logo

иҷтимоиёт

ТАЪКИД: СОЛИМИИ МОДАРУ КӮДАК - СОЛИМИИ МИЛЛАТ

Аз ҳар як 100 грамм шири хушке, ки ба кӯдакон дода мешавад, 34 дарсади он об буда, ба саломатии онҳо зарари ҷиддӣ дорад.
Дар ҷомеаи имрӯз масъалаи баланд бардоштани сатҳи тахассусии табибон ва огоҳии бештари ҷомеа  дар бораи ҳифзи солимии модар  ва кӯдак аз мушкилоти умда маҳсуб меёбад. Бино ба гуфтаи мутахассисон дар кишвари мо низ сари вақт риоя нашудани меъёри ғизодиҳӣ ба кӯдакон, маҳдуд кардани ғизои табиӣ ва истифодаи аз меъёр бештари ғизои сунъӣ, бахусус шири хушк, фарбеҳшавии модарони қобилияти таваллуд ва баъди таваллуд  ва амсоли инҳо аз масъалаҳое мебошанд, ки дар самти таъмини ҳифзи саломатии модару кӯдак монеа эҷод мекунанд.

Бино ба гуфтаи Наврӯз  Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: «Мутаассифона, бархе модарони ҷавон  барои тифлон ғизои табииро маҳдуд кардаву бештар ғизо ё шири сунъӣ мехӯронанд.  Вақте ба тифл ғизои сунъӣ дода мешавад, ҳатман бо об омода мегардад. Дар ҳоле, ки тиб истеъмоли зиёди обро барои кӯдакон манъ кардааст. Ғизоҳои сунъӣ барои ҳолатҳои истисноӣ пешбинӣ шудаанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки агар кӯдак ғизои сунъӣ гирад, хатари бемории дарунравӣ нисбат ба кӯдаконе, ки шири модар мехӯранд, 15 маротиба зиёд мешавад. Махсусан, агар кӯдакон бо пистонак ё шиша ғизои  сунъӣ  гиранд, хатари беморшавӣ зиёд аст.»
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар суҳбат бо мо аз сари вақт риоя нашудани меъёри ғизодиҳӣ ба кӯдакон, фарбеҳшавии модарони қобилияти таваллуд ва баъди таваллуд  ёдовар шуд. «Имрӯз мо миёни  занони  қобили  таваллуд  мушкилоти  фарбеҳшавӣ ва камвазниро дорем. Қамҳаракатӣ  ва истеъмоли ғизоҳои ғайритабиӣ ба фарбеҳшавӣ  мерасонад. Ё камвазнӣ, боиси  зафъи  организм ба ҳангоми таваллуд аст. Занони мо аз хӯрдани лӯбиё ор мекунанд, дар ҳоле ки ду баробар витамани гӯштро дорад. Соли 2011 миёни занони қобили таваллуд тадқиқот анҷом додем. Дар натиҷа аз 100 зани қобили таваллуд 29 зан фарбеҳ, 11 камвазн ва 60 зан бо вазни меъёрӣ буданд.  Хӯрдани шири модар барои кӯдак дар кадом ҳолате роҳат бошад фарқ надорад. Кӯдакон бо тарзҳои худ хӯрок мехӯранд. Набояд кӯдакро маҷбур кунем. Агар модарон  хоҳанд, ки миқдори витаминҳо дар баданашон кифоя бошад, истеъмоли лӯбиё, себ, кабудӣ беҳтарин роҳ аст. Зани ҳомила то соати таваллуд бояд  ҳаракат намояд. Бар асоси илми тиб 6 соат баъди таваллуд зан мисли пешина бояд хеста, корҳое ки дар хона мекард, анҷом диҳад. Аммо, дар мо 40 рӯз кор намекунанд. Зан пеш аз таваллуд ва баъд аз он ҳам чӣ қадар ҳаракат кунад, ҳамон қадар саломатиаш беҳтару хубтар барқарор мешавад. Ҳолатҳои бо  санаи таваллуд наздик омадан ба хонаи волидон бурдану давоми ду - се моҳи ҳомиладорӣ ӯро кор кардан намондан ҳам ҳаст. Ҳаракат накардани модари навзод ба саломатиаш зарар дорад», - таъкид кард ӯ.
Воқеан, агар зиёни асосии ғизои сунъӣ ба организми навзод бошад, аз ҷониби дигар истифодаи аз ҳад зиёди он ба буҷети оила низ бетаъсир намемонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои як кӯдакро аз синни таваллуд то 6 - моҳагӣ ғизо додан, 56 қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст. Агар нархи як қуттии он 70 сомониро ташкил диҳад, пас дар шаш моҳ 3920 сомонӣ харҷ хоҳад шуд. Пас, чаро дар ин давраи кӯтоҳ аз шири модар истифода нашавад, ки манфиати дучанд дорад?
Албатта, тавре мутахассисон таъкид мекунанд, баъзан  танҳо шири модар наметавонад, ҳамаи талаботи  инкишофи кӯдакро қонеъ гардонад. Дар  ин сурат масъалаи додани ғизои иловагӣ ба миён меояд. Табибони бахши модару кӯдак тавсия медиҳанд, ки ғизои иловагӣ аз шашмоҳагӣ бояд оғоз шавад, чунки дар ин давра талаботи организми кӯдак ба миқдори моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо, витаминҳо ва ғайра зиёд мегардад. Бо вуҷуди ин, дар тамоми муҳлати истифода шудани  ғизои иловагӣ шири модар бояд ҳачун ғизои асосӣ боқӣ монад.
Ҳ.САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2016    №: 165    Мутолиа карданд: 478

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед