logo

иқтисод

ОБ АГАР ИФЛОС АСТ...

Аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ тайи солҳои охир барномаҳои муътамаде ба тасвиб расида,  мавриди татбиқ қарор мегиранд.

Тавре ки Умаралӣ Олимов, директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Рашт ҳангоми суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, соли ҷорӣ дар 14 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия  6 маротибагӣ аз тарафи масъулон оид ба пешгирӣ ва табобати бемориҳои изҳори хунин, шикамравии кӯдакон, салмонеулҳо, домана, брюсселоз, фалаҷ, протеозҳо, ҷоғар, сил, ВИЧ/СПИД бо аҳолӣ суҳбату нишастҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда, дар маркази ноҳия 2 маротиба мизи мудаввар баргузор гардид. Дар назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар асоси Барномаи «Хоб» кумитаҳои тадорукотӣ дар ҳайати кормандони дастгоҳҳои ҷамоатҳо, марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ, эмомхатибони масҷидҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар зиёиёну фаъолон таъсис гардида, ба онҳо барои муайян намудани намаки ёднок индикатор дастрас карда шуд. Бо кумаки ЮНИСЕФ дар якчанд ҷамоати деҳоти дурдаст оид ба пешгирӣ ва табобати бемориҳои сил саҳмия таъсис дода шуд. Аз тарафи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар ҷамоатҳои деҳот корвони саломатӣ дар ҳайати 8 нафар духтурони варзида, манзур гардида истодааст. Ҳамчунин, оид ба пешгирӣ ва табобати  бемориҳои ишемиявии дил ва фишорбаландӣ, бемориҳои сил, роҳҳои нафас, дарунравӣ, бемориҳои кӯдаки навзод, табларза, камхунӣ, эмкунӣ, синамаконӣ  ташкил намудани нишасту вохӯриҳо  аз тарафи шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия ва дигар  муассисаҳои соҳаи тандурустӣ  идома дорад.
Мавсуф зимни суҳбат оид ба мушкилоти дар ин соҳа ҷойдошта изҳор намуд, ки дар татбиқи барномаҳои дар ин самт нигаронидашуда нарасидани варақаҳои иттилоотӣ ва набудани автомошинаи хизматӣ барои самаранокии фаъолият монеа эҷод мекунанд. Муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия дар амалӣ намудани нақшаҳои пешбинишуда дар деҳоти дурдаст мудом ба дастгирии ташкилотҳои хориҷие, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият доранд, эҳтиёҷманданд.
Аммо ҳангоми пайгирии мавзӯъ диққати моро чизи дигаре ба худ бештар ҷалб намуд. Ҳанӯз ҳам дар шафати ҷӯю дарёчаҳои хурди маҳалҳои  аҳолинишини навоҳии кӯҳистон сохтани оғил ва ҳаммом ба мушоҳида мерасад. Ноҳияҳои водии Рашт дар соҳили дарёи Сурхоб мавқеъ доранд. Аз саргаҳи дарё, ноҳияи Лахш то Тоҷикободу Рашту Нуробод  баъзе ҷойҳои соҳили дарё, махсусан фаслҳои тирамоҳ ва аввали фасли баҳор ба партовгоҳ  мубаддал мегарданд. Тобистон бо зиёд шудани сатҳи дарё партовҳоро об шуста мебарад.
Бояд гуфт, ки ифлос намудани  об аз тарафи сокинони маҳалҳои аҳолинишини соҳили саргаҳи дарё боиси хуруҷи бемориҳои сироятӣ ба одамоне, ки дар маҳалҳои нисбатан поёнтар зиндагӣ мекунанд, мегардад.
Бинобар ин, масъулони марказҳои санитарию эпидемиологӣ ва дигар мақомоти дахлдори ин ноҳияҳоро лозим аст, ки баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи саломатии сокинони кишвар назоратро дар ин ҷода қатъӣ намоянд.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»      


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2016    №: 165    Мутолиа карданд: 1508

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед