logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН ҲАМЕША АЗ ҲУҚУҚИ ПАНОҲАНДАВУ ГУРЕЗАҲО ДИФОЪ МЕКУНАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, соли 1994 ба Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо (соли 1951) ва Протоколи марбут ба мақоми гурезаҳо (соли 1967) ҳамроҳ шудааст. Дар ин робита, дар Конститутсия зикр ёфтааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Ин муқаррарот нисбат ба онҳое, ки тибқи қонунгузорӣ шахси паноҳҷӯянда ё гуреза эътироф шудаанд, дахл дорад. Дар баробари ин, шахсони мазкур уҳдадоранд қонунҳои давлат ва урфу одатҳои кишвареро, ки дар он қарор доранд, эҳтиром намоянд.
Дар кишвари мо масъалаҳои вобаста ба асосҳо ва тартиби дар ҳудуди ҷумҳурӣ гуреза донистани шахсони паноҳҷӯянда, вазъи ҳуқуқии гурезаҳо, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ба танзим дароварда мешаванд. Ин қонун ба гурезагон ҳуқуқ ба ёрии тиббӣ, таъмин шудан бо ҷойи кор, машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна, ёрдампулӣ ва истифода аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузорӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди ба таври доимӣ истиқоматкунанда пешбинӣ намудааст, кафолат медиҳад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 2044 гуреза ва 246 шахси паноҳҷӯянда ба қайд гирифта шудаанд. Инчунин, аз ҷониби Намояндагии раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ба 320 нафар мандати гурезагӣ дода шудааст. Тазаккур бояд дод, ки дар кишвар аксари шахсони мақоми гурезадоштаро шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташил медиҳанд. Мувофиқи маълумот, соли сипаришуда 2037 шаҳрванди Афғонистон ҳамчун гуреза ба қайди расмӣ гирифта шудаанд.
Ба шахсони паноҳҷӯянда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ба муҳлати се сол мақоми гурезагӣ ва боз ҳам баробар ба ҳамин муҳлат шаҳодатномаи гурезагӣ дода мешавад.  Дастрасӣ ба расмиёти гирифтани мақоми гурезагӣ барои шахсони паноҳҷӯянда, ки ба таври қонунӣ дар асоси раводид ба кишвар ворид шудаанд, мушкил надорад.
Ба ҷуз аз  қонуни мазкур, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунад, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои зерқонунӣ низ ба шахсони паноҳҷӯянда ва гурезагон, инчунин ба гурӯҳҳои алоҳидаи онҳо ҳуқуқу озодиҳоро кафолат додаанд. Масалан, мувофиқи фармони якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молия, аз 5 ноябри соли 2014, паноҳҷӯяндагони маъюби қаламрави ҷумҳурӣ ба рӯйхати шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани ёрии тиббии ройгон доранд, ворид карда шудаанд. Инчунин, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон барои ҷойгиркунии муваққатии шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо, ки барои гирифтани мақоми гуреза дар давраи гузарондани чорабиниҳои ибтидоии айнияткунонӣ  ва бақайдгирии пешбинигардида дархост пешниҳод намудаанд, маркази ҷойгиркунонии муваққатӣ сохта шудааст.
Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таъмин гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла гурезаву паноҳандаҳо буда, онҳоро ба сарҳади кишваре, ки дар он ҷо ҳаёт ва озодиашон бинобар нажод, дин шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё ақидаи сиёсӣ хатар таҳдид менамояд, намеронад ва ё барнамегардонад. Принсипи мазкур дар моддаи 14, қисми 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» низ дарҷ гардидааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2016    №: 163    Мутолиа карданд: 2255

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед