logo

ҳуқуқ

ҚОЧОҚ. ГУРӮҲҲОИ НАШЪАҶАЛЛОБ ДАСТГИР ШУДАНД

Бинобар пурзӯр шудани назорати марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон, самаранокиву ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва сохторҳои қудратӣ мусодираи маводи мухаддир дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфт.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии масъули соҳа дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ  2 тоннаю 251 килограмм маводи мухаддир мусодира намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 415 килограмм кам мебошад.
Сабабҳои асосии коҳиш ёфтани мусодираи маводи мухаддирро Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар, аз пурзӯр шудани муҳофизати сарҳади давлатӣ, беҳтар гаштани фаъолияти сарҳадбонон, аз  дигар мақомот ҷалб шудани муҳофизон, мустаҳкамгардии базаи моддӣ - техникӣ, таъсиси дидбонгоҳҳои иловагӣ, андешидани чораҳои муассири зиддимухаддиротӣ, коҳиши масоҳати кишти кӯкнор ва истеҳсоли афюн дар кишвари ҳамсоя маънидод кард.

Талабот ба ҳашиш афзуд
Кормандони агентӣ иброз медоранд, ки вақтҳои охир дар дохил ва хориҷи кишвар талабот ба ҳашиш зиёд шудааст, аз ин рӯ, мусодираи он рӯ ба афзоиш ниҳод.
- Масъалаи дигаре, ки аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин моддаҳои навъи психотропии дар шакли ҳаб паҳншаванда мебошад, - гуфт Хушнуд Раҳматуллоев, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ. Дар  нимсола 9 ҳазору 582 ҳаби МДМА, экстазӣ ва амфетамин мусодира  гардид, ки назар ба соли гузашта се  баробар зиёд мебошад. Мусодираи ҳаби амфетамин дар ҷумҳурӣ бори аввал сурат гирифт. Мувофиқи маълумоти фаврӣ ҳабҳо тариқи ҷумҳуриҳои назди Балтика ба воситаи муомилоти тиҷоратӣ ба вилояти Суғд ва аз он ҷо ба шаҳри Душанбе ворид шудаанд. Ба ин гурӯҳҳои муташаккили фаромиллӣ мусоидат мекунанд, ки бо андешидани тадбирҳои муассир пеши роҳашон гирифта хоҳад шуд.

Ҷинояткорӣ коҳиш ёфт
Дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷиноятҳои мухаддиротӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт. Мувофиқи иттилои манбаъ, 497 ҷинояти вобаста ба муомилоти  ғайриқонунии  маводи нашъаовар дар нимсолаи аввал ошкор гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад кам мебошад.  Аз шумораи умумии ҷиноятҳои содиршуда ба шаҳри Душанбе 145, вилояти Хатлон 152, вилояти Суғд 123, ВМКБ 33, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 44 ҷиноят рост меояд.
Аз маҷмӯи умумии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъадор 372 -тои онро муомилоти ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ, бо мақсади ба соҳибияти нафари дигар додан ташкил медиҳад. Бино ба гуфтаи Шерхон Салимзода, агар солҳои пеш интиқоли маводи мухаддир тавассути аз даст ба даст додан ҷараён мегирифт, алҳол ҷинояткорон барои ба даст наафтодан қароргоҳҳои пинҳониро ба кор мебаранд.

Мубориза пурзӯр мегардад
Дар ин давра мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткор пурзӯр гардид. Фаъолияти чанде аз онҳо, аз ҷумла сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бародарон Исмоиловҳо, ки чун гурӯҳи устувори нашъаҷаллоб арзёбӣ мешуданд, қатъ гашт. Моҳи майи соли 2014  кормандони агентӣ 102,5 килограмм маводи нашъаоваррро дарёфт ва мусодира намуда буданд. Муайян гашт, ки ин амалро гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша содир намудааст ва яке аз онҳо Шуҳрат Исмоилов мебошад. Номбурда баъди андешидани чораҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. 

Амалиёти муштарак
Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби кормандони фаврӣ - ҷустуҷӯии мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Афғонистон панҷ амалиёти муштарак гузаронда шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 99 килограмм  маводи мухаддир мусодира гардидааст. Ҳамчунин, бо Хадамоти федеролии собиқ Хадамоти федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир амалиёти муштарак гузаронда шуда, интиқоли 5 килограмм героин пешгирӣ гаштааст.
Коршиносон иброз медоранд, ки феълан маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд таҳти роҳбарии гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб интиқол меёбад, ки дарёфту қатъ гардондани фаъолияти онҳо мушкил аст. Барои дар ин самт муваффақ гаштан сохторҳои дахлдори мамлакат  ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии мутақобилан судмандро ба роҳ мондаанд.
Шаҳнози  ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2016    №: 164    Мутолиа карданд: 2396

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед