logo

ҳуқуқ

«МАСЪУЛОН БА КУҶО МЕНИГАРАНД?»

Посух ба матлаби «Масъулон ба куҷо менигаранд?», «Ҷумҳурият»,  № 135 (22957), 12 июли соли 2016
Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа мақолаи «Масъулон ба куҷо менигаранд?» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  № 135 (22957) 12 июли соли 2016 ба чоп расидааст, мавриди санҷиш қарор дод.
Муайян гардид, ки бо қарори раиси  ноҳияи Бохтар, № 36 аз 21 феврали соли 2001 аз заминҳои ғайрикишоварзии Ҷамоати деҳоти «Авангард» 0,29 гектар замин барои сохтмони нуқтаи фурӯши маводи нафтӣ ҷудо карда, дар он нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ кушода шудааст.
Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани тарҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон» аз 12 - уми декабри соли 2011, таҳти № 627 ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани тарҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон» аз 29 - уми марти соли 2012, таҳти № 303 ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа мувофиқи лоиҳа тағйир дода, аз ҷумла нуқтаи фурӯши маводи нафтӣ ҳам ба заминҳои шаҳри Кӯрғонтеппа дохил гардидааст.
Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа бо қарори  № 568, аз 5- уми ноябри соли 2015 барои азнавсозӣ намудани нуқтаи фурӯши сӯзишвории гази моеъ ба ҶДММ «Баҳор Ойл» дар ҳудуди қитъаи замини дар истифода қарор доштааш, воқеъ дар буриши кӯчаҳои ба номи Ҷ. Мирзоқодирова ва Г. Норинов (Ургутмаҳалла) дар мувофиқа бо шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа иҷозат додааст. Ҳамин тариқ, нуқтаи фурӯши сӯзишвории гази моеи ҶДММ «Баҳор Ойл» дар шаҳри Қӯрғонтеппа пурра азнавсозӣ гардид.
С. А. ИСМОИЛЗОДА,
иҷрокунандаи вазифаи прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа,
мушовири адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2016    №: 163    Мутолиа карданд: 2094

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед