logo

иқтисод

ПОЙТАХТ ПОЛИЗӢ ФАРОВОНУ НАРХ ГАРОН, ЧАРО?

Хурсандибахш аст, вақте  Вазорати кишоварзӣ иттилоъ медиҳад, ки имсол  хоҷагидорон пурмаҳсул заҳмат кашида,  724756 тонна ғалладона, 139385 тонна картошка, 502411 тонна сабзавот ва 276242 тонна  полизӣ   ҷамъоварӣ  намуданд,  ки  нисбат ба соли гузашта  мутаносибан аз 2,8 то 30 дарсад зиёд мебошад. Ин ҳамчунин маъно дорад, ки баҳри фаровонҳосилӣ  кишоварзони мо ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, самари дилхоҳ ба даст овардаанд. Вале саволи матраҳ ин аст, ки чунин натиҷа чӣ таъсире дар нарху навои бозорҳоямон гузоштааст? Оё соҳиббозорҳо ва дигар шахсони масъуламон низ дар ғами арзонии дастранҷи деҳқон ва фаровонии дастархони истеъмолгарон ҳастанд ё хайр?

- Дар бозори «Султони кабир» - и ноҳияи Восеъ нархи  тарбуз 3 - 5 сомонӣ аст, нархи харбуза каме  бештар аз ин. Имсол хоҷагидорон манфиати хуб диданд. Фикр мекунам, мардум ва меҳмонони ноҳия низ аз баракати дасти эшон баҳра бардоштанд. Дигар навъҳои маҳсулоти полизӣ низ дар бозори ноҳия фаровон ва арзон аст, - гуфт дар суҳбат бо  мо Зафар Акрамов,  сокини ноҳияи Восеъ.
Ба андешаи Холназар Касиров, сокини  ноҳияи Данғара, дар ин ноҳия низ маҳсулоти полизӣ нисбат ба навоҳии гирду атроф арзонтар аст. Чун аксар навъҳои он истеҳсоли хоҷагиҳои худист, барои харидор бо нархи дастрас пешниҳод мегардад.
Вале сокинони пойтахт дар ин бора андешаи дигар доранд, балки чун солҳои қаблӣ аз нархҳои баланди тарбузу харбуза  шиква мекунанд. Аммо сокинони пойтахт дар ҳавои тоқатфарсои  тобистон  ҳам на ҳама вақт    тарбузу харбуза  мехаранд. Бо вуҷуди фаровонии тарбуз нархи он  дар бозорҳои пойтахт поён нарафтааст.
- Чун ҳавои тобистони имсола ниҳоят гарм омад, талабот ба маҳсулоти полизӣ  хеле зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин, нархи маҳсулоти полизӣ, бахусус тарбузу харбуза ва помидор, майли поён рафтан надорад. Фикр мекунам, имсол  болоравии нархи помидор бесобиқа аст,- изҳор дошт Мавзуна Аҳмадова, сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт.
Воқеан, мушоҳидаҳо нишон доданд, ки имрӯз дар бозорҳои пойтахт  нархи тарбуз то 20 сомонист.  Ин ҳам дар ҳолест, ки он  дар ҳавои гарм дурудароз  намепояд.  Бино ба назари шоҳидони ҳол сабаби асосии гаронии нархи тарбузу харбуза ва помидор дар бозорҳои  пойтахт ҳаннотоне мебошанд,  ки  борро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ арзон  мехаранду  дучанд ба фурӯш мегузоранд.
Пас, агар ихтиёри бозорҳоямон дар дасти чанд тан аз чунин ҳаннотон бошад, масъулини маошхӯри мо чӣ масъулияте бар дӯш доранд?
Дар пеш иди Қурбон аст ва кӣ медонад, ки нархи анвои ниёзи аввал то куҷо дакка мехӯрад. Магар вақти он нарасидааст, ки «Тоҷикматлубот» ҳамчун сохтори бевосита вобаста аз нақши худ рӯшантар дарак диҳад. Ё боз ҳам омода шавем, ки «Бозор бардорад, зам кун…» ?
Иронбӣ МӮСОЗОДА,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2016    №: 166    Мутолиа карданд: 1493

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед