logo

иқтисод

ТУТА АБСОЛЮТА. КИРМЕ, КИ ПОМИДОРРО НОБУД МЕКУНАД

Пайдоиши мараз бо номи  миттаи помидор ё тута абсолюта дар кишварҳои ҷаҳон солҳост, ки боиси камҳосилии рустании помидор гашта, арзиши онро хеле гарон кардааст. Дар кишвари Беларус соли 2010 паҳншавии тута абсолюта дар майдонҳои кишти сабзавот  зироатҳоро хароб сохта, мӯҷиби   15 карат баланд шудани нархи помидор гардида буд.  Ин зараррасон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст моҳи июл ва аввали августи соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии  ба номи Латиф Муродов, Абдураҳим Юсуфови шаҳри Ҳисор, ҷамоатҳои Ватан, Гулшани ноҳияи Фархор ва Оқсуи ноҳияи Данғара  ба мушоҳида расид.

Аз рӯйи таҳқиқоти мутахассисон, ватани ин кирм Амрикои Ҷанубист. Ҳашароти мазкур хеле зуд паҳн гардида, ба ғайр аз помидор картошка, булғорӣ, карам, қаламфур ва зироатҳои лӯбиёгиро хароб месозад. Авҷи паҳншавии тута абсолюта дар Русия, Беларус ва Украина солҳои 2010-2011 ба назар расид.
Модинаи  тута абсолюта дар  пушти  барг аз 250 то 300 тухм  мегузорад.  Ҳамагӣ  15 рӯз  умр бинад ҳам,  10 - 12 бор насл медиҳад. Тухми он майда, шаклаш  силиндрӣ ва қаймоқранг аст.  Дарозиаш - то  3,5 мм. Як  кирм то 5 барги рустаниро нобуд мекунад.  Давоми умри кӯтаҳи хеш ҳамаи узвҳои помидор – нуқтаи сабзиш, поя, гул ва меваро нест месозад. Кирми миттаи помидор аксаран аз  барги рустанӣ ғизо мегирад ва  баргро сӯрох карда, мезофил (мағзи) – и  бофтаро мехӯрад
Заҳрхимикатҳо дар бисёр ҳолат ба миттаи помидор таъсир расонда наметавонанд. Вақте кирм мағзи баргро мехӯрад, пӯсти он аз ду тараф зард шуда, хушк мегардад ва  зараррасон аз ҳама хавфу хатар эмин мемонад. Яъне умрашро дар таркиби барг сипарӣ мекунад ва доруҳои зидди зараррасонҳо таъсир намекунанд.  Заҳрҳо ба ҷойи хушкидаи  барг таъсире намерасонанд. Аз ин рӯ, маҳв сохтани миттаи помидор аз зироатҳо хеле мушкил аст. Ҳолати инкишофи зироатро пайваста назорат бурдан ва пешгирӣ аз паҳншавии марази номбурда бо истифодаи заҳрхимикатҳо, яке аз роҳҳои асосии мубориза бо он  мебошад.  Баъди пайдо гардидани ягон намунаи он дар бехаи помидор дар ҳар 15 рӯз яке аз заҳрхимикатҳои «Тайшин»,  «Конфидор»,  «Арриво», «Аваунт», «Каратэ» ва ё «Алт Алф» - ро пошидан зарур аст.
Пайдоиши тута абсолюта ҳоло масъалаи ҳалталаби соҳаи кишоварзист. Сабзавоткорони ҷумҳурӣ айни замон онро хуб намешиносанд ва инсектитсидҳо (маводи кимиёӣ) - ро дар давраҳои муайянгардида истифода намебаранд. Дар натиҷа миттаи помидор  киштзорро фаро гирифта, аз 60 то 80 дарсади ҳосили рустаниро аз байн мебарад. Бинобар ин, барои мубориза бар зидди ин ҳашароти дар мамлакат навпайдо пурра омӯхтани фенологияи он аз ҷониби мутахассисони соҳа нақши асосӣ мебозад. Ҳамчунин, мусоидати идораҳои дахлдор ҷиҳати ташкили озмоишгоҳ ва фароҳам сохтани лавозимот амри зарурист.  Дар ин маврид ба кишоварзон усулҳои беҳтари мубориза бар миттаи помидорро пешниҳод намудан имкон дорад.
Абдумусобир БОБОЕВ, 
номзади илмҳои кишоварзӣ,
дотсенти кафедраи асосҳои агрономии
 Донишгоҳи давлатии Данғара,
Бахтиёр РАСУЛ, номзади  илмҳои кишоварзӣ,
декани факултети аграрии донишгоҳ,
Тошалӣ МУҚИМОВ, раиси ҶДММ  «Тиҷорат Агрохимия»,
Нозир ШАРИФОВ,
сармутахассиси ҶДММ  «Тиҷорат Агрохимия»

АЗ ИДОРА
Тавре мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва олимони рустанипарвар изҳор доштанд, дар баробари  зараррасони номбурда, гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво низ имсол ба  ҳосилнокии помидор  таъсир расонд.  Инчунин,  имрӯзҳо мавсими омодасозии хӯришҳои гуногун буда,  талабот ба ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шудааст. Бино ба  маълумоти масъулони    «Тоҷикматлубот»,  рӯзҳои наздик  бо муътадил шудани ҳаво ва ба ҳосил даромадани киштзорҳои дигар помидори фаровон дастраси аҳолӣ мегардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2016    №: 163    Мутолиа карданд: 1091

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед