logo

иҷтимоиёт

БОҒИ НАВ - БОҒИ ПУРСАМАР, ПУРГУЛ

Сокинони деҳаи Янгибоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявиро барои деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ бесаброна интизоранд. Зеро деҳаи Янгибоғ миёни 18 деҳа ва 22 маҳаллаи шаҳр ҷойи аввалро ишғол намуда, барои ширкат дар даври ниҳоӣ роҳхат гирифтааст.

Ин деҳаи навбунёд дар яке аз гӯшаҳои шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст. 7 километр дуртар аз шаҳр боғҳои нав бунёд шуда, дар миёни онҳо ин деҳа чун ақиқи ба ангуштарии сабз насбшуда медурахшад. Ангуру меваҳои шакарини ин деҳа шуҳраи офоқ гардидаанд. Мардуми он осоиши рӯзгори худ ва ободии диёрро аз меҳнати ҳалол медонанд. Рӯзе, ки мо аз деҳа дидан кардем, дар кӯчаҳои он касе ба чашм намерасид. Ҳама якдилона ба саҳро баромада машғули ғундоштани ҳосили фаровони ангур буданд. Сокинони деҳа таҳти сарварии деҳқонони асил Неъмат Усмонов ва Камол Мадумаров кайҳо дарк кардаанд, ки меҳнати ҳалол ва садоқат ба замин касро мехӯронаду мепӯшонад. Янгибоғ шояд дар ҷумҳурӣ ягона деҳае бошад, ки аз он ягон кас ба муҳоҷирати меҳнатӣ намеравад. Баръакс ҳар сол дар мавсими ҳосилғундорӣ 500 - 600 нафар сокинони деҳоти гирду атроф дар ин ҷо бо кори мавсимӣ таъмин карда мешаванд. Полизиҳои Янгибоғ низ тамъи хуш дошта, дар бозорҳои шаҳру навоҳии гирду атроф харидорони зиёд доранд.
Дар давраи зимистон ва фосилаҳо миёни коркарди боғу токзор мардуми деҳа ба ҳунарҳои мардумӣ машғул мешаванд. Сандуқҳои кандакоринамудаи устоҳои маҳаллӣ бо сабку услуби хоси худ фарқ мекунанд. Сабадҳои бофтаи бонувони ҳунарманди деҳро бошад, дар тамоми гӯшаю канори кишвар вохӯрдан мумкин аст.
Вале на барои ин ҳама деҳа ғолиби озмун гардид. Он, воқеан ҳам, яке аз деҳаҳои хуштарҳтарини кишвар аст. Кӯчаҳояш васеъ ва мумфарш. Аз ду тарафи кӯчаҳо ҷӯйҳои шӯх равонанд. Пеши дару дарвозаҳо тозаву озода. Гулу буттаҳои ороишии дар шафати деворҳо шинондашуда машоми касро бо бӯи хуши худ муаттар месозанд. Дарвозаҳои рангобаранги гулпардозишуда, хонаҳои хушсохт, деворҳои мунаққаш ва боду ҳавои деҳ ҳама гувоҳи аз табъи баланду завқи хосаи сокинони он медиҳанд. Кас дар кӯчаҳои деҳаи Янгибоғ қадам зада худро дар олами рӯъёӣ тасаввур мекунад. Ҳар барги гулу дарахтон, ҳар қатраи оби равон ва ҳатто боди ғазалхон ин ҷо шукргузорӣ аз сулҳу субот, оромӣ ва шукуфоии кишвар мекунад.
Дар деҳа 301 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад, аҳолиаш бошад, 2086 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамаи онҳо мисли аҳли як оила сарҷамъона ва хушу хуррамона зиндагӣ карда истодаанд. Тӯли панҷ соли охир ягон оила дар ин деҳ вайрон нашудааст. Се сол боз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ягон навъи қонунвайронкуниро дар деҳа ба қайд нагирифтаанд. Ин ҳама аз масъулияти баланди шаҳрвандии сокинони он дарак медиҳад.
Корҳои ободонии деҳа холо ҳам идома доранд. Бино ба иттилои раиси маҳалла Искандар Назаров то ин дам се километр роҳҳои даруни деҳа мумфарш шудаанд ва то ҷашни истиқлол боз 700 метри дигарашро низ мумфарш хоҳанд кард. Деҳа дорои мактаб, китобхона, майдон ва толори варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, чойхона, нонвойхона, сартарошхона ва мағозаи калоне мебошад.
Дар деҳа ба тозагии кӯчаву паскӯчаҳояш аҳамияти ҷиддӣ  медиҳанд. Партовҳоеро, ки ба сифати нурии органикӣ истифода бурдан мумкин аст, дар ҷойи махсус ҷамъ карда, ба боғот мебаранд. Партовҳои дуруштро бо мошин ба партовгоҳи умумии шаҳр интиқол медиҳанд.
Сокинони меҳнатқарини деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода кӯшиш менамоянд, ки деҳаашонро ба як гӯшаи биҳиштосои кишвар табдил дода, дар ободонии кишварамон саҳми босазо гузоранд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2016    №: 164    Мутолиа карданд: 405

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед