logo

иқтисод

ИСТИҚЛОЛ: ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БА СӮИ ФАРДОИ НЕК

Худойназар АМОНЗОДА,
раиси шаҳри Истиқлол

Шаҳри Истиқлол яке аз  шаҳрҳои нозанини даврони истиқлолият маҳсуб ёфта, имрӯз симои он ба куллӣ дигар гаштааст. Дар ин шаҳри саноатӣ дар давоми панҷ соли охир корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли равон ба фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби бештари сармоягузорӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Дар натиҷа, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ  дар шаҳр, бо нархҳои муқоисавӣ, ба 8 миллиону 787 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132,2 дарсадро ташкил дод. Аз ҷумла, ҳамаи панҷ корхонаи саноатӣ ба маблағи 7 миллиону 244 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ба ҳамин васила ҳаҷми истеҳсолотро нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда ба 135,9 дарсад баланд бардоштанд. Аз моҳи марти соли ҷорӣ ҶДММ «Нуқрафом» фаъолияти истеҳсолии худро оғоз бахшида, то 1 июли соли равон ба маблағи 2 миллиону 916 ҳазор сомонӣ тавлиди маҳсулоти саноатиро ба роҳ монд. Дар арафаи ҷашн ин корхона бо иқтидори пуррааш ба истифода дода шуда, 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешавад. Бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр Минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин фаъолият карда истодааст. Мувофиқи нақша давоми ду соли охир панҷ корхонаи азими истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳазору сесад нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳад шуд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар корхонаи азими металлургӣ идома доранд.
Солҳои пеш яке аз муаммоҳои асосии шаҳр ин таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ буд. Ин масъала бо татбиқи лоиҳаи инвеститсионии «Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» дар ҳаҷми 350 ҳазор доллари амрикоӣ (марҳалаи аввал) ҳал хоҳад шуд. Маблағгузории марҳалаи дуюми лоиҳа дар нимсолаи дуюми соли равон ба нақша гирифта шудааст. Тибқи лоиҳа ду насоси пуриқтидор насб гардида, дар назди мавзеи Меҳнатободи шаҳр сохтмони ҳавзи ғунҷоишаш 1000 метри мураббаъ шурӯъ гардид.
Дастгирии ҳамаҷонибаи  аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ самти дигари сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Дар нимсолаи аввал 117 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт. Барои ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани сокинони шаҳр дар  назди Литсейи касбии техникӣ ва маҳаллаи Табошар Маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ташкил гардида, 60 зану духтар ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, алалхусус қолинбофӣ, адрасбофӣ ҷалб шуданд.
Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ҳудуди шаҳр шаш муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумӣ, ду боғчаи бачагона, маркази таҳсилоти иловагӣ ва литсейи касбии техникӣ фаъолият доранд. Соли равон  10 нафар бо квотаи Президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил шуд. Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ иҷро гашт. Баҳри ҷалби наврасон барои истироҳати тобистона урдугоҳи “Уқобак”-и шаҳр аз таъмир бароварда, то ин дам зиёда аз 120 нафар ба он ҷалб гардид.
Марҳалаҳои аввал ва дувуми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳалла, хона ва оилаҳои намунавӣ дар шаҳри Истиқлол ҷамъбаст ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд. Озмуни мазкур барои равнақ ёфтани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, инчунин иттиҳоду сарҷамъии мардум мусоидат кард. Айни замон дар  боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр корҳои азнавсозӣ оғоз гардида, дар арафаи 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ  анҷом дода мешавад.
Дар маҷмӯъ, корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Истиқлол бомаром идома доранд ва итминони комил дорем, ки сокинони меҳнатқарини он дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои нек ва дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои ҳадафҳои бузурги дарпешистода аз тамоми воситаву имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода хоҳад бурд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2016    №: 162    Мутолиа карданд: 554

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед