logo

маориф

БОНУВОН. САҲМИ ОНҲО ДАР РУШДИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ САНГВОР БЕШТАР МЕГАРДАД

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар минтақаи кӯҳистони кишвар, хусусан дар ноҳияи дурдасти Сангвор соҳаи маориф рушд намуда, тибқи квотаи ҷудонамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола  духтарони ноҳия  ба мактабҳои олӣ дохил гардиданд.
Дар давоми 5 соли охир тибқи квотаи президентӣ 121 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ  ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин шумора 60 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Ба фаъолият оғоз намудани Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт боиси зиёд шудани теъдоди донишҷӯдухтарон, аз ҷумла толибилмони ноҳияи Сангвор гардид.
Ба андешаи корманди шуъбаи  маорифи ноҳияи Сангвор Ғайратшо Шарифов, духтарони ноҳия нисбат ба дигар навоҳии кӯҳистони ҳамсоя фаъолтар буда, барои идомаи таҳсил шавқи зиёд доранд. Масалан, имсол ба 12 ҷойи тариқи  квота ҷудошуда, зиёда аз 60 нафар духтарони деҳоти дурдаст  барои идомаи таҳсил ҳуҷҷат супориданд. Аз соли 2012 инҷониб ҳамасола аз 23  то 29 нафарӣ тариқи квота ба муассисаҳои олӣ дохил мегарданд, ки бештар аз 50 дарсади онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
 Дар суҳбат бо мо чанд нафар  духтарони хатмкардаи муассисаҳои таълимӣ арз намуданд, ки хуб мешуд, шумораи квота барои духтарони ноҳия  зиёдтар карда шавад. Зеро духтарони деҳоти дурдасти ноҳия бо вуҷуди доштани дониши хуб ва шавқу рағбати беандоза ба таҳсил аз ин  имконияти фароҳамомада маҳрум мемонанд.
Ҳамасола аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин қабил донишҷӯён кумакҳои моддӣ расонда мешавад. Аз ҷумла, 15 нафар донишҷӯёни оилаҳои камбизоат 250 - сомониӣ барои пардохти маблағи хобгоҳ кумакпулӣ мегиранд.
Яке аз мушкилоти асосии соҳа дар давоми панҷ соли охир ин норасоии омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ ва англисӣ, фанҳои кимиё, физика, математика, технологияи информатсионӣ буд. Хушбахтона, то имрӯз ба шарофати квотаи ҷудонамудаи Президенти мамлакат масъалаи норасоии кадрҳо ба ҷуз аз норасоии омӯзгорони  фанҳои забонҳои русию англисӣ ва технологияи информатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳалли худро ёфтааст.  Пурра намудани ихтисосҳои мазкур яке аз мушкилоти асосиест, ки дар пешорӯи шуъбаи маорифи ноҳия қарор дорад.
Дар ин муддат ба мақсади дастгирии  иҷтимоии омӯзгорон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ба 31 нафар омӯзгор ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ  қарзҳои бефоиз барои шуғлҳои иловагии  чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ  дода шуданд.
Сол то сол аз сабаби зиёд шудани шумораи хонандагон зарурати бунёди биноҳои наву иловагӣ пеш меояд. Бо ин мақсад дар давоми панҷ соли охир дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия синфхонаҳои иловагӣ сохта  шудаанд. Дар соли нави таҳсили имсола бо маблағгузории Барномаи рушди Олмон  дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 3 – и деҳаи Миёнаду ва  4 - и деҳаи Ёзған синфхонаҳои  иловагӣ сохта мешаванд.
 Раванди ҷалби духтарону занон ба кору таҳсил дар ноҳияи дурдасти Сангвор дуруст ба роҳ монда шудааст, ки  шумораи зиёди кормандон аз ҳисоби занон дар муассисаҳои давлатию ҷамъиятии  ноҳия ба ин шаҳодат медиҳад. Имрӯзҳо дар маҷмӯъ 335 нафар занон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанги ноҳия аз ҳисоби занон 17 нафар, соҳаи кишоварзӣ 27 нафар, тандурустӣ  64 нафар,  маориф 149 нафар, ва соҳибкорӣ 78 нафар кору фаъолият доранд. Айни замон, шумораи  занони роҳбарикунанда дар ноҳия 15 нафарро ташкил медиҳад.
Ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ дар баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва некуаҳволии  занону духтарони кӯҳистон мусоидат менамояд. Хусусан, квотаи президентӣ барои духтарони ноҳияи  кӯҳистони Сангвор имконияти мусоиде  барои идомаи таҳсил  фароҳам оварда, боиси баланд гардидани сатҳи маърифату дониш, фаъолияти муфиди  онҳо дар рушди хоҷагии халқ ва  ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат гардидааст.

Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2016    №: 163    Мутолиа карданд: 4682

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед