logo

фарҳанг

«ШАШМАҚОМ» МАҚОМИ ТОҶИКИСТОНРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД

«Шашмақом»  достони муҳташами савту калом аст, ки дар навоҳои он беҳтарин ва олитарин орзуву пиндорҳои неки аҷдодони мо таҷассум ёфтааст».
Эмомалӣ РАҲМОН


Дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа эҳё намудани волотарин намунаҳои фарҳанги миллӣ ва ба мардуми кишвар дастрас кардани беҳтарин падидаҳои маънавӣ мебошад. Бо ин мақсад, бо иқдоми Академияи илмҳои Тоҷикистон «Баёзи «Шашмақом»   ба табъ расид. «Баёз…» ашъори ноби шоирони классик ва муосири тоҷикро фаро гирифта, шеърҳои интихобшуда таҳти мусиқии «Шашмақом»  садо хоҳанд дод. Мураттибон Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Аслиддин Низомӣ ва Маҳмадёри Шариф дар таҳияву тадвини «Баёз…» хидмати арзанда карда, ғазалу таронаҳои зиёди навро мутобиқ ба оҳангу навоҳои «Шашмақом»  интихоб ва пешниҳод намудаанд.
Бино ба гуфтаи президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки дар пойтахти кишвар ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ансамблҳои «Шашмақом»  таъсис ёфтанд ва, муҳимтар аз ҳама, аз байни ҷавонони соҳибистеъдод сарояндагони хушовозу хушсалиқа ба воя расиданд. Ин амали бузурги таърихӣ сабаб шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан мухлисону пужӯҳишгарони мусиқӣ дар кишварҳои ҳамҷавор ва Амрикову Аврупо бо беҳтарин намунаҳои хиради фарҳангофаринии халқи тоҷик аз наздик ошно шаванд.
Бояд зикр намуд, ки мусиқии «Шашмақом»  ба сифати яке аз шоҳкориҳои мусиқии ҷаҳонӣ соли 2003 ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин кори муҳим Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳо саҳми арзандаи худро гузоштанд. Пас аз ин иқдоми нек, ҷилди аввали китоби «Шашмақом» (мақоми «Рост») ва аввалин «Энсиклопедияи «Шашмақом»   таҳия ва ба нашр расиданд. Ҳамзамон, бо дастгирии ЮНЕСКО дар шаҳри Душанбе Фестивал - симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» гузаронда шуд, ки баҳри вусъати мактаби мақомхонӣ ва дарки моҳияти таърихии ин мероси бебаҳои фарҳангӣ заминаи воқеӣ гузошт.
- Мусиқии «Шашмақом»  дар роҳи зиёда аз ҳазор соли рушду такомули хеш бо шеъри классикии тоҷику форс пайвандӣ дошт ва дар марҳилаи навпардозии хеш аз дастовардҳои эҷодии шоирони бузургамон истифода мекард. Ғазал, тарона, мухаммас, мустазод, рубоӣ ва байтҳои тозаэҷод фавран тавассути ҳунари воло ва илҳому иродати хоса аз ҷониби танбӯриёну муғанниён вориди сохтори «Шашмақом»  мегардиданд, - тазаккур дод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.
Дар таҳияи «Баёз…» ҳамаи намунаҳои ашъори шоирони классик, ки қаблан  дар нашри аввалини панҷҷилдаи «Шашмақом»  ворид карда шуда буданд, комилан истифода гардиданд. Ба аҳли ҳунар ва мухлисони сершумори санъати «Шашмақом»  дастрас гардидани намунаи тозаи назми классикӣ ва муосир барои таҷдиди лаҳнҳои бостонии мусиқии классикӣ ва ба вуҷуд омадани услуби тозаи сарояндагони он мусоидат хоҳад кард.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2016    №: 165    Мутолиа карданд: 1490

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед