logo

фарҳанг

«РАХМИМ». БОЗЁФТЕ, КИ ТАЪРИХИ БЕШ АЗ 100 - СОЛА ДОРАД

Дар натиҷаи азназаргузаронии (инвентаризатсияи) захираи фонди бойгонии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»  ду бастаи рӯзномае пайдо шуд, ки бо хати нофаҳмо интишор шуда, бо забони русӣ «Рахмим» ишора дошт.

Маълум гардид, ки он нашрияи яҳудиёни Осиёи Миёна будааст. Ҳарчанд дар бораи бо алифбои яҳудӣ интишор шудани нашрия дар Осиёи Миёна қаблан хабар доштем, аммо бо дидани рӯзномаи яҳудии «Рахмим» (мумкин талаффузаш бо забони яҳудӣ дигар бошад) дар шигифт афтодем. Дарёфти ду бастаи рӯзномаи «Рахмим» дар ҳолати хеле хуб барои мо як ҳодисаи ғайричашмдошт намуд. Бастаи аввал солҳои 1910 – 1916 - ро фаро гирифта, аз 242 (256) шумора иборат аст. Бастаи дуюм танҳо солҳои 1911 - 1912 - ро дар бар гирифта, нисбат ба ҳамин солҳои бастаи аввал аз шумораҳои пурраи рӯзнома дар ҳаҷми 154 (149) адад таркиб ёфтааст. 
Дар бойгонии ин муассиса аксар рӯзномаҳои ватанӣ ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзу нигоҳдорӣ мегарданд ва имконияти ба он ворид намудани рӯзномаи ғайр умуман вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, тахмин кардан мумкин аст, ки дар солҳои аввали истиқлолият ҳангоми кӯч бастани яҳудиёни Тоҷикистон, кадом як инсони дурандеши дилсӯзи фарҳанг барои нобуд нашудани бастаи рӯзномаи бо ҳуруфоти яҳудӣ (ивритӣ) онро ба муассисаи мазкур, ки номи «Палатаи китобҳо» - ро дошт, барои ҳифзу баҳрабардорӣ ба наслҳои оянда интиқол дода бошад. Ин тахмини моро набудани  ҳуҷҷат доир ба вуруд ва ё мавҷудияти бастаҳои ин нашрия ва дар ягон феҳрист ва нашрияи ҷорию тарҷеии «Агентии миллии Созмони байналмилалии  рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» сабт нашудани он, асос мебахшад.
Аз тарафи дигар, қадимтарин маводи чопии ин бойгонӣ - китобҳо ба соли 1922 ва рӯзномаҳо ба соли 1924 рост меояд. Аммо бастаҳои пайдошудаи нашрияи «Рахмим»  солҳои 1910 – 1916 - ро фаро мегирад. Бо дарёфти ин ду баста таърихи маҳфузии маводи ин муассиса аз соли 1922 ба соли 1910 фаромад,  ки  воқеаи ғайричашмдошт аст.
Хондани мазмуну муҳтавои рӯзнома бароямон муяссар нагашт, зеро тавре ишора шуд, он бо ҳуруфи яҳудӣ чоп шудааст. Аммо баъзе аз ходимони илмӣ тахмин мекунанд, ки мазмун бояд тоҷикӣ бошад, чунки яҳудиёни Самарқанд, Бухоро ва Фарғона аксаран бо забони тоҷикӣ муошират менамуданд. «Рахмим» мисли дигар нашрияҳои маҳаллии ибтидои садаи ХХ баъзе эълону рекламаҳояшро бо забони русӣ чоп намудааст. Маҳз бо ду ҳуруф: яҳудӣ ва кириллӣ чоп намудани эълонҳо ба мо имкон дод, ки дар бораи он таассурот пайдо кунем.
Рӯзнома формати А-3, андозаи 35 сантиметр бар ва 49 сантиметр  баландиро дошта, дар ҳаҷми як, якуним ва ду саҳифа, дар чор сутун, рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа интишор шудааст. Муассис ва муҳаррир Р. Д Давидбоев будааст. «Рахмим» ороиши маъмулӣ дошта, аксари шумораҳо шаклан якхелаанд. Унвони нашрия дар васат бо ҳуруфи калон ва дар болои он навиштаҷоти шиорӣ ҷой дода шудааст.
Нашрия дар Идораи чопхонаи вилоятии Фарғона, шаҳри Скобелев (Қӯқанд) солҳои 1910 – 1916 ба табъ мерасидааст. Идораи рӯзнома дар нишонии вилояти Фарғона, шаҳри Скобелев, кӯчаи Садовая, ҳавлии шахсии Р. Д. Давидбоев қарор доштааст. Рӯзнома бо сифати хуби полиграфӣ аз чоп баромадааст. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки аз се навъи коғаз: сафеди оҳарӣ, сафеди зардваш ва дар як барориш (шумораи № 47 соли 1915) коғази сурхи нилгун истифода шудааст.
Нашри нахустини «Рахмим» аз 14 - уми майи соли 1910 оғоз гардида, минбаъд ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ба табъ расидааст. Баъзан зери таъсири воқеаҳои гуногун дар як ҳафта ва ё дар як моҳ як маротиба интишор шудааст.
 Бастаи дуюм  аз шумораи №1, 4 - уми январ соли 1911 оғоз гардида, то № 82, 30 - юми декабр хотима меёбад. Соли 1912 аз шумораи № 1, 9 - уми март оғоз гардида ва бо шумораи № 72, 28 - уми декабр хотима меёбад ва дар маҷмӯъ 154 шумораи рӯзномаро ташкил медиҳад.
Ҷои зикр аст, ки бастаи аввал аз ҷониби маҳфузони он қисман таъмир (реставратсия) карда шудааст ва бо таассуф метавон қайд намуд, ки ин баста нигарони таъмири (реставратсияи) оҷил мебошад. Бастаи дуюм, ки нисбатан беҳтар ҳифз шуда, тамоми шумораҳои нашрия дар ҳолати хуб қарор доранд.
Маводи нашрияро ба ғайр аз нигоштаҳои публитсистӣ, ҳамчунин  ҷадвалҳо, нақшаҳо, маълумоти оморӣ ва амсоли он ташкил медиҳад. Инчунин, барои хонандагон оид ба нақшаи хатсайри роҳи оҳан, бо нишондоди вақт ва маблағи чипта (билет) маълумотҳо пешниҳод гардидааст. Дар рӯзнома чопи эълонҳо (реклама) аз рӯзномаҳои дигар, марказҳои савдою бонкҳо, молу ашё, атриёт, ҷашнномаҳо ва ғайра  маъмул будаст, ки қариб дар ҳар шумора, одатан дар саҳифаи охир ҷой дода шудааст.
Аз дар аксари шумораҳои нашрия ҷой додани эълонҳо амсоли «Банк Л. В. Ландау и К°», «Торговый дом Л. и Э. Метцль и К°», инчунин маҳсулоти маишӣ, қандилҳо, атриёт, равғанҳои (кремҳои) молиданӣ «Крем Казими», собун  тахмин кардан мумкин аст, ки нашрия аз чопи эълону рекламаҳо манфиати молӣ мегирифтааст.
Табиист, ки рӯзномаи «Рахмим» дар баробари фаро гирифтани раванди воқеаҳои иҷтимоии ибтидои садаи ХХ, ҳаёти иҷтимоию фарҳангии мардуми Осиёи Миёна, бавижа яҳудиёни ин сарзаминро мунъакис намудааст. Аз ин рӯ, омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз ин нашрия метавонад ба воқеаҳо ва санаҳои нисбатан нокушодаи ин марҳилаи инкишофи таърихи муосири мардуми Осиёи Миёна, хоса тоҷикон равшанӣ андозад. 

Мурод МУРОДОВ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2016    №: 166    Мутолиа карданд: 1799

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед