logo

маориф

«МАКТАБ. МЕҲНАТРО ҚАРИБ АЗ БАЙН БУРДЕМ, ЧАРО?»

Бо ин ном 14 июни соли 2016 матлаби барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, устоди муҳтарам, мактабшиноси варзидаи ҷумҳурӣ Ҳабиб Искандаров  ба табъ расидааст. Ӯ масъалаи тарбияи меҳнатии хонандагонро мавриди баррасӣ қарор дода, андешаҳои худро оид ба «тарбияи бадан, тарбияи ҷисмонӣ, солим нигоҳдории кӯдакон, гузаронидани мушоҳида ва муоинаи тиббӣ, сатҳи амиқи таълим ва сарбории таълимии (педагогии) хонандагон» баён намудааст.

Муаллиф менависад: «Редди… бо мақсади расонидани кумак ба падару модарон ҷадвали рӯзи таълимгирандагонро чунин тартиб додааст:
1. Меҳнати ҷисмонӣ – 5 соат;
2. Машғулиятҳои ҷисмонӣ ва меҳнати дастӣ – 4,5 соат;
3. Машғулиятҳои вақтхушӣ ва ҷамъиятӣ – 2,5 соат;
4. Хоб – 9 соат;
5. Хӯрдани хӯрок ва вақти холӣ – 3 соат;
6. Ҷамъ: 24 соат.
Тавре бармеояд, ин кор тамоман низоми дигар дорад: аввал, саломатӣ, дуюм, тарбия ва баъд, таълим ё омӯзиш. Дуруст аст, ки дар ҳама ҳолат саломатӣ дар ҷойи аввал меистад. Бархе бар онанд, ки тарбия аз таълим муқаддамтар аст, дигарон баръакс, таълимро пеш аз тарбия мегузоранд ва гурӯҳи сеюм ҷонибдори баробар рушд додани таълиму тарбия мебошанд. Чун дар маҷмӯъ сухан дар бораи тарбия меравад, назарияи аввал дуруст аст, вале вақте сухан дар бораи таълиму тарбияи мактабӣ меравад, назари баъдӣ саҳеҳ мебошад. Чаро ки муассисаи таълимӣ маҳз ба хотири таълим ва омӯзиш таъсис дода мешавад ва унсурҳои тарбия дар заминаи таълим ташаккул меёбанд. Хонанда маҳз тавассути таълим ва омӯзиш соҳиби дониш, қобилият ва малакаю маҳорат мегардад. Тарбия ҳамон вақт муассир аст, ки хонанда ин сифатҳоро доро бошад.
Редди хулосаҳои худро дар асоси мактаб – интернате, ки барои кӯдакони табақаи имтиёзноки ҷамъият таъсис дода буд, баён намудааст.
Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро солҳои 2015 – 2020, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 05.08.2015, № 19/1 тасдиқ шудааст, сарбории таълимро барои зинаи якуми таҳсилот аз 4 то 5 соат, барои зинаи дуюми таҳсилот аз 5 то 5,2 соат ва барои зинаи сеюми таҳсилот 5,7 соат дар як рӯз пешбинӣ намудааст, ки ин дар муқоиса бо дигар кишварҳои ҳамсоя хело кам аст. Ҳатто дар сурати пурра ба роҳ мондани соатҳои иловагии таълимӣ, ки дар нақша барои  зинаи аввали таҳсилот дар як ҳафта то 4 соат, барои зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилот то 8 соат пешбинӣ шудааст, дар умум сарбории ҳадди аксари таълимии ҳафтаинаи хонандагон дар зинаи якуми таҳсилот 4,8 соат, зинаи дуюми таҳсилот аз 5,5 то 6,5 соат ва дар зинаи сеюм 7 соатро ташкил медиҳад, ки ин ба талаботи меъёрҳои мавҷудаи таълим мувофиқ буда, соатҳои таълимӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот аз назари равонӣ, физиологӣ ва синнусолии хонандагон мутобиқат мекунад.
Албатта, на ҳамаи мактабҳои мо дорои шароити хубанд, яъне набудани ҳоҷатхонаҳо дар ҳар қабати муассисаи таълимӣ, оби гарму хунук дар тамоми фасли сол, хонаи гигиенӣ барои духтарон, ошхонаи ҳозиразамон ва ғайраҳо ташвишовар аст.
Муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди тарбияи насли солим ва бунёди ҷомеаи солим пайваста кӯшиш намуда, барои солиму бардам ба воя расидани онҳо дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ тамоми тадбирҳоро меандешад.

Ш. Ёрмуҳаммадзода,
директори Маркази ҷумҳуриявии
таълимию методии назди Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2016    №: 166    Мутолиа карданд: 5239

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед