logo

фарҳанг

«РИСОЛАИ САРГУЗАШТ» ВА ШАРҲИ ҲОЛИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Абуалӣ ибни  Сино бузургтарин донишманди тоҷик, ҳаким ва табиби маъруфи адвори исломӣ ва аз мутафаккирон ва донишмандони олиқадри дунёст, ки дар тараққӣ ва такомули улуми ҷаҳонӣ саҳми босазо доштааст.

Дар боби таваллуд ва вафоти  вай байни муаррихон ва шогирдонаш Абубайди Ҷузҷонӣ ва дигарон ихтилоф аст. Мувофиқи  шарҳи ҳоле, ки худи Ибни Сино  тақрир карда ва Абуубайди Ҷузҷонӣ сабт намудааст, пас аз дармони Нӯҳ  бинни Мансур ва иҷозат ёфтан ба  китобхонаи Сомониён ва фароғат аз хондани кутуб  ҳаждаҳсола буда, ки авохири салтанати  ҳукумати Нӯҳ мебошад (соли 387), ба назар мерасад.
Шарҳи ҳол ва зиндагии Ибни  Сино тибқи навиштаи шогирдаш Абуубайди Гургонӣ (Ҷузҷонӣ) ва гуфтаи вай аз мавқеи таваллуд то расидан ба Гургон (замоне, ки Абуубайд ба вай ҳамроҳ шудааст) аз забони Шайх тавассути Гургонӣ ба риштаи таҳрир даромада ва аз он пас то замони маргаш шахсан Абуубайд нигошта, ки бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум аст.
Ғайр аз Абуубайд дигарон низ шарҳи ҳол ва мақоми илмӣ ва фалсафии Шайхро ба риштаи таҳрир даровардаанд. Аммо ба назари ағлаби муҳаққиқин маълумоти «Рисолаи саргузашт», ки қисман ба қалами худи Ибни Сино ва қисми дигар ба қалами шогирди вай  рӯйи коғаз омадааст, асилтарин  ва муътабартарин ва куҳантарин далоил аз шарҳи ҳоли ӯст.
Дар робита ба ин мехоҳем чанд сухан аз ин асари арзишманд бигӯем. Асли «Рисолаи саргузашт» ба арабӣ  таълиф шуда, тарҷумаи форсии он  тавассути донишманди маъруф Сайид Нафисӣ дар соли 1331 - и ҳиҷрии шамсӣ анҷом ёфта, бо муқаддимаи  Муҳсин Сабо  дар Теҳрон чоп шуд, ки ба назар мерасад ҷомеътарин ва дар айни ҳол муфидтарин шарҳи ҳоли Ибни Сино бошад.
Тибқи маълумоти «Рисолаи саргузашт» падараш Ҳусайнро барои омӯхтани ҳисоб ва ҳандаса ва ҷабр ва муқобила назди сабзифурӯше (баққоле) ва илми риёзӣ (ҳисоб) назди  Маҳмуди Масоҳ ва илми фиқҳ назди Исмоили Зоҳид фиристод. Ин се тан муаллимон ва устодони аввалини ӯ будаанд.
Дар ин ҳангом Нотилӣ  ҳаким ва файласуф  шогирди Абулфараҷ ибни Табиб  ба Бухоро рафт ва падари Ҳусайн вайро ба хонаи худ пазируфт. Ҳусайн омӯзиши фалсафаро аз китоби  «Isagogue  Porphyos»  назди Нотилӣ шурӯъ кард ва дар таҳқиқи ҳадди ҷинс  масоили ҷадиде овард, ки боиси  шигифтии Нотилӣ гардид. Баъди ин Ҳусайн чанд матолибе аз илми мантиқ дар назди устод омӯхт, шахсан ба таҳқиқ ва ташреҳи он пардохт, то ин ки дар илми мантиқ низ қавӣ ва устувор гардид. Сипас назди Нотилӣ  5 - 6 шакл аз китоби Уқлидус ва аз Ал - Маҷастӣ, то шаклҳои ҳандасиро омӯхт ва баъдан бо фармони Нотилӣ ба мутолиаи бақияи ин китобҳо пардохт ва чунон шуд, ки дар бисёре аз шаклҳо, ки устод онҳоро намедонист, Ҳусайн ба ҳалли онҳо тавфиқ ҳосил кард.
Ҳусайн илми тибро назди донишманди маъруф Абумансур Ҳасан  бинни Нӯҳи Қамарӣ омӯхт ва дар омӯзиш ягон мушкилот эҳсос намекард, вале дар омӯзиши илми ҳикмат ва илмҳои табиӣ душворӣ мекашид, чунончи китоби «Мо баъдал табиат»-и Арастуро 40 маротиба хонда ва тамоми матолиби онро ба хотир супурд, вале ҳақиқати онро наёфт ва хеле маъюс ҳам гашт.
Абуубайди Гургонӣ дар китоби «Рисолаи саргузашт» аз забони худи Шайхурраис мегӯяд: «Пас аз он ки Нотилӣ аз ман ҷудо гардид ва ба тарафи Гурганҷ рафт, ман ба фаро гирифтани кутуб ва мутун аз шурӯҳи табииёт ва илоҳиёт пардохтам  ва абвоби дониш ба рӯйи ман кушода шуд».
Дар бораи илми тибро омӯхтани Шайхурраис Абуубайди Гургонӣ аз қавли худи ӯ менависад, ки: «Илми мушкиле нест, китобҳоеро, ки дар ин илм навиштаанд, хондам ва дар камтарин муддат мутабаҳҳир (аллома) гардидам, то ин ки пизишкони фозил ин илмро назди ман меомӯхтанд ва беморонро парасторӣ мекардам ва дармонҳое, ки ба васф наояд, анҷом медодам».
Дар шарҳи ҳоли худ Шайх ба Абуубайд тақрир карда гӯяд: «Он гоҳ, ки хоб маро дар мегирифт, бисёре аз масоилро дар хоб медидам ва ҳалли онҳо дар хоб бар ман ошкор мешуд».
Баъди Нӯҳ ибни Мансури Сомониро табобат кардан Ибни Сино назди вай мақом  ва манзалати  арҷманд ёфт ва аз вай иҷозати вуруд ба китобхонаи  азими Сомониёнро хост, амир барояш иҷозат дод. Абуалӣ ибни Сино дар хусуси ин китобхона шарҳи муфассале дорад ва таассуроти худро баъди мутолиаи кутуби ин махзан  чунин баён доштааст: «Чун ба ҳаждаҳсолагӣ расидам, аз ҷамии ин улум фориғ шудам. Он рӯз бештар аз илм ба ёд доштам, вале имрӯз пухтатарам ва миқдори илм бар ман пас аз он тафовуте надошт».
Баъди аз Бухоро ба Гурганҷ рафтан Абуалӣ ибни Сино дар ин ҷо бо донишмандони маъруфи замон  чун Абурайҳони Берунӣ, Абусаҳли Масеҳӣ, Абунасри Арроқ  муошират ва омадурафт дошт. Вазири донишманд ва фозилу ҳакимдӯст Абулҳусайн  Аҳмад бинни Муҳаммади Суҳайлӣ дар дарбори Хоразмшоҳиён иддае аз табибон ва ҳакимон ва риёзидонони маъруф, ба монанди Абусаҳли Масеҳӣ, Абулхайри Хаммор, Абуалӣ ибни Сино, Абунасри Арроқ ва Абурайҳони Беруниро ҷамъ карда буд. Султон Маҳмуд тавассути Ҳусайн ибни Алӣ Микойил ба Хоразмшоҳ номи чанд тан аз донишмандонро зикр карда, хост, ки онҳоро ба дарбораш бифиристанд. Хоразмшоҳ номаро ба онҳо хонда, иқрор шуд, ки дар муқобили ин шоҳи золим қудрати муқовимат карданро надорад. Дар посух Абурайҳон, Абунаср ва Абулхайр ин даъватро қабул карданд, вале Ибни Сино ва Абусаҳли Масеҳӣ узр хостанд. Хоразмшоҳ онҳоро ба сафар омода карда, ба самти Гургон фиристод. Вақте ки ин донишмандон ба дарбори шоҳ султон Маҳмуди Ғазнавӣ расиданд, маълум шуд, ки ҳадафи шоҳ Ибни Сино будааст. Ба дастури Султон Абунасри Арроқ сурати Абуалиро ба коғаз расм кард ва наққошонро хост, то  40 сурат бад-он шакли Ибни Синоро ба коғазҳо нигоштанд ва бо фармон ба атроф фиристод, ҳар гоҳ ба ин шакл мардеро диданд, назди амир оваранд.
Дар «Рисолаи саргузашт» аз қавли Шайх оварда шудааст, ки: «Қасди ман аз омадани Гургон дидори амир Қобус буд, вале дар ин миён иттифоқе пеш омад, ки Қобусро гирифтанд ва дар диже зиндонӣ карданд. Тавре ки аз «Рисолаи саргузашт» ва маъхазҳои дигар маълум мегардад, Абуалӣ ибни Сино пас аз хуруҷ аз Гурганҷ то Гургон чунин роҳро тай кардааст: Гурганҷ, Нисо, Абевард (Бовард), Тӯс, Шифоқ (аз деҳоти Нишопур), Самангон, Ҷоҷарам, Гургон ва баъдан Рай ва Ҳамадон ва Исфаҳон.

Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА,
ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор,

Абдулло ЮСУФОВ,
мудири кафедраи забони тоҷикӣ,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2016    №: 165    Мутолиа карданд: 2541

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед