logo

иқтисод

ПИСТА. МАЙДОН - ВАСЕЪ, ҲОСИЛ – КАМ

Бино ба маълумоти Ҷумъахон Сафаров, сухангӯйи Агентии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 81 ҳазор гектар пистазор мавҷуд аст. Соли 2015 аз ин майдони пистазор 84,8 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки дар муқоиса ба даврони шӯравӣ бамаротиб кам аст. Вобаста ба ҳосили имсолаи писта ҳанӯз омори дақиқ нест, зеро феълан пистачинӣ дар ҷумҳурӣ идома дорад. Хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Данғара 15 ҳазор гектар, Панҷ 18,7 ҳазор гектар, Фархор 6,4 ҳазор ва Қубодиён 5,9 ҳазор гектар замин дошта, калонтарин хоҷагиҳое мебошанд, ки ба парваришу истеҳсоли писта машғуланд.
Ҷумъахон Сафаров сабаби аз майдони васеи пистазор рӯёндани ҳосили камро чунин арзёбӣ кард: «Дар баъзе хоҷагиҳо дар майдони 1 гектар танҳо якчанд ниҳоли писта мавҷуд аст, вале холигии атрофи он низ ҳамчун пистазор сабт шудааст».
Ба андешаи мутахассисони соҳа, солҳои 1985-1990 танҳо Вазорати хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ (ҳозира Агентии ҷангал) 700 тонна писта ҷамъоварӣ мекард. Ҳарчанд солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар натиҷаи беназоратӣ истеҳсоли писта кам гардид, аммо баъди расидан ба сулҳу субот аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати васеъ намудани майдони пистазор, ҳосилнокӣ ва пайвандсозии навъҳои рақобатпазир тадбирҳои зиёд андешида шудаанд. Ҳадафи асосӣ аз қабули «Барномаи рушди хоҷагии ҷангал барои солҳои 2006-2015» низ васеъ кардани майдони пистазор, истеҳсол ва афзун намудани содирот буд.
Ёдовар мешавем, ки пистаи тоҷикӣ дар хориҷи кишвар низ харидори зиёд дошта, ҳатто ба кишвари дури Япония содирот шудааст. Имрӯз низ харидорони маҳсулоти табиии бомазза ва аз нигоҳи экологӣ тозаи Тоҷикстон, аз ҷумла меваи хушку тар, асал ва писта дар хориҷи кишвар хеле зиёданд.
Пас, месазад таваҷҷуҳ ба истеҳсол ва содироти пистаи маҳаллӣ низ бештар бошад. Аз ҳисоби содироти пистаи босифати Тоҷикистон даромади зиёд гирифтан имконпазир аст.
Лашкар ШАРИФ,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2016    №: 163    Мутолиа карданд: 1343

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед