ҳуқуқ
ҚОНУНШИКАНӢ. ИН ДАФЪА АЗ ҶОНИБИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДӢ
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як қонуншиканиро, ин дафъа аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, ошкор ва пешгирӣ намуданд.
Дар натиҷаи гузарондани амалиёти гумрукӣ муайян гардид, ки соҳибкори инфиродӣ С. З. даст ба содир намудани ҷиноят зада, истеҳсол, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва ба муомилот баровардани молу маҳсулоти тамғаношударо ба роҳ мондааст. Номбурда моҳи марти соли ҷорӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо онҳо шинос набуд, 24 номгӯи маводи ороишӣ - гигиениро, ки бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намудаанд, харидааст.
Соҳибкори инфиродӣ молу маҳсулоти бо роҳи қочоқ вориднамударо бе гирифтани сертификати мутобиқат аз Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бо мақсади дар оянда ба фурӯш баровардан, нигоҳ доштааст.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни санҷиш аз манзили ӯ молу маҳсулоти пинҳонкарда дарёфт ва дар асоси санад гирифта шуд. Маблағи умумии ин маҳсулот тибқи маълумотномаи ҶДММ «Бозори Корвон» 1 089 960 сомониро ташкил медиҳад. Мувофиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ороишӣ - гигиении дарёфтшуда ба нишондоди тамғагузорӣ ҷавобгӯ намебошад.
Нисбат ба соҳибкори инфиродӣ С. З. бо дастрасии моддаҳои 259 1 қисми 2, бандҳои «а», «б» ва қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи тобеият ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2016 №: 165 Мутолиа карданд: 2823