logo

иҷтимоиёт

ДАР КОМИССИЯ НАМОЯНДАИ ХАДАМОТ НАБУД:

(Посух ба мақолаи «Кӯлоб. Нуқтаҳои сӯзишворӣ ё хатари нуҳуфта?»)
Хадамоти  назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Кӯлоб нуқтаҳои сӯзишворӣ ё хатари нуҳуфта?»-ро, ки 19 июли соли 2016 № 139 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардида буд, мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар нуқтаҳои фурӯши гази моеи корхонаҳои ҶДММ «Кӯлобнафтрасон» (роҳбараш А. Одинаев), ҶДММ «Муҳаммадҷон 2007» (роҳбараш Ҷ. Атеков), ҶДММ «Муҳаммадҷон 2008» (роҳбараш Г. Нозимов) назорати техникӣ гузаронда шуд. Ҳангоми гузарондани назорати техникӣ  маълум гардид, ки нуқтаҳои сӯзишвории гази моеи дар боло зикргардида дар асоси қарори раиси шаҳри Кӯлоб, пешниҳоди кумитаи заминсозии минтақа, бо ризоияти хулосаҳои меъморӣ, Хадамоти оташнишонии ВКД, ҶСШК «Кӯлобгаз», бахши экологии шаҳри Кӯлоб ва санади интихоби замин барои сохтмон ва истифодаи нуқтаҳои сӯзишвориҳо, ки аз тарафи комиссияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба имзо расонда шудааст, бунёд ёфтаанд.
Мутаассифона, ба ин комиссия намояндагони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда нашудаанд.
Ҳамзамон, аз тарафи корхонаҳо пеш аз сохтмони иншоот бо тарзи хаттӣ ба хадамот оид ба оғози сохтмон хабар дода нашудааст, ки ин хилофи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» ва бандҳои 2.2.8, 2.2.9, 2.2.10, 2.2.11- и «Қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагии газ» ва меъёрҳои сохтмонӣ буда, омили пайдо шудани камбудиҳо дар нуқтаҳои сӯзишворӣ гардидааст.
Дар рафти гузарондани назорати техникӣ корхонаҳои дар боло зикргардида аз тарафи нозироти хадамот оид ба қоидавайронкуниҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, шахсони мутасаддӣ ҷарима шуданд. Иҷрои бандҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зери назорати қатъӣ гирифта, камбудиҳо ислоҳ мешаванд.

Раҳим Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2016    №: 166    Мутолиа карданд: 514

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед