logo

иҷтимоиёт

БА ПИРОНИ КОР ЭҲТИРОМ ДОРЕМ

Посух ба матлаби «Як чойхона намерасад», «Ҷумҳурият»,  № 136 (22958)
Маслиҳати пирони кор дар пешравӣ ва ободонию созандагии ин сарзамини бостонӣ қадри шоиста дорад.
Дар ҷаласаи васеи назди раиси ноҳияи Фархор бо иштироки масъулони соҳа мақолаи собиқадори соҳаи маориф, устоди гиромиқадр С. Аминов таҳти унвони «Як чойхона намерасад», ки дар шумораи № 136 (22958)-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» 13.07.2016 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор ёфт.  Диққати муовини соҳавии раиси ноҳия, раиси Ҷамоати шаҳраки Фархор, роҳбари ҷамъияти матлубот, мудири бахши фарҳанг, директори боғи фарҳангӣ – фароғатӣ ва роҳбарони муассисаҳои маишӣ – хизматрасонӣ, аз ҷумла чойхонаҳо ба ислоҳи камбудиҳо ҷалб карда шуд.
Боғи фарҳангию истироҳатии ноҳияи Фархор дар майдони 6,5 га доман паҳн намуда, яке аз ҷойҳои дӯстдоштатарини сокинон мебошад. Соли 2013 бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боғ бо маблағи 6 миллиону 431 ҳазор сомонӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар дохили боғ ба ғайр аз дигар иншооти хизматрасонӣ соҳибкор Анвариддин Шарифов бо харҷи 4 миллиону 860 ҳазор сомонӣ чойхонаи сеошёна барои 200 ҷойи нишаст сохта ба истифода додааст, ки барои истироҳати аҳолии ноҳия ҷойи муносиби фароғат маҳсуб меёбад.
Дар ҳудуди боғ як қатор муассисаҳои маишию хизматрасонӣ, аз қабили «Чойхонаи миллии Фархор», ошхонаҳои парҳезии «Билол» ва «Файзи бародарон», қаҳвахонаи «Хушнамо» ҳамарӯза фаъолият бурда, ба муштариён хизмат мерасонанд. Дар масъалаи дастрасӣ ба матбуоти даврӣ бошад, дар чанд дукони алоҳида фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудааст.
Барои собиқадорони меҳнати ноҳия дар чойхонаи «Табассум» 3 ва дар қаҳвахонаи «Хушнамо» 4 кати нишаст иловатан монда шуд.
Эродҳоро ба унвони худ дуруст шуморида, тамоми чораҳоро меандешем, то шароити арзандаю шоистае барои шаҳрвандони ноҳия муҳайё намоем.
Раъно РАҲИМЗОДА,
раиси ноҳияи Фархор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2016    №: 163    Мутолиа карданд: 338

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед