logo

иҷтимоиёт

22 СОЛ ДАР РОҲИ НАҶОТ АЗ ОФАТҲОИ ТАБИАТ

Бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  17  августи соли 1994 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 
 Кумита мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати ягонаи давлатиро оид ба таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҳама гуна ҳолатҳои фавқулода ва кам кардани зарар ба иқтисодиёт амалӣ месозад.
Дар кумита сохторҳои касбии садамавию наҷотдиҳӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо аз иҷрои вазифаҳои худ сарбаландона мебароянд. Чунончи, раёсатҳои маркази наҷотдиҳӣ ва дастаҳои зудамал дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, шаҳраки Ғарм ва шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, дар водии Зарафшон низ таъсиси як дастаи зудамал бо таҷҳизоти ҳозиразамони садамавию наҷотбахшӣ дар назар аст.  Дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009 - 2014 аз ҳисоби маблағҳои мутамарказондашудаи буҷети давлатӣ базаи моддию техникии сохторҳои мазкур таҳким ва 32 техникаи садамавию наҷотдиҳӣ ва махсус харида шуд. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оид ба беҳтар намудани иқтидори заминаи моддӣ - техникӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кумита ва захираи кадрӣ таҳия гаштааст.
Дар сохтори кумита дастаҳои зиддижолаи Сарраёсати таъсирнокии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологӣ барои мубориза бо жолазанӣ ва қисмҳои ҳарбии наҷоти кӯҳӣ дар иншооти зеризаминӣ фаъолият менамоянд.
Ҳамкориҳои байналмилалии кумита дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии офатҳои табиат сол ба сол тавсеа меёбанд.  18 майи соли равон дар рафти баргузории кори IX-умин Толори байналмилалии воситаҳои таъминоти бехатарӣ - «Бехатарии маҷмӯӣ - 2016» дар шаҳри Маскав Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо В. Пучков, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия, дидору гуфтугӯ намуд. Дар вохӯрӣ перомуни ҳамкориҳои дуҷониба, тайёрӣ ва бозомӯзии кормандони кумита дар заминаи Академияи ҳифзи шаҳрвандии ВҲФ  - и Русия дар соли 2017, таҷҳизонидани Маркази идоракунӣ ва сохторҳои дигари кумита мубодилаи афкор сурат гирифт. Моҳи сентябри соли ҷорӣ бошад, ба имзо расондани Созишнома байни кумита ва Ҳукумати Ҷопон оид ба идома додани ҳамкориҳо дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибатҳои он дар назар аст. 
Муҳаммадҷон САЛИМЗОДА,
муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2016    №: 164    Мутолиа карданд: 462

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед