logo

ҳуқуқ

САБАБИ МАРГИ САРБОЗ ТАҲТИ НАЗОРАТИ ҚАТЪИИ ФАРМОНДЕҲИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ҚАРОР ДОРАД

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 август дар иртибот ба фавти сарбози қисми ҳарбии 2857- и Қӯшунҳои сарҳадӣ  Забиров Рамазон Зокирович, ки дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд адои хизмат мекард, изҳорот пахш намуд. Дар изҳорот аз нашри матолиби беасоси шабакаҳои интернетӣ, 10 - 11 августи соли равон, таҳти унвонҳои «Марги мармузи Рамазон дар артиш», «Загадочная смерть пограничника: родители заявляют об избиении», «В Согде расследуют причины смерти новобранца», «В таджикской армии умер солдат, предположительно, в результате «дедовщины»  изҳори нигаронӣ шудааст.  Дар яке аз мақолаҳо, аз ҷумла омадааст: «…касе аз масъулони қисми низомӣ низ сабаби марги писарашонро шарҳ надода, ҷасадро дар рӯи ҳавлӣ гузошта рафтаанд».

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки муаллифони мақолаҳои номбурда надидаву насанҷида ҳодисаҳоро инъикос намудаанд, ки боиси нофаҳмиҳо дар  байни аҳолӣ гаштааст. Дар робита ба ин мавзӯъ, дар изҳорот омадааст: «Ба маълумоти рӯзноманигорон ва хонандагони гиромӣ расонда мешавад, ки ҳодисаи мазкур таҳти назорати қатъии фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад».
Воқеан, сарбози қаторӣ Рамазон Забиров, баҳори соли ҷорӣ аз тарафи Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои идома додани хизмат ба Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Отряди сарҳадии «Истаравшан» фиристода шуда буд ва дар он ҷо хизмати Модар - Ватанро сарбаландона адо мекард. Субҳи 5 августи соли равон, ҳангоми аз хоб хестани ҳайати шахсӣ, маълум мегардад, ки сарбози қаторӣ Рамазон Забиров нафас намекашад ва баъдан муайян менамоянд, ки номбурда вафот кардааст. Худи ҳамон рӯз оид ба фавти сарбози қаторӣ комиссияи махсус  таҳти роҳбарии Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд (дар ҳайати 8 нафар), сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар вилояти Суғд ва афсарони масъули  РҚС КДАМ (дар ҳайати 10 нафар) барои аниқ намудани ҳолати фавти сарбози қаторӣ ташкил карда шуд. Аз тарафи прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд ду нафар сарбози қисми ҳарбии мазкур ҳамчун гумонбар ва айбдоршаванда дастгир шуда, ҳоло корҳои таҳқиқӣ - тафтишотӣ идома доранд.
 «Агар сабаби марги Р. З. Забиров аз латукӯби ин ду сарбоз тасдиқ  шавад, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз мегардад. Ҳоло қазоват кардан дар бораи марги Рамазон Забиров барвақт аст. Барои мушаххас намудани сабаби аслии марги ӯ санадҳои лозима дастрас шуда истодаанд», - гуфта мешавад дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамзамон, дар изҳорот омадааст, ки 6 августи соли 2016, баъд аз гузарондани экспертизаи судии ҳарбии тиббӣ, ҳайати гурӯҳи корӣ бо сарварии командири қисми ҳарбии 2857 ташкил ва ҷасад ба деҳаи Тӯда, Ҷамоати деҳоти Мирзо - Ризои шаҳри Ҳисор интиқол дода шуд. Дар вақти ба падару модари сарбоз супурдани ҷасад командири қисми ҳарбӣ, муовини раиси шаҳри Ҳисор, комиссари ҳарбии шаҳр, раиси ҷамоати деҳот ва наздикону хешовандони марҳум  ҳузур доштанд. Аз ҷониби командири Отряди сарҳадии 2857 ба падару модари сарбоз маводи ғизоӣ ва ёрии яқвақта расонда шуд. Тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба оилаи сарбоз маблағи пулии муайяншуда дода мешавад.
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изҳороти худ аз рӯзноманигорон хоҳиш намудааст, ки «надидаву насанҷида инъикос намудани ҳодисаҳоро дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ хотима диҳанд. Ҳодисаро ҳаматарафа омӯхта ва дар асоси маълумоти дақиқ мавод нашр намоянд».
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2016    №: 164    Мутолиа карданд: 2511

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед