logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "МАН ҶОНАМРО БАРОИ ОРОМИИ ИН ВАТАН ГАРАВ МОНДААМ"

Соли 1996, вақте ки дар Телевизиони Тоҷикистон кору фаъолият мекардам, дар Донишгоҳи миллӣ вохӯрии донишҷӯён, зиёиён ва ҷавонони пойтахт бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Аз он вохӯрӣ зиёда аз 20 сол гузашт, вале барои ман ҳамчун лаҳзаҳои хуш ва умедбахш фаромӯшнопазир гардид.
Он солҳо мардум дилшикаставу парешонхотир гашта буданд. Касе ба касе бовар надошт, бераҳмиву бетартибӣ ва мудҳиштар аз ҳама, ҷаҳолат дар шууру тафаккури аксарият чун заҳрпечак дар худ печида буд. Садои тиру туфанг дар фазои шаҳр ба дили мардум тухми навмедӣ мекошт.
Одамони аз хонаву дар маҳрумгашта, даҳшатзадаву ҷон ба каф тарки Ватан мекарданд. Дар ҳамон рӯзҳои вазнин Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷуръату ҷасорати мардона ва иродаи қавӣ гуфта буд: «Ман аз роҳи пешгирифтаам пас намегардам. Ман ҷонамро барои сулҳу оромии ин халқу ин Ватан гарав мондаам. Агар ҳамаи ин кашмакашиҳо, ҷангу хунрезиҳо бо нархи ҷони ман хотима ёбанд, ин сару тан ва ҷони азизам фидои ин халқу Ватан бод!».
Ман назди наворбардор рост истода, ба аҳли толор назар менамудам. Ҳозирон рӯҳафтодаю маъюс буданд. Аммо баъди шунидани суханони самимӣ ва умедбахши Эмомалӣ Раҳмон онҳо якбора ба ҷунбиш даромаданд, дар чеҳраҳои карахту коҳидаашон сурхӣ дамид, дар нигоҳҳои маъюсу камнурашон шарораи умед рахшид ва бо рағбати беандоза гӯш ба суханони рӯҳнавозу дилгармкунандаи Сарвари давлат медоданд. Он лаҳзаҳо тавоноӣ ва қудрати суханро бори дигар дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон эҳсос кардам. Ҳарчи гуфту ваъда дод, ба аҳдаш вафо намуд. Ободкорӣ ва созандагиро тақвият дода, Тоҷикистонро дар як муддати кӯтоҳ ба диёри ҳамешабаҳор ва шукуфон мубаддал кард. Ба чор самти Тоҷикистон - Хатлон, Бадахшон, Рашт ва Суғд роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо сохта, ба ин восита пайванди мардуми тоҷикро таҳким бахшид.
Имрӯз пирони рӯзгордида Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари ятимпарвар ном бурда, васфаш мекунанд. Ҳақ ба ҷониби онҳост. Ҳамагон шоҳидем, ки Сарвари давлат ҳангоми сафарҳояш ба минтақаҳои гуногуни кишвар аввал аз ҳоли ятимону барҷомондагон хабар мегирад, сари онҳоро бо муҳаббат навозиш мекунад.
Ба ҷуз ин, сиёсати ҷавонон ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ба кадом ноҳияву шаҳри Тоҷикистон қадам ранҷа намояд, нахуст бо ҷавонон суҳбати вижа мекунад, ба ҳаёту фаъолияти онҳо аз наздик ошно мешавад ва ҳатман дар рафти суҳбат ду - се нафар ҷавони боистеъдодро аз байни мардум кашф намуда, вазорату идораҳои дахлдорро барои таълиму тарбияи минбаъдаи онҳо муваззаф мегардонад.
Раҳматуллоҳи РАҲМОН,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2016    №: 165    Мутолиа карданд: 756

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед