logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНМАРДОН. ЧАРО БА ОНҲО ПАЙРАВӢ НАКУНЕМ?

Дастгирии табақаи  ниёзманди  ҷомеа  тайи чанд соли охир ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Қӯрғонтеппа қариб 400 нафар шахсони яккаву танҳо, маъюб ва пирони барҷомондаву бепарастор  ба таври доимӣ аз ҷониби  мақомоти дахлдор дастгирӣ меёбанд. Раванди ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати  давлату Ҳукумат рӯз аз рӯз сафи ҷавонмардоне, ки дар иҷрои чунин амалҳои нек ҳисса гузоштан мехоҳанд, зиёд мегардад. Яке аз чунин мардони банангу номус соҳибкори маҳаллӣ Абдуҷаббор Хоҷаев мебошад, ки бо саховатмандии худ миёни мардум эътибори хоса касб намудааст.

- Дасти ёрӣ  дароз намудан ба ин қишри ниёзманди ҷомеа, хоса  маъюбон қарзи инсонии ҳар як шаҳрванд аст. Дар ҷомеае, ки роҳбарияти олӣ пуштибони беминнати ниёзмандон аст, чаро онҳое, ки аз файзи ҳамин давлату Ҳукумат баракат ёфтаанд, аз ин амал пайравӣ накунанд. Ҳам аз нигоҳи виҷдон ва ҳам аз диди имон фикр мекунам, ки ин қарз аст. Қарзе, ки адояш фараҳи фаромӯшношуданӣ ва ҳиссиёти нотакрор дорад, - мегӯяд Абдуҷаббор Хоҷаев.
Воқеан, беш аз 20 сол аст, ки ин марди саховатпеша мардуми ниёзмандро дастгиру мададрасон аст. Оғоз аз соли 1994 Абдуҷаббор Хоҷаев эҳтиёҷмандонро бо маводи ғизоӣ таъмин мекард. Бахусус, дар арафаи иду ҷашнҳо гурӯҳ - гурӯҳ аз оилаҳои бепарастор ва пирони барҷомонда аз файзи дастони ӯ баҳра мебардоштанд. Баробари таҳкими амну субот ва ба эътидол омадани вазъи иқтисодӣ тиҷорати Абдуҷаббор Хоҷаев ривоҷ ёфту доираи ёриву дастгириҳояш низ фарох шуд. Акнун ӯ ба ниёзмандон на танҳо маводи ғизоӣ, балки баъзе аз ашёи рӯзгор низ кумак мекард. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ маротибаи сеюм  аст, ки гурӯҳи ниёзмандон аз ҷониби ин соҳибкори муваффақ дастгирӣ меёбанд.
- Мо дастгирии ниёзмандонро аз пирони кор ба мерос гирифтем. Мақсад ҳамин аст, ки насли ҷавонтар оянда дар анҷоми амалҳои волои инсонӣ пешсафтар аз мо бошанд. Муҳимаш шароити амну субот аст, ки имрӯз чун бузургтарин неъмат насибамон гашта. Боқӣ мо вазифадорем, ки бо як амали ночизе ҳам бошад, нишон диҳем, то фарзанди ҳамин миллатем ва аз сиёсати воқеан созандаи ҳукуматамон пуштибонӣ мекунем, - бо ҳаяҷон таъкид месозад Абдуҷаббор Хоҷаев.
Вақте аз амалҳои хайрхоҳонаи чунин марди миллатдӯст воқиф мешавӣ, дар замири кас ҳиссиёти аҷибе ҳувайдо мегардад, ки нишон аз ифтихори миллист. Маҳз чунин фарзандони баномус боварии ҳар яки моро ба ояндаи дурахшони ин миллат неру мебахшанд. Ва насли имрӯзаро дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ифтихор аз давлату миллати худ тарбия мекунанд. Пас, чаро мо, ки низ орзуи пештозии ин миллати таърихан сарбаландро дорем, аз Абдуҷаббор Хоҷаев барин ҷавонмардони миллатдӯсту меҳанпарасти худ пайравӣ накунем?
 Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2016    №: 164    Мутолиа карданд: 429

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед