logo

иқтисод

ҲАСИБҲОИ ВАТАНӢ. ОЁ СИФАТИ ОНҲО БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮСТ?

Чанде қабл аз тарафи гурӯҳи кории Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти бесифат ва ба саломатӣ хатарнок дар коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳасибии  шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он санҷиши давлатӣ гузаронда шуд. Дар раванди санҷиш барои риоя накардани талаботи меъёрӣ  19 нафар истеҳсолкунандагони маҳсулоти ҳасибӣ тибқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозот шуданд.

Дар робита ба ин масъала бо мақсади ба танзим даровардан ва ислоҳи камбудиҳо дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки роҳбарон ва намояндагони корхонаву сехҳои истеҳсоли ҳасиб, ки дар пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият доранд, вохӯрӣ доир гардид.
Ибодулло Қурбониён, директори агентӣ,  доир ба мушкилоти дар ин самт ҷойдошта сухан гуфта, аз риоя нагардидани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳангоми истеҳсол ва ба муомилот баровардани маҳсулоти ҳасибӣ изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки талаботи муқарраршударо риоя намуда, ба мардум маҳсулоти ғизоии босифату бехатар пешниҳод намоянд.
Аз ҷумла зикр гашт, ки бо назардошти қабул гардидани регламентҳои техникии «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ» минбаъд истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти ҳасибӣ ба танзим дароварда, назорат дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монда мешавад.
- Ҳолатҳои зиёде ҷой доштанд, ки истеҳсолкунандагони ҳасиб аз пӯсти мурғ истифода мебурданд, вале имрӯз истифодаи он бо дигар маҳсулоти гӯштӣ қатъиян аз Шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулот хориҷ карда шуд ва он таъйиноти мушаххаси истифода надорад. Дар ин замина тавсия дода мешавад, ки дар истеҳсоли ҳасиб асосан  маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатари ватанӣ истифода шавад. Дар самти гузарондани назорати давлатӣ минбаъд намунаҳои пешниҳодӣ  барои ташхис ҳам аз коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ҳам аз нуқтаҳои савдо гирифта мешаванд. Инчунин, дар самти тамғагузорӣ низ камбудиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, сабт намудани санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмоли маҳсулот дар маводҳои худчасп зиёд ба назар мерасанд,- таъкид намуд И. Қурбониён.
Масъулони раёсату шуъбаҳои дахлдор барои беҳтар намудани сифати ҳасиб, истифодаи босамари технологияҳои муосир, риояи қоидаҳои санитарӣ, истифодаи маҳсулоти хоми гӯштии ба талабот ҷавобгӯй, тамғагузории маҳсулот тибқи талаботи регламенти техникӣ ва дигар камбудиҳои ҷойдошта дар самти истеҳсол ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти ҳасибӣ фикру андешаҳои ҷолиб изҳор доштанд.
Соҳибкорон ба саволҳо доир ба талаботи меъёрӣ - техникӣ, истифода аз маҳсулоти хоми истеҳсоли ватанӣ  ва роҳҳои беҳбудӣ бахшидан ба сифати истеҳсоли ҳасиб аз мутахассисони соҳа  ҷавоб ва маслиҳатҳои ихтисосӣ гирифтанд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2016    №: 163    Мутолиа карданд: 1412

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед