logo

иқтисод

ЧАРОГОҲҲО. ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ОНҲО ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ АФЗОИШИ МАҲСУЛНОКИИ ЧОРВОСТ

Чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагидорӣ буда, дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшту  маҳсулоти  ширӣ ва тавлиди пӯсту пашм ҳамчун ашёи хом барои корхонаҳои истеҳсоли либосу пойафзол аз рушди соҳа вобаста мебошад.  Пешбурди соҳа бинобар  зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти чорво таваҷҷуҳи бештар мехоҳад. Оё рушди чорводорӣ дар кишвар қонеъкунанда аст? Чорводорон тавонистанд, бо истифода аз роҳҳои  пурсамар саршумори чорворо бештар ва сифати маҳсулоти онро беҳтар созанд?

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, айни ҳол  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ зиёда аз 2 миллион сар чорвои калон ва бештар аз 5  миллион чорвои майда мавҷуд аст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ наздики 66 ҳазор тонна гӯшт, 337 ҳазор тонна шир  ва 4355 тонна пашм истеҳсол шудааст. Мавсими наслгирӣ ба анҷом расида, дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 332 ҳазор сар барраю бузғола гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.
Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020»  иловатан   200 ҳазор сомонӣ    ҷудо шуд. Бо маблағи ҷудошуда харидани нутфаи буққаҳои зотии истеҳсоли хориҷӣ ва асбобу анҷоми бордоркунии сунъӣ дар назар аст.
Ҳарчанд солҳои охир ба соҳаи чорводорӣ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад,  ҳамоно рушди соҳа қонеъкунанда нест. Зеро имрӯзҳо нархи гӯшт дар бозорҳои пойтахт 32-38 сомониро ташкил медиҳад ва ҳеҷ не, ки поён равад.
Фурӯшандагон иддао доранд, ки арзиши хӯроки чорво, хусусан кунҷора,  баланд аст ва онҳо имкони поён фаровардани нархи гӯштро надоранд. Нархи кунҷора ҳоло ба 3-3,5 сомонӣ расидааст, ки барои фарбеҳкунии чорво гарон меафтад. Мақсаднок истифода бурдани чарогоҳҳо, хушзоткунии чорво ва захираи зиёди хӯроки чорво метавонад боиси рушди  соҳа ва поёнравии нархи гӯшт гардад.
Наҷмиддин Раҷабов, муовини директори Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, доир ба ин мавзӯъ чунин ибрози андеша кард:
- Ҳоло дар ҷумҳурӣ наздики 4 миллион гектар чарогоҳ мавҷуд буда, ба васеъ кардани он ҳоҷат нест, зеро ин барои чорвои Тоҷикистон кифоя аст. Барои самаранок истифода кардани чарогоҳҳо бояд тарзи дуруст чарондани чорво ба роҳ монда шавад. Як чарогоҳро ба таври ҳамешагӣ истифода бурдан  боиси ба биёбон табдил ёфтани он мегардад. Беҳтар аст, ки чарогоҳҳо ба қисматҳо ҷудо карда,  бо навбат чаронда шаванд.  Дар ин ҳолат дар қисмати аввали чарогоҳ дубора алаф мерӯяд.
Барои беҳтар кардани соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди чарогоҳҳо барои солҳои 2016-2020» таҳия гардида,  барои татбиқи он аз буҷети давлат  зиёда аз 1 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ҳоло дар  якчанд навоҳии чумҳурӣ дар назди ҷамоатҳо ассотсиатсияҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо фаъолият мекунанд. То имрӯз аз ҷониби масъулон барои рушди чарогоҳҳои ҷумҳурӣ дар майдони 500 гектар тухми буттаи саксаул кишт шудааст, ки заминҳоро аз биёбоншавӣ нигоҳ медорад.
Дар оянда  зарур аст, ки имконияту воситаҳо барои беҳтаргардонии  сифати чорво тавассути амалисозии корҳои зотпарварӣ, афзунгардонии истеҳсоли хӯроки чарогоҳӣ ва истифодабарии самараноки манбаъҳои табиии истеҳсоли хӯрока равона карда шаванд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2016    №: 165    Мутолиа карданд: 1719

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед