logo

иҷтимоиёт

ВАЗОРАТ МАСЪАЛАРО ЗЕРИ НАЗОРАТИ ҚАТЪӢ ГИРИФТ

Посух ба мақолаи «Зимистонгузаронӣ. Омодагӣ ба он дар ВМКБ ғайриқаноатбахш арзёбӣ шуд», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», 21 июли соли 2016, №141 (22963) ба нашр расидааст.

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсати маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ситоди фаврӣ таъсис ёфтааст, ки рафти омодагии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016 – 2017 – ро назорат менамояд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола роҳбарияти раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сабаби сари вақт харидорӣ нашудани ангиштро дар сари вақт ҷудо нагардидани маблағҳо барои хариди маводи сӯхт, аз ҷумла ангишту ҳезум арзёбӣ менамоянд. Вобаста ба ҳамин масъала ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати аз семоҳаи 3 - юм ва 4 - ум ба семоҳаи 2 - юм ва 3 - юм гузарондани маблағҳои барои хариди сӯзишворӣ ҷудогардида мактуби расмӣ ирсол карда шуд.
Мутаассифона, аз рӯйи маълумоти мавҷуда, то ҳол дар муассисаҳои таълимии ВМКБ ва баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ захира намудани ангишт оғоз нагардидааст.
Дар мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоби ВМКБ нақшаи харидани ангишт ба пуррагӣ  иҷро нагардид.
Дар ин росто, бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти мавҷуда, талаботи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба ҳолати 27.07.2016 ба давраи тирамоҳу зимистон ба 40053 тонна ангишт ва 55262 метри мукааб  ҳезум баробар буда, айни замон 12885,4 тонна ангишт (32,1%) ва 7495,2  метри мукааб (13,5%) ҳезум захира карда шудааст. Эҳтиёҷот ба шишабандӣ 239969,8 метри мураббаъ буда, айни ҳол иҷроиш ба 41,1% баробар мебошад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд масъалаи захира намудани ангишт 85,8%, ҳезум 75,3% ва шишабандӣ 78,4% - ро ташкил медиҳад (захира намудани ангишт дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Шаҳристон ва Айнии вилояти Суғд 100% ва ҳезум бошад, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич ва Истаравшан 100% иҷро гардидааст).
Нақшаи харидани ангиштро дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон танҳо ноҳияи Данғара ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шаҳри Роғун иҷро намудаанд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017-ро зери назорати қатъӣ қарор дода, кӯшиш менамояд, ки дар вақти муайяншуда муассисаҳои таълимиро бо ангишту ҳезум таъмин намояд.
А.БОБИЕВ, мудири шуъбаи маркетинг, моликият ва хариди давлатии
Вазорати маориф ва илм


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2016    №: 164    Мутолиа карданд: 408

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед