logo

иҷтимоиёт

ТИБ. МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ "ИСТИҚЛОЛ" МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДИ ОН АСТ

Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» - ро мутахассисони соҳаи тиб аз дастоварди муҳими соҳа дар замони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ намудаанд. Марказ, ки чанде пеш ба пешвози 25 – умин солгарди соҳибистиқлолии кишвар бунёд ёфтааст, бо таҷҳизоти наву замонавии ҷавобгӯи талаботи рӯз муҷҷаҳаз аст.
Ин маркази замонавӣ, ки ҳадаф аз бунёди он, пеш аз ҳама, ҳифзи сиҳатии аҳолӣ  аст, на танҳо барои мутахассисони соҳаи тиб, балки барои кулли мардуми кишвар дастоварди бузург ба шумор меравад. Зеро қаблан мардум аз сабаби набудани дастгоҳҳои нави ташхис барои муайян намудани беморӣ ва табобат бо харҷи маблағи зиёд  хориҷи кишвар мерафтанд. Интизор меравад, ки бо бунёди маркази нави табобатӣ мушкили мавҷуда ҳалли худро ёбад.
Аслан, лоиҳаи бунёди он соли 1987 тасдиқ  шуда буд, аммо сохтмонаш бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтод. Туфайли соҳибистиқлолии кишвар,  дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ба лоиҳа тағйир ворид шуд ва тибқи меъёрҳои замони муосир бо арзиши беш аз 700  миллион сомонӣ бунёд гардид. Он аз нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст.  
Маҷмааи тандурустӣ дар як баст метавонад 800 беморро ташхис намояд. Дастгоҳҳои ташхис аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои Русия, Чин, Амрико, Ҷопон, Олмон, Финландия ва Чехия дастрас шудаанд. Ба иттилои мутахассисони соҳа бартарии ин дастгоҳҳо дар он аст, ки бо онҳо дар як вақт метавон якчанд амалиётро анҷом дод. Масалан, дастгоҳи ангеография, ки нодир маҳсуб меёбад, на танҳо бемориҳои дилу рагҳои хунгард, балки дигар навъи касалиҳои занонаро низ ташхис менамояд.
Дар озмоишгоҳи  бемориҳои сироятӣ дастгоҳҳои ширкати олмонӣ  дар як соат 96 амалиётро анҷом медиҳанд. Дастгоҳи муосир   беморони гӯш, гулу ва биниро дар якборагӣ метавонад ташхис, беҳис ва табобат намояд. Барои тифлони навзод ва ҷарроҳии кӯдакони бо нуқси модарзодӣ таваллудшуда низ шароити хубу мусоид муҳайёст.
Умуман, 75 дарсади иқтидори маҷмаа барои солимии модарону кӯдакон пешбинӣ шудааст.
Бунёди беморхона ва марказҳои гуногуни тиббӣ дар шаҳру навоҳии  кишвар идома дорад. Ба ин самт пеш аз ҳама соҳибистиқлолии кишвар ва оромиву осудагии он раванди тоза бахшидааст.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2016    №: 164    Мутолиа карданд: 493

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед