logo

ҳуқуқ

САНҶИШҲОИ МОЛИЯВӢ: АЗ ҶИНОЯТҲОИ КОРРУПСИОНӢ ТО ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

(Идома аз шумораи № 159 - 160, 9 августи соли 2016)

Дар Вазорати нақлиёт
Зимни тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии ёздаҳ зерсохтори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари молиявӣ ба маблағи умумии 6,3 миллион сомонӣ ошкор шуд. Аз он камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 63,2 ҳазор сомонӣ, маблағи рӯйпӯшгардидаи андозҳо 3,9 миллион, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 1,6 миллион, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 490,7 ҳазор ва дигар хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 218,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз маблағи зарари молиявии ошкоршуда 4,1 миллион сомонӣ барқарор шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида, таъмини самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои давлатӣ ба роҳбарияти вазорат пешниҳоди алоҳида ирсол гашт.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
Тафтиш зарари молиявиро дар дастгоҳи марказии кумита ба маблағи 46,8 ҳазор сомонӣ ва дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» ба маблағи 127,1 ҳазор сомонӣ муайян намуд.
Таҳлили фаъолияти хоҷагию молиявии Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ» - и кумита нишон дод, ки тавассути музоядаҳо собиқ бинои нозироти андози ноҳияи Ванҷ, бинои маъмурии раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва биною иншооти матбааи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, хилофи талаботи муқарраршудаи қонунҳои амалкунанда хусусӣ гардонда шудаанд.

Дар ҳашт марказ ва гурӯҳҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ
Бо мақсади таъмини назорати давлатии молиявӣ оид ба истифодаи самараноки қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудааст, санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар ҳашт марказ ва гурӯҳҳои лоиҳаҳои инвеститсионии аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда ба анҷом расонда шуд. Муайян гардид, ки аз бемасъулиятии мутасаддиёни соҳа маблағҳои пешбинишуда самаранок истифода нашуда, аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунӣ ҳафт ҳазор сомонӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ 7 миллиону 344 ҳазор, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 54  ҳазор ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 203 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба давлат зиёда аз 7 миллиону 868 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонда шудааст. Дар рафти тафтишу санҷишҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо назардошти санҷишҳои соли қаблӣ аз маблағи зарари молиявии ошкоршуда 18,4 миллион сомонӣ барқарор гашт, ки аз он 16,3 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.

Дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ
Дар 12 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷроиши буҷетҳои маҳаллӣ анҷом дода шуд. Дар ноҳияҳои Ҷиликӯл ба маблағи 3 миллиону 629 ҳазор сомонӣ, Темурмалик 535,1 ҳазор, Ҷалолиддини Балхӣ 1 миллиону 123 ҳазор, Восеъ 736,7 ҳазор, шаҳри Нораки вилояти Хатлон 1 миллиону 88 ҳазор, шаҳрҳои Бӯстон 1 миллиону 318 ҳазор, Гулистон 2 миллиону 170 ҳазор, ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 2 миллиону 21 ҳазор сомонӣ, шаҳри Хоруғи ВМКБ 384,8 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 2 миллиону 57 ҳазор, шаҳри Турсунзода 3 миллиону 211 ҳазор ва шаҳри Роғун ба маблағи 1 миллиону 458 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.

ҶИНОЯТҲОИ КОРРУПСИОНӢ ВА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ
Давоми нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 1128 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор шуд, ки 349 адади онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоргашта 249 адади он ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба ҳисоб рафта, 49 адади онро маблағҳои калон ташкил медиҳанд. Инчунин, 346 ҷинояти қаллобӣ, 21 ҷинояти саркашӣ аз супурдану пардохти андозҳо аз тарафи шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, 55 ҷинояти вобаста ба порахӯрӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ муайян ва ошкор гардид.
Дар ин давра аз ҷониби муфаттишони мақомот 514 парвандаи ҷиноятӣ бо назардошти бақия ба истеҳсолот қабул гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59 парванда зиёд буда, тафтиши пешакии 320 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 422 нафар ба анҷом расидааст. Аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноятии анҷомёфта 277 - тои он нисбат ба 361 айбдоршаванда бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол шудааст.

Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2016    №: 163    Мутолиа карданд: 2426

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед