logo

иҷтимоиёт

ТААССУБ. АЗ ИФРОТГАРОӢ ТО ТЕРРОРИЗМ

Имрӯз  ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва ифротгароӣ ба ташвиш оварда,  он ба масъалаи доғ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ҳаракатҳои тундрав ва моҷароҷӯ ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Амалҳои террористӣ асосан дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ, биологӣ, илова бар ин нобуд сохтан, зарар расондан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо, суиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ анҷом дода мешаванд.  Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ “терроризми исломӣ” таассуби динӣ мебошад. Ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм аз таассуби динӣ маншаъ мегиранд.
Таассуби динӣ ба дараҷае дар ниҳоду равони инсон реша медавонад, ки ҳаётро ба сифр баробар карда, маргталаб худро дар як лаҳза қурбони ҷаҳолат месозад. Дарки бешууронаи арзишҳои Ислом, сатҳи пасти дониш ва ҷаҳонбинии динӣ ва дунявӣ боиси хурӯҷи таассуби динӣ мегардад. Он дар муҳите рушд мекунад, ки ҷаҳонбинии илмӣ, дастовардҳои илм ва арзишҳои дунявӣ шадидан пахш гардида, дар ҷомеа муҳити равонии маҳдуд дар омезиш бо эҳсосоти динӣ ба вуҷуд меояд.
Бо иқдоми Ҳукумати мамлакат моҳи июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Ислом-зидди экстремизм ва терроризми динӣ», бо иштироки намояндагони 30 кишвари ҷаҳон, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ифротгароии динӣ дар минтақа ва ҷаҳон бетафовут нест. Кишвари мо бо мавқеи ҷиддӣ ва устувори худ хостори ҳамкории густурда бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вохӯрӣ,  суҳбат ва ҷаласаҳо  бо аҳолӣ ва  фаъолони  шаҳру ноҳияҳо  вусъат бахшидани мубориза ва роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиро барои фош намудани ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои тундрав таъкид менамоянд. Пурзӯр намудани мубориза бо ифротгароён, гирифтани пеши роҳи онҳо, баланд бардоштани  сатҳи маърифати ҳуқуқии насли наврас, дар маҷмӯъ шаҳрвандон, зери назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти имомхатибон ва масҷидҳо, рафтору гуфтори ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти дахлдори вилоят қарор дорад. 

Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2016    №: 164    Мутолиа карданд: 512

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед