logo

иқтисод

ҚОЛИНБОФӢ ДАР ГУЛИСТОН РУШД МЕКУНАД

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳракҳои Сирдарё, Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Навгарзан ва Зарнисори шаҳри Гулистон шаш маркази омӯзишӣ ва истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли адрасу атлас таъсис ёфта, фаъолияти онҳо  хуб ба роҳ монда шудааст. Дар шаҳракҳои Адрасмон ва Консой ба марказҳои қолинбофии дастӣ имтиёз дода шудааст, ки бе супурдани маблағи иҷора фаъолият кунанд.

Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Шероз”-ро ба наздики 8 бону хатм намуд. Айни замон онҳо ба хоҳишмандон дар шаҳракҳои дигар касбҳои хешро меомӯзонанд. Барои таҳсили онҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр 10 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Аз ҳисоби занони хонашин ва бекор 40 нафар ба шуғли қолинбофӣ ва 74 нафар ба адрасбофӣ ҷалб гардида, ҳамаи онҳо соҳиби сертификат шудаанд.
Шумораи навомӯзоне, ки дар марказҳо ҳунарҳои адрасу қолинбофӣ ва ҳунарҳои дигари мардумиро азхуд намуда истодаанд, қариб 150 нафарро ташкил медиҳад.
Дар маркази адрасбофии шаҳраки Сирдарё рангубори риштаҳо барои омода намудани калобаҳои адрасбофӣ (ашёи хоми асосӣ) ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол 15 калобаи бофта ва зиёда аз 2300 метр матои адрас омодаи фурӯш мебошад.
Ҷиҳати татбиқи босамари Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» филиали КВД «Маркази касбомӯзию соҳибкорӣ» дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон сехҳои дӯзандагӣ ва қаннодӣ таъсис дод. Алҳол дар ин ҷо 40  бону фаъолият дорад.
Дар сехи дӯзандагии ҶСК «Равшан» 12 нафар занону духтарон бо кори доимӣ таъминанд. Дар ин ҷо то 10 навъи кӯрпаю болишт, тӯшак, рӯйпӯши бистару болин, либосҳои корӣ ва барои хонандагони мактабҳои шаҳр либоси мактабӣ медӯзанд. Маҳсули дастранҷи ин маркази ҳунарӣ рӯз то рӯз зиёд гардида, шумораи фармоишгарону харидорон меафзояд.
Дар 15 муассисаи таълимии шуъбаи маориф маҳфилҳои рӯзғордорӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ ва адрасбофӣ фаъолият доранд. Муассисаҳои таълимӣ дорои 54 дастгоҳи қолинбофӣ, 1 дастгоҳи адрасбофӣ ва 72 мошини дӯзандагианд.
Бояд зикр намоем, ки дар баробари дастовардҳо дар самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ як қатор камбудиҳо низ мавҷуданд. Афзоиши талаботи мардум зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулот ба аҳолиро тақозо менамояд, аммо истеҳсоли маҳсулот ба андозаи даркорӣ роҳандозӣ нашудааст. ҶСК “Равшан” талаботи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрро бо сарулибоси мактабӣ пурра таъмин карда наметавонад. Истеҳсолот дар ҶСК “Равшан” ва сеху марказҳои дигар бояд васеътар роҳандозӣ гардад. Сифати маҳсулот низ бояд ба талабот мутобиқ ва ба рақобати бозорӣ тобовар бошад.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2016    №: 164    Мутолиа карданд: 1439

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед