logo

иҷтимоиёт

БОХТАР. ВАХШ МАРДУМРО БЕСАРАНҶОМ КАРДААСТ

Ташвиши чанде аз сокинони Ҷамоати шаҳраки “Бохтариён” - и ноҳияи Бохтар дар хусуси хатари  дарёи тезҷараёни Вахш  ба  киштзору хонаҳои истиқоматӣ, моро ба деҳаи Дӯстӣ овард.
Ба қавли бошандагони деҳа, фақат дар чанд рӯзи охир  рӯди Вахш се манзилро ба коми хеш кашида,  дар деҳаи Дӯстӣ ҳудуди соҳилро камобеш сад метри дигар фурӯ бурдааст.  
Дар Ҷамоати шаҳраки “Бохтариён” ин ягона деҳае нест, ки аз оби дарёи Вахш зарар мебинад. Ба гуфтаи  раиси ҷамоат Абдуҷаббор Қурбонов, вазъ дар деҳаҳои Сари Ҳавз, Шамсиддини Шоҳин, Ҳалқаҷар, Октябри Кабир, Навобод ва Муродов низ ҳамин ранг буда, аллакай 6 километри мураббаъ замин зери об мондааст.     
Ба гуфтаи  Ҳуринисо Раҳмонова, сокини деҳаи Дӯстӣ, ҳарчанд онҳо ба таври инфиродию гурӯҳӣ ба бисёр идораҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ муроҷиат кардаанд, лекин дар мавриди мустаҳкамсозии соҳил ва ба  ниёзмандон  додани замини хонаҷо қариб ҳеҷ тасмим мушоҳида нашудааст. “Ман соҳиби шаш фарзандам. 22 сол боз дар ин ҷо зиндагӣ мекунам. Идораҳои дахлдор масофаи миёни дарёю манзилҳоро чен карда, гуфтанд, ки ҳоло 35 метри дигар мондааст ва рафтанд. Доим дар тарсу ҳаросем", - гуфт ӯ. 
Сокинон нақл карданд, ки Вахш тайи ду соли охир қисмате аз қабристони деҳаи Дӯстиро низ шустааст.
Барои огоҳ шудан аз тасмими минбаъдаи сохторҳои давлатӣ  бо сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Бохтар подполковник Абдулло Юнусов ҳамсуҳбат шудем. Ӯ гуфт, ки мувофиқи нақша то соли 2020 аз ин деҳа бояд 83 хонавода  ба мавзеи бехавф кӯчонда шавад. Вале то имрӯз дар маҷмӯъ ба 20 оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудаасту бас. “Дар ноҳияи Бохтар  баъзе деҳаҳои  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти “Бохтариён”, “Бӯстонқалъа” ва “Заргар”  минтақаҳои хавфи эҳтимолӣ маҳсуб меёбанд”, - гуфт  ӯ.
Ба иттилои Фаридун Давлатов, сармутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон,  соли 2016 барои мустаҳкамкунии соҳили шусташудаи дарёи Вахш маблағгузорӣ пешбинӣ нашудааст.
- Барои пеши обро гирифтан миллионҳо сомонӣ зарур аст, - баён дошт Сафар Сабзалиев, сардори бахши истеҳсолии Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон. Ин  маблағро пайдо намудан осон нест.
Ҳамин тариқ хулоса кардан мумкин аст, ки ин масъалаи зарурӣ бе дахолати сохторҳои  давлатӣ ба таври қаноатбахш ҳал намешавад. Яъне, як қувваи такондиҳандае зарур аст. Мардум аз сохторҳои масъул ҳаминро интизоранд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2016    №: 164    Мутолиа карданд: 495

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед