logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАВЗЕИ КАНАСК

13 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал бо сафари корӣ ба мавзеи Канаски Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Дар ин ҷо нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баробари тамошои табиати дилфиреби мавзеъ бо фаъолияти картошкапарварон ва вазъи рушди соҳа дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуд.
Майдони умумии мавзеи Канаск 44 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва иқлими он басо серун ва табиаташ зебову назаррабост. Заминҳояш дар ду фасли сол - баҳору тобистон сабзпӯшанд. Канаск дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат дар баландии 2400 - 2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 километр дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир буда, бо гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои мусаффо, рӯди обаш сард  ва чашмаи оби гарм барои истифодабарандагон, алалхусус чорвопарварон ва занбӯриасалпарварон, ки моҳҳои зиёд муқими ин ҷо мегарданд, басо созгор аст.
Дар талу теппаҳо ва чарогоҳҳои сарсабзи мавзеъ, ки айни ҳол барои парвариши чорво мувофиқ аст, 210 нафар чорводор ба нигоҳубини зиёда аз 50 ҳазор сар чорвои хурд машғул мебошад.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ барои рушди соҳаи картошкапарварӣ қитъаҳои муайяни замин ҷудо карда шудааст. Имсол дар заминҳои мавзеи Канаск аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Диамант К» дар майдони 63 гектар ва дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 20 гектар кишти картошка ба роҳ монда шудааст.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашон сокинони шаҳри Ваҳдат рушди бахшҳои кишоварзиро аз ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карданд.
Соли равон кишоварзони шаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оқилонаву самаранок истифода бурдани замин, гузарондани кишти такрорӣ ва бо ин роҳ таъмин намудани амнияти озуқаворию мусоидат кардан ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ба ҷойи 3 ҳазору 475 гектари дурнамо дар майдони 4 ҳазору 200 гектар кишти такрорӣ гузаронданд, ки ин 121 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли 2015 - ум 725 гектар зиёд мебошад.
Соли 2016 дар майдони 737 гектар замин кишти картошка ба роҳ монда шуд, ки нисбат ба соли 2015 - ум 250 гектар зиёд аст. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ то 10 августи соли 2016 - ум 21 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар мавзеи Канаск Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти занбӯриасалпарварон низ шинос шуд. Айни замон дар ин ҷо сад нафар сокини шаҳри Ваҳдат бо 400 нафар аъзои хоҷагии хеш ба нигоҳубини 10 ҳазор оилаи занбӯри асал машғуланд. Фаровонии гулу гиёҳҳои шифобахшу шароити хуби экологии мавзеи Канаск барои парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асали аълосифат басо мусоид мебошад.
Имсол занбӯриасалпарварон тасмим доранд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри зиёд намудани ҳаҷми асал дар амал татбиқ намуда, аз ин мавзеъ зиёда аз 160 тонна асал ҷамъоварӣ намоянд. Соли 2015 дар маҷмӯъ занбӯриасалпарварони шаҳри Ваҳдат 233,7 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол бошад, ният доранд, ки ин шумораро ба 250 тонна расонанд.
Зимни суҳбат бо занбӯриасалпарварон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо ворид кардани зотҳои хуби занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро барои содирот ба хориҷи кишвар ва ворид кардан ба бозорҳои ҷумҳурӣ, бештар намоянд.
Ҳадаф аз сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Канаск низ мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар ин минтақа мебошад.
Дар охири шиносоӣ аз шароиту имконоти рушди соҳаи картошкапарварӣ дар мавзеи Канаск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат супориш дод, ки баҳри аз худ кардани 1000 гектар замин барои кишти картошка тадбирҳои мушаххас андешанд.
Супориши дигар вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ, туризми экологӣ ва ба минтақаи истироҳатӣ табдил додани мавзеъ дода шуд, зеро ин минтақаи биҳиштосо бо табиати зебову нотакрор, гулу гиёҳҳои нодир, обҳои мусаффо, рӯдҳои обаш сард ва чашмаи оби гарми шифобахш барои пешрафти соҳаи туризм созгор аст. Дастур дода шуд, ки барои мусоидат ба ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми инфрасохтори бахши туризм, аз ҷумла бунёди роҳу дастрасии алоқа таъмин карда шавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2016    №: 163    Мутолиа карданд: 893

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед