logo

иқтисод

ДАРВОЗ - ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ БАДАХШОН

АБДУРАҲМОНЗОДА Саидбурҳон,
раиси ноҳияи Дарвоз

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Дарвоз дар баробари дигар минтақаҳои зебоманзари кишварамон бо дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат тадриҷан рушд намуда, сол ба сол ободу зебо гардида истодааст. Аз ҷумла, дар арафаи 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёдкориву ободонӣ вусъати тоза касб карданд.

Бо мақсади амалӣ гардондани  Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ноҳия бунёди боғҳои нав ва барқарорсозии боғҳои куҳна ҷараён дорад. Имсол мувофиқи нақша  10,5 гектар боғ бунёд ва 14 гектар боғҳои куҳна барқарор гаштанд.
Дар робита ба истифодаи оқилона ва самараноки замин мавзеъҳои ташналаби Даштилуч, Роғак ва Сафедсанг азхуд карда шуданд. Даштилуч дар ду марҳала аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  обёрӣ гардида, ҳоло 25 гектар боғи навбунёд ба шукӯҳи ноҳия ҳусни дигар зам кардааст. Бояд гуфт, ки ҶДММ «Дарвоз - сохтмон» барои азхуд намудани 140 гектар замин 740 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуд.
Тирамоҳи соли 2011 тавассути лӯлаҳо аз болои дарёи Панҷ, аз дарёчаи деҳаи Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон об ба соҳили рости дарё гузаронда шуда, 40 гектар замини солиёни дароз ташналабро шодоб гардонд. Имрӯз дар ин мавзеъ лимӯ ва анҷиру анор нашъунамои хуб дошта, зеби дастархони мардум гаштаанд. Ҳамзамон, аз деҳаҳои Зиғар ва Шисти ноҳия ба деҳоти камоби Зингириёи Поён ва Ларуни Дарвози Афғонистон об гузаронда, заминҳои бекорхобидаи кишвари ҳамсояро низ сарсабзу хуррам гардондем. Тазаккур бояд дод, ки дар соҳили дарёи Панҷ ҳанӯз ҳам заминҳои бекорхобида зиёданд ва азхуд кардани онҳо ба рушди устувори ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Дар  давоми солҳои 2010 - 2016 дар  ноҳия аз ҳисоби маблағҳои вазорату кумитаҳо 29, сармояи хориҷӣ 43 ва соҳибкорони ватанӣ 44 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Толори варзишии «Вастан» барои тамрини ҳамаҷиҳатаи варзишгарони ноҳия имконият фароҳам овард. Ноҳия тавассути ин варзишгоҳ ба маркази баргузории мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ табдил ёфт. Бавижа, дар рӯзи ифтитоҳаш бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасон аз рӯи намуди дзюдо гузаронда шуд, ки дар он варзишгарон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Соли 2013 бинои чорошёна ва варзишгоҳи "Арена Авесто" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар соли 2015 зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз «Маркази бонувон», ки 150 бонуро бо ҷойи кор ва маош таъмин кард, ба истифода дода шуд.
Баҳри дастгирии соҳаи тиб соли 2008 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 автомашинаи хидматӣ ба маблағи 28000 сомонӣ тақдим гардид. Бинои маъмурии бахши тандурустӣ ва беморхонаи марказии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳаҷми 299 890 сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обии “Ширг – 1” ва “Ширг – 2” бо тавоноии 1760 кВт дар дарёи Хумбов бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Иқтидори лоиҳавии  неругоҳи барқи обии аввал 1260 кВт ва дувумӣ 500 кВт мебошанд. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии МСДСП Хазинаи Оғохон дар деҳаҳои Шкев ва Ёгеди Ҷамоати деҳоти Нулванд неругоҳҳои барқи обии тавоноиашон 100 кВт ба кор шурӯъ карданд. Айни замон дар нақша дорем, ки Неругоҳи барқи обии Хумбиварӣ, ки аз ду агрегат иборат асту ҳанӯз соли 1959 сохта шудааст, аз нав ба кор дароварда шавад. 
Кӯчаи марказии ноҳия тавассути маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чароғон гашт. Биноҳои маъмурии таҷдидшуда ва сохташудаи филиалҳои «Амонатбонк» ва «Агроинвестбонк», бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, прокуратура, шуъбаи амният, нозироти андоз, комиссариати ҳарбӣ ва дигар иншооти зебову замонавӣ симои ноҳияро ба куллӣ тағйир додаанд.
Воқеан, Бадахшони бостониро бо сангҳои қиматбаҳо ва табиати нотакрораш мешиносанд. Сол ба сол афзудани шумораи сайёҳон ба ин минтақаи Тоҷикистон низ метавонад дар оянда баҳри рушди сайёҳӣ замина гузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мазмун, Бадахшонро дарвозаи тиллоии Тоҷикистон номидаанд. Дар навбати худ, бо кӯшишу заҳматҳои мардуми меҳнатқарини ин диёр Дарвоз низ метавонад дарвозаи тиллоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2016    №: 164    Мутолиа карданд: 1579

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед