logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ ҶАВҲАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА,
вазири фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳанӯз дар нахустин иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».

Бешак, дар замони истиқлолият соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намуд. Ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ - ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангии кишвар ва ҳаллу фасли мушкилоти соҳа як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ ба тавсиб расида, ба рушду такомули фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Солҳои охир маблағгузории соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфт. Агар соли 2000 аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, дар соли 2016 ҳаҷми он 825,3 миллион сомониро ташкил намуд. Маблағгузорӣ ба соҳаи фарҳанг ва варзиш дар давраи истиқлолият 504 маротиба афзуд. Музди меҳнати кормандон 16 маротиба зиёд гардид.
Айни замон, дар кишвар 2351 муассисаи санъату иҷтимоӣ–фарҳангӣ, аз ҷумла 17 муассисаи театрии касбӣ, 6 муассисаи консертӣ, Сирки давлатии Тоҷикистон, 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла 3 мактаби олӣ фаъолият доранд.
Танҳо дар давоми 5 соли охир дар ҷумҳурӣ 16 бинои нави хона ва қасрҳои фарҳанг, 5 осорхона, 13 китобхона бунёд ёфт. Аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун бинои 305 китобхона, 101 хона ва қасрҳои фарҳанг таъмир гардиданд.
Бо кӯшиши пайгиронаю дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ба мақсади мукаммал гардондани ду фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик – рақс ва мусиқӣ, соли 2003 Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ ва мактаби олии мусиқӣ – Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин муассисаҳои таълимӣ баҳри комил сохтани зинаҳои таълимоти мусиқӣ ва тарбияи кадрҳои баландтахассус саҳми муносиб гузошта истодаанд.
Дар ин муддат шумораи толибилмони тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷ хеле афзуда, шумораи донишҷӯёни соҳа дар хориҷи кишвар ба 124 нафар расид. Зимнан, теъдоди хатмкунандагони макотиби хориҷ дар муассисаҳои фарҳангии кишвар пайваста меафзояд.
Бахшида ба 20 - солагии Истиқлоли-яти давлатии Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони ҳунарманд «Сапеда» баргузор гардид, ки дар кори он Пешвои миллат иштирок намуд. Ба муносибати ин фестивал бори нахуст хори бачагонаи ҷумҳуриявӣ иборат аз 300 нафар, оркестри созҳои халқии бачагонаи ҷумҳуриявӣ иборат аз 150 нафар ва ансамблҳои бачагонаи рубобнавозон, скрипканавозон дар ду гурӯҳ – хурдсолон ва калонсолон, дуторнавозон, гурӯҳи раққосони хурдсол таъсис ёфт.
Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар ёдгории таърихии “Саразм” ва “Боғи миллии Тоҷикистон” шомили рӯйхати Мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шуданд. Мусиқии классикии “Шашмақом" низ аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси суннатии тоҷикон эътироф гардид. Дар ин давра моҳияти дини ислом ҳамчун дини фарҳангофар дар таърих ва фарҳанги тоҷик маънои нав пайдо кард. Эълон намудани соли 2009 Соли бузургдошти Имоми Аъзам ба омӯзиши фарҳанги исломӣ ва худшиносии миллӣ равона гардида буд ва он натиҷаи хуб ба бор овард.
Бинои нави 9 ошёнаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхона - мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Мамнӯъгоҳи таърихӣ - фарҳангии Ҳулбук, Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, осорхонаҳои миллии бостонии Тоҷикистон, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Таърихи вилояти Суғд аз зумраи муассисаҳои фарҳангии замони муосир мебошанд.
Яке аз падидаҳои хуби даврони истиқлолият ин таъсиси Коллеҷи хореографӣ, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, таъмиру таҷдид ва мавриди истифода қарор гирифтани ягона арғунун ба шумор меравад.
Ин муддат дар фаъолияти васоити ахбори омма ва табъу нашр дигаргуниҳои зиёд ба амал омад. Барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма, пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Дар заминаи маҷмӯи асноди ҳуқуқӣ низоми васоити ахбори омма, хусусан матбуоти даврӣ, ки дар замони шӯравӣ типи ягонаро ташкил медод, гуногунтип гардид. Аз як тараф истиқлолияти давлатӣ, аз сӯи дигар асноди ҳуқуқӣ боис гардид, ки низоми матбуоти тоҷик аз ҷиҳати типи нашрияҳо дигаргун шавад ва рушд ёбад. Барои далел, агар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 191 рӯзномаву маҷалла интишор мегардид, имрӯз наздик ба 450 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад. Аз ин теъдод 275 адади он ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Дар солҳои аввали истиқлолият дар кишвар танҳо 1 оҷонсӣ фаъолият мекард, имрӯз теъдоди онҳо ба 11 адад расидааст, ки 10 адади он ғайридавлатӣ аст.
Ин пешравиҳо дар васоити ахбори электронӣ бештар ба назар мерасад. Масалан, дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон танҳо 1 шабакаи радиоӣ ва 1 шабакаи телевизионӣ мавҷуд буд, ки бо вақти маҳдуд ба эфир мебаромаданд. Ҳоло дар кишвари соҳибистиқлоли мо 46 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 шабакааш хусусӣ аст.
Дар   25 - соли Истиқлолияти давлатӣ даҳҳо иншооти дорои аҳамияти фарҳангӣ, бахусус муассисаҳои миёнаву олии таълими мусиқӣ ва дигар соҳаҳои фарҳанг бунёд ва таъмиру навсозӣ гардиданд. Танҳо соли равон ба ифтихори Ҷашни Истиқлолият сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар, театри вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ идома ёфта, 12 иншооти фарҳангӣ дар вилояти Хатлон, 11 иншоот дар вилояти Суғд ва 13 иншоот дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Мероси ғановатманди таърихию фарҳангии халқи тоҷик яке аз захираҳои адонашавандаи рушди фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ғояи асосӣ ва стратегии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити вусъати раванди бебозгашти ҷаҳонишавӣ барои даҳсолаҳои минбаъда дар заминаи андешаи хеле дақиқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст» бояд амалӣ гардад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2016    №: 162    Мутолиа карданд: 2307

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед