва фаъолнокии иштирокдорон дар доираи ҳашт мавзӯи сессиявӣ ва дигар чорабиниҳои мувозии симпозиум аҳамияти ҳаётан муҳим доштани захираҳои обӣ баҳри рушд, зарурати қатъии дастрасии умум ба об ва санитария ва ҳавасмандии ҷонибҳоро дар тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи обро собит намуд. Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд барои баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он дар доираи Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.
Аз рӯи натиҷаи кори симпозиум Муроҷиати Душанбе қабул шуд. Дар ҳуҷҷат аҳамияти қисмати обии рӯзномаи нави рушд, ки  дар Ҳадафи шашуми рушди устувор возеҳ дарҷ шудааст, таъкид гардидааст. Дар баробари ин, ба сифати об, баланд бардоштани самаранокии истифодаи он, ҷорӣ намудани ҳамгироӣ дар идораи захираҳои обӣ, ҳифзи экосистемаҳои обӣ, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи об таваҷҷуҳи хос зоҳир гашта, муҳимият ва саривақтӣ будани ташаббуси навбатӣ дар соҳаи об, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии нав «Об барои рушди устувор» пешниҳод карда буд, дар ҳуҷҷат махсус зикр шудааст. Ин ҳуҷҷати ниҳоӣ зимни гузориши мухтасар аз натиҷаҳои ҳамоиш дар қароргоҳи СММ моҳи сентябри соли ҷорӣ ба кулли кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ хоҳад шуд.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2016    №: 162    Мутолиа карданд: 821

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед