logo

иқтисод

СОХТМОН АЗ БАХШҲОИ КАЛИДИИ ИҚТИСОД АСТ

Ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи август дар Тоҷикистон иди касбии кормандони соҳаи сохтмону меъморӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Сохтмон аз бахшҳои калидии иқтисод ба шумор рафта дар рушди хоҷагии халқи мамлакат ва ҳалли проблемаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, хусусан бунёди манзили истиқоматию иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ  нақши калидӣ дорад. Маъмулан сохтмон бахши муҳиму ҷолиби сармоягузорӣ маҳсуб меёбад.
Аслан сохтмон бунёди биною иншооти дорои аҳамияти гуногун буда, ба саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, илм, бахшҳои иҷтимоӣ, истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ иртиботи бевосита дорад. Ҳиссаи сохтмон дар бахши ғайриистеҳсолӣ низ назаррас аст. Соҳаи сохтмону меъморӣ дар Тоҷикистон пас аз шарафёб шудан ба Истиқлолияти давлатии кишвар, ба маънии асл, рушди ҳақиқӣ пайдо намуд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ симои шаҳру деҳоти кишвар, хусусан пойтахти он – Душанбе куллан дигаргун гашт. Биноҳое қомат афрохтанд, ки дар минтақа ва ҷаҳон камназиранд. Ҳамин буд, ки Душанбе дар қатори  кишварҳои рушдёфта яке аз шаҳрҳои зебои ҷаҳон эътироф гардид. 
Шарофати Истиқлолияти давлатии кишвар ва ваҳдати миллӣ буд, ки  мо, бинокорони тоҷик, дар фазои осоишу оромӣ ва дӯстӣ маҳорату дониш, дастовардҳои илму техникаи муосир ва таҷрибаи кории худро истифода бурда, ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардем. Китобхонаю осорхона, биноҳои баландошёнаи маъмурӣ, иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ва иншооти дигари пойтахт, Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Хоруғ, Ҳисор ва  шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ боиси ифтихори бинокорон ва ҳар як сокини кишваранд. Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки имсол Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мизбони ин ҷашни фархунда буд, садҳо иншооти муҳими хоҷагии халқ мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтанд. Маҷмааҳои тандурустии «Истиқлол», савдои «Ашан»,  фарҳангию фароғатии «Роҳат», хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, мактабу кӯдакистонҳо аз ин зумраанд.
Рамзист, ки Сарвари давлат имсол низ дар арафаи иди касбии сохтмончиён дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Роғун аз бузургтарин сохтмони мамлакат НБО Роғун дидан карда, бинокоронро дар бунёди ин иншооти таърихию ифтихории аср ба масъулиятшиносию иҷрои босифати корҳо ҳидоят намуданд.
Лозим ба таъкид аст, ки  дар нимсолаи аввали соли равон инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи  манбаъҳои   сармоядиҳӣ ба маблағи 4 миллиарду 860 миллиону 700 ҳазор сомонӣ истифода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта   18,9 дарсад зиёд аст.
Ҳамчунин дар ин муддат ба масоҳати умумии 357 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 1420 ҷой, беморхона барои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 1136 бемор дар як баст ва муассисаи томактабӣ барои 280 ҷой ба истифода дода шуданд.
Аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаҳои генералии 35 шаҳру ноҳияҳо бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Ҳаҷми корҳои иҷрошудаи лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотӣ дар ташкилотҳои системаи кумита дар нимсолаи якуми соли 2016  беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.                                                                               
Мутобиқ  ба талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбати сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ дар  65 шаҳру навоҳӣ санҷишҳо гузаронда, барои корҳои пастсифат масъулон ба маблағи  289820 сомонӣ ҷарима шуданд.  223 лоиҳаи сохтмонӣ   барои гузарондани ташхиси давлатӣ ба раёсати  экспертиза пешниҳод гардид. 
Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии ҷумҳурӣ дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мактаби зеҳнии президентӣ дар шаҳри Душанберо таҳия намуда, кумита онҳоро барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Варианти КВД Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” қобили қабул шуморида шуд.  
Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи эълон намудани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқӣ  доир  ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғчаи кӯдакон бо муҷассамаи «Меҳри модар» дар маҳаллаи 117» лоиҳаи боғчаи кӯдакон барои 1200 нафар ҷой бо номи «Меҳри модар» ва “Муҷассамаи модар” таҳия гардид. Дар пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ҳамчунин, лоиҳаҳои ангоравии маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дар Боғи фарҳангию фароғатии “Дӯстии ҳалқҳо” таҳия мешаванд.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишгари иншооти “Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе” таъйин гардидааст. Ҳоло оид ба рафти корҳои сохтмонии иншооти “Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе” ситод ташкил шудааст ва ҳамарӯза  масъалаҳои ба  миён омада ҳаллу фасл мешаванд. Алҳол дар масҷид корҳои ороишию ободонӣ идома доранд. 
Лоиҳакашон, меъморон ва сохтмончиёни ҷумҳурӣ ба шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ барои пешрафти Ватани азизу маҳбуб, сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни таърихӣ минбаъд низ азму талоши худро дареғ намедоранд ва барои боз  ҳам беҳтар кардани сифати корҳои сохтмониву лоиҳакашӣ, суръат бахшидан ба равиши фаъолияти бинокорӣ  ва ободу зеботар кардани Тоҷикистон ба  комёбиҳои бештар  ноил  мегарданд.
АҲМАДЗОДА Ҷамшед,
раиси Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2016    №: 163    Мутолиа карданд: 1368

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед